29 Май 2014
Давоми як ҳафта муассисаи давлатии чароғонкунии шаҳри Хуҷанд 1500 дона фурӯзонакҳои зинапояи маҷмаи фаввораҳои пайкараи И Сомониро аз назар гузаронида, қисмати асосии онро иваз намуданд. Мутахассисон барои ба ҳолати мукаммали корӣ овардани таҷҳизоти идоракунии чароғакҳои ороишии фавора, корҳои васлу таъмирро ба сомон расонданд. Хамчунин дар майдони ба номи К Хуҷандӣ, «Ситораҳои Хуҷанд» майдони Қасри Ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ, воситаҳои равшандиҳанда тозаю рангубор карда шуда, зиёда аз 100 дона фурӯзонакҳои ороишӣ ва равшанидиҳӣ таъмиру аз нав карда шуданд.