(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли равон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, итилоъ дод, ки дар кори ҷаласа сардори шуъбаи хизматрасонии модару кӯдаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини аввали Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, бозорҳои шаҳр, ширкатҳои хусусии тиббӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлати шаҳр, ва дигар фаъолон ҳузур доранд.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Асрор Шарифзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2020 иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида, ҷиҳати рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. Маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, ки ҳамчун пешбарандаи намунавии тамоми арзишҳо, дар самти суботи ҳамзамони ҳадафҳои стратегии кишвар ва корҳои созандагӣ дар маркази диққати ҳамарўза қарор дошта, аз натиҷаи нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии он некўаҳволӣ ва сатҳи иҷтимоии сокинон вобастагии рўзафзун дорад. Ҳамзамон, тазаккур дода мешавад, ки дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон бемории сироятии коронавирус «Covid - 19» ба ба сокинони шаҳри Хуҷанд низ таъсири хавфноки худро расонида истода, дар як вақт вазъи иқтисодию иҷтимоиро коста гардонида истодааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давраи ҳассос кўмаки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати ҳамарўзаи Раиси вилояти Суғд хело назаррас буда, он барои пешгирии саривақтии сироятшавии сокинон ва табобат аз ин беморӣ хеле муҳим ва зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт аз ҷониби кормандони соҳаи тиб ва дигар сохторҳои марбута бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва кўмакҳои расонидашуда, чораҳои саривақтию таъхирнопазир андешида, дар натиҷа имрўзҳо шиддати сироятшавӣ аз ин беморӣ рў ба коҳиш овардааст.

Таъкид шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин марҳилаи ҳассос ба рўҳафтодагӣ роҳ надода, бо нангу номус ва ҳисси ватандўстӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани масъалаҳои ҳалталаби зарурӣ вобаста ба омода намудани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баҳри пешгирии касалии сироятӣ, таъминоти муассисаҳои табобатӣ бо маводҳои зарурии муҳофизатию доруворӣ, безараргардонии мавзеъҳои шаҳр, таъминоти мунтазам бо озуқаворӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни аҳолӣ ҷиҳати худмуҳофизатӣ аз сироятёбӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо сарҷамъона ҳиссаи босазо гузоштанд. Сарфи назар аз мушкилиҳои пешомада, саноатчиёни шаҳр бо дарки масъулият фаъолияти бомароми коргоҳҳои худро ба роҳ монда, барои коҳиш наёфтани нишондиҳандаҳои ин соҳа, ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Дар натиҷа, мувофиқи нишондиҳандаҳои нимсолаи оморӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 552,2 миллион сомонӣ расидааст.

Зикр гардид, ки қисми таркибии ин нишондиҳанда аз ҷумла, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 253,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, он нисбатан 28,7 фоиз зиёд ва корхонаҳои хизматрасонии соҳаи саноат 103,2 млн. сомонӣ, ё 21,7 фоиз зиёд шудааст. Мувофиқи баҳисобгирии оморӣ дар қисмати ҷамъбасти тадқиқотии ин соҳа 195,5 млн. сомониро ташкил менамояд.

Дар ин давра аз тарафи 17 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 125,7 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 22,8 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин аз ҷониби 63 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 202,7 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 53,4 млн. сомонӣ ё 35,8 фоиз зиёд мебошад. Дар корхонаҳои шаҳр ҳаҷми 36 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи паҳншавии касалии сироятӣ баҳри таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ фавран аз ҷониби 13 корхонаҳои саноатӣ ба монанди: ҶДММ “Ҷавонӣ”, “САТН”, “Сано”, “Зиннат”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Текстил и Ко”, “Олимхони Хуҷандӣ”, “Сирдарё”, “Чои Шифо”, “ММК”, “Давои Сино 70”, “Сайхун” ва “Қолинҳои Сомон” зиёда аз 4,2 млн. дона ниқобҳо, либоси махсуси тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ ба маблағи 37,8 млн. сомонӣ истеҳсол карда шуд, ки қаблан онҳо аз хориҷи кишвар ворид мегардиданд.

Асрор Шарифзода гуфт, ки имрўз шаҳри Хуҷанд бо 28 мамолики дуру наздик ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 119,4 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла воридот 102,4 миллион доллари амрикоӣ ва содирот 17,0 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд. Бо мақсади таъмини рушди итисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 8,0 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 6,3 миллион доллари амрикоӣ ва 1,7 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Сипас доир ба раванди амалишавии лоиҳаҳои инвеститсионии “Оид ба беҳтар намудани вазъи оби нўшокии шаҳри Хуҷанд”, “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” директори генералии КВДК “Хуҷандобуканал Носир Ғафурзда ва сардори КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ” Ҳайдар Эшонқулов ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни кори ҷаласа ҳамзамон муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва Аюб Раҳматзода роҷеъ ба тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии нави короновирус ва иҷрои нақша-чорабиниҳои корҳои бунёдкорӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ахборот доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳр давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар асоси 88 банди нақшаи чорабинӣ корҳо амалӣ шуда, 4 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 адад расадхона, 2 маркази хизматрасонӣ, 1 хатти обрасонӣ, 4 бинои истиқоматии баландошёна ва 74 нуқтаи савдо ба маблағи зиёда аз 121 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ин замина 322 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 781 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 7220 метр ноқилу симҳои барқӣ насб карда шуда, 43 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 47 адад даромадгоҳҳо ва 6 адад лифтҳо, 4107,0 м2 боми биноҳо ва 1769 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни пурсиш аз фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр, ки уҳдадории хешро иҷро накардаанд, доир ба корандозии иқтидорҳои мавҷуда ва ба роҳ мондани шаффофияти фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон аз дигар роҳбарону сохторҳои шаҳрдорӣ доир ба камбудиву мушкилоти ба миёномада пурсиш ва вазифагузорӣ карда шуд.

Сипас сардори шуъбаи хизматрасонии модару кӯдаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ доир ба фаъолияти гуногунҷабҳаи хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд андешаҳои хешро баён доштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузорӣ ва муайян намудани самти фаъолият дар нимсолаи дуюм ба кори ҷаласаи фаъолони шаҳр ҳусни анҷом бахшид. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар соли ҷорӣ кулли сокинон бо руҳияи баланд ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро баҳри бартараф намудани муаммоҳои марҳилаи ҳассос, бо масъулияти шаҳрвандӣ саҳми босазо мегузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...