(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!

Рўзи байналналмилалии оиларо ба Шумо ва кулли сокинони шаҳр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, бароятон рўзгори ободу осуда ва устувории бинои оиларо таманно менамоям.

Бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд. Оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад. Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси ишқи пок ва садоқату вафодорӣ устувор аст. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову мадоро мавқеи муҳим дорад.

Мақоми оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хоса дошт.

Мо тоҷикон соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошем, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дар бар мегирад, ки риояи он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Бидуни оилаҳои мустаҳкаму муқтадир ҷомеаи беолоиш вуҷуд дошта наметавонад. Дар навбати худ, оилаҳои ба мисоли садди искандарӣ пойдору нерўмандро фақат наслҳои рустамсифати филтан ва ба сони Гурдофарид соҳибҷамолу таҳамтан созмон доданашон мумкин асту бас. Оре, аз падару модарон ва тифлакони зебою солеҳи эшон солимии оила таъмин мешавад ва мутаносибан аз оилаҳои комгору саодатманд иморати ҷомеаи мутамаддин қомат меафрозад. Ин нуктаи муҳимро мактаби бузурги зиндагӣ собит кардааст!».

Воқеан ҳам, таъмини солимии се сарҳалқаи бунёдии рўзгори башарӣ - Инсон, Оила ва Ҷомеа амри иҷропазир аст.

Гиромидошти оилаи муосир, ин рў овардан ба фарҳанги аҷдодӣ ва асолати миллӣ буда, моро ба суннатҳои халқи куҳан мепайвандад, то ки ба ташаккули ҳар оилаи ҷавон эътибори ҷиддӣ диҳем, бунёди онро мустаҳкам намоем ва ба дунёи пурасрори рўзгордорӣ бо тафаккури нав ворид гардем.

Оила гурўҳи хурди ҷамъиятист, ки бо никоҳи қонунӣ асос ёфта, аъзои онро ҳамхунию хешутаборӣ, умумияти ирқию нажодӣ, меҳнат барои зист, беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва масъулияти муносибати неки байниҳамӣ пайванд сохта, ҳамчун қисми муҳими таркиби иҷтимоии ҷомеа ва воситаи иҷрои вазифаҳои муайян дар инкишофи ҳаёти ҷамъият нақши муҳим мебозад.

Дар Машриқзамин мард такягоҳи оила буд, зан ва фарзандонашро аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифз менамуд. Зан ҳамчун ҳамсари вафодор ҳаматарафа мардро дастгирӣ намуда, дар оила асосан ба тарбияи фарзанд машғул мешуд.

Инсон, оила ва ҷамъият – ин се маҳфуми муҳимтарин рукнҳои фалсафаи ҳаётанд. Ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ – ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст, чунки маҳз дар оила фарзанд аввалин маротиба мафҳум-ҳои Ватан, озодӣ, падар, модар, дин, дўст доштан, асолати мард ва занро дарк менамояд.

Давлат ва ҷамъият аз оилаҳои устувори маърифатнок, соҳибкасб, ихтисосманд, ҷаҳондида ва ҳамаҷиҳата баркамол ташаккул ёфта, манфиати бештар мегирад.

Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар оила ба фарзандон тарбияи дуруст дода, ҷомеаро қаноатманд намояд, албатта давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегардад.

Оила рукни муҳими давлатдорӣ буда, давлат ҳамаҷониба ба устувории оила, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигарӣ, ҳисси масъулияти баробарии аъзои оила, ташаккул ва таъмин намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо, махсусан кўдак манфиатдор мебошад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба фаъолияти занону ҷавонон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид шудааст: «Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерўи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».

Принсипи инсондўстӣ ва ятимпарварии Сарвари кишвар аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои мустаҳкамии оила кўшиш намуда, онро ҳамчун масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намоянд.

Оила масъулияти муқаддасу масъулиятнокро дар рушд ва тарбияи сарвати инсонӣ ба ўҳда дорад. Маконест, ки дар он арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар мегузарад. Кўдак бо табиати пок ба дунё меояд ва ўро оила андар қолаб мегардонад.

Мусаллам аст, ки меваи оилаи солим насли солим мебошад. Баҳри кўдак оила макони асосии вуруд ба фарҳангу тамаддун, одобу суннатҳои миллӣ боқӣ мемонад. Кўдак мисли сафҳаи тозаест, ки дар он чизе зикр нашудааст. Оила аст, ки дар он сифатҳои хуби инсониро мунъакас менамояд, шахсияти кўдакро такмил медиҳад ва зиндагии ояндаи ўро мушаххас ва муайян менамояд.

Ҳадафи оила пеш аз ҳама, тарбияи дуруст ва эҷоди рафтори мусбату созанда дар ниҳоди кўдакон аст.

Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҷойгир намоем.

Тавре ҳамагон огаҳӣ доранд, имрўз тамоми ҷаҳонро аз ҷумла кишвари азизамонро пандемияи ҳамагири «Ковид-19» фаро гирифтааст. Дар ин рўзҳои ба сари мардуми тоҷик омада, суннатҳои оиладории мо бори дигар собит сохт, ки дар якҷоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мо метавонем аз ин вабои аср эмин бимонем. Имрўз вазъияти ба амаломада аз ҳар як аъзои оила тақозо мекунад, ки ба ваҳму воҳима дода нашуда, бо риояи қатъии гигинеаи шахсӣ амал намояд. Махсусан кўдаконро, ки имрўз ба таътили тобистона фаро гирифта шудаанд, ба хондани китоб ва омўхтани касбу ҳунар бояд мо ҷалб намоем ва бидуни зарурат барои ба кўча набаромадани ҳар як аъзои оила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.

Он рўз дур нест, ки аз ин вабои аср кишвари азизамон, аз ҷумла тамоми ҷомеаи башарӣ озод гардида, ба зиндагии муқаррарии худ хоҳем расид.

Бигзор, Рўзи байналмилалии оила ба солимии оилаҳо, рушду нумўъ, таҳкиму пойдории оила мусоидат намояду давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму некбахт бошанд!

Ҳамеша сарбаланду некном бимонед!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...