18 Май 2014

Субҳи имрӯз аз назди маҷмаи ҳавзи шиноварии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хучанд Раҷаббой Аҳмадзода дар якҷоягии зиёда аз 12 ҳазор сокинону меҳмонони маркази вилоят, кормандони корхонаю ташкилотҳои мухталиф «Рӯзи Дави миллӣ»-ро оғоз бахшиданд. Масофаи умумӣ барои давидан наздик 6 километрро ташкил дода, барои ҷавонон, духтарон ва наврасон натиҷаҳои алоҳида муқаррар гардиданд.
Байни ҷавонон Хоҷаи Ёқубзод, Бобоҷони Пулод ва Давлатшоҳ Ёдиев ҷойҳои ифтихориро соҳиб гашта, байни духтарон бошад М. Мирзохӯҷаева, М. Мирзоева, Н. Ҷӯраева комёб гаштанд. Натиҷаҳои беҳтаринро бошад байни наврасон Я. Загирова, С. Осимова ва С Убайдуллоев соҳиб гаштанд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматулло кулли иштирокдоронро барои саҳмашон дар тарғиби ҳаёти солим арзи сипос намуда, онҳоро бо рӯзҳои ҷавонон табрик намуд.