(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз 26 ноябри соли 2019, №1650 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №639 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» дар семоҳаи якуми соли 2020 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 46401,5 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша амалан маблағи 46634,4 ҳазор сомонӣ ва ё 100,5 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша ба маблағи 232,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 1360,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 103,0 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз даромад ва андоз аз арзиши иловашуда, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 1439,6 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 99420,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши амалии он ба маблағи 96906,3 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 2513,7 ҳазор сомонӣ кам ва ё 97,5 фоизро ташкил медиҳад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ маблағи 913,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 101,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда 3 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз даромад, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети умумӣ 5989,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 парели соли 2020 маблағи 22160,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 3737,1 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи якуми соли 2020 бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 45526,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он маблағи 45482,7 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 99,9 фоизро ташкил намуд.

Дар давоми семоҳаи якуми соли 2020 барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 34014,2 ҳазор сомонӣ ва ё 74,8 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 24293,7 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 53,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда аз ин ҳисоб қарздориҳо ҷой надорад.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 барои сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд 12761,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷет равона карда шуданд, ки ин 100,0 фоизи иҷрои нақша мебошад.

Дар соли 2020 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии шаҳр барои 35838 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр маблағи 38445,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои семоҳаи якуми соли ҷорӣ 9610,6 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 9595,0 ҳазор сомонӣ ва ё 99,8 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати омўзгорон якҷоя бо андози иҷтимоӣ 8761,2 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 91,3 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои таълимии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар ин давра мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ шаҳр барои 8593 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр маблағи 16140,7 ҳазор сомонӣ пешбини карда шуда, аз ҷумла барои семоҳаи якуми соли ҷорӣ 3704,4 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 3635,9 ҳазор сомонӣ ва ё 98,1 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати мураббиён якҷоя бо андози иҷтимоӣ 3292,7 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 90,6 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 аз буҷети шаҳр 17 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба маблағи 9406,4 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, ин 99,8 фоизи нақша мебошад. Аз ин ҳисоб барои пардохти музди меҳнат якҷоя бо маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр 8684,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 232,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 20 фоиз аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшуда ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт» маблағи 46,6 ҳазор сомонӣ ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшуда ба истиснои 20 фоиз ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт», 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 9,3 ҳазор сомонӣ ҳисоб гардида, ба фондҳои дахлдор пурра пардохт карда шуданд.

Инчунин, мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар семоҳаи 1-уми соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 10,1 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардид.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 барои рушду нумўъ ва тараққиёти соҳаҳои мухталифи шаҳр дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр маблағи 324,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи «Ҳокимият ва идоракунии давлатӣ» маблағи 18,9 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ» маблағи 99,1 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» маблағи 206,0 ҳазор сомонӣ равона карда шуданд.

Ҳамзамон, дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, кўдакони синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо ва бо мақсади таъмини хуни бехатарии донорӣ аз ҳисоби маблағҳои барои ҳифзи саломатии оммаи шаҳр пешбинишуда дар семоҳаи якуми соли 2020 ба Муассисаҳои давлатии «Маркази саломатӣ»-и шаҳрӣ ва беморхонаҳои шаҳрӣ 19,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, сари вақт маблағгузори карда шуданд.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 ба 47 нафар шаҳрвандони ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баробаркардашуда, маъюбони ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар, ҳамсарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 4140 сомонӣ, ба 17 нафар шахсоне, ки барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 1200 сомонӣ, ба 25 нафар маъюбони бартарафкунии оқибати садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 1875 сомонӣ ва ба 14 нафар маъюбони Артиши Шўравӣ ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 1260 сомонӣ иловапулиҳо ба нафақа пардохта шуданд.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд иловапулӣ ба 57 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди вилоят маблағи 20097 сомонӣ пардохт карда шуд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2020 ҷиҳати барқарорсозии саломатии иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 231796 сомони пешбини карда шуда, иҷроиши он 231680 сомониро ташкил дод.

Бояд кайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли 2020 барои дастгирии табақаҳои алоҳидаи ниёзманди шаҳр, аз ҷумла дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр барои расонидани кўмаки яквақтаинаи моддӣ ба 3 нафар шаҳрвандони камбизоат барои дафнпулӣ маблағи 3420 сомонӣ ва барои расонидани кӯмаки моддии яквақта ба 10 нафар шаҳрвандони камбизоат маблағи 10000 сомонӣ, ҷудо ва пардохт карда шуданд.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...