(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар сомонаҳои интернетӣ як қадар маълумотҳои илмӣ, амалӣ ва назариявӣ дар бораи ташхис, пешгирӣ, табобати коронавирус ва эпизоото – эпидемиологияи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷа пешниҳод намуда будем ва мехостам ин навбат бо тафсири ин мақола шаҳрвандонро шинос созам.

Хурсандиовар аст, ки аксарияти шаҳрвандон бо ин мақола шинос шудаанд, ба моҳият ва зарурияти пешниҳодҳои ирсолгардида ва аҳамияти он изҳори қаноатмандӣ доранд.

Бояд зикр намуд, ки на ҳар як шахс имрӯз ҳамаи сироятҳо ва алалхусус, сирояти вирусиро медонад. Дар ин асос бо истифода аз надонистани маърифати сироятшиносии шаҳрвандони курраи замин ва дигар ҳолатҳо баъзе аз хадамотҳо ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷа мардумонро бо ҳар хел наворҳо ва гуфтаҳои беасос нисбати коронавирус ба ваҳму воҳима ва иғво андохта истодаанд.

Коронавирус садҳо, ҳазорҳо ва миллионҳо сол дар курраи замин буд ва мемонад.

Дар кадом давлате, ки ташхиси ин вирус ба таври лозима ба роҳ монда шавад, коронавирус дарёфт карда мешавад. Коронавирус чи хеле ки қайд намуда будем, бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот ба ҳисоб меравад ва дар байни тамоми ҳайвонот (чорвои калон ва хурд, саг, гурба, хук, моҳӣ, наҳанг ва ғайра), аксарияти паррандаҳо аз ҷумла, кӯршапарак( мушҳои парон) ба қайд гирифта шудааст.

Чӣ тавре ки дар мақолаи қаблиамон оиди эпизоотия, панзоотия, эпидемия ва пандемияи ин беморӣ қайд намуда будем, сабаби асосии бо пандемияи коронавирус ба ваҳму воҳима андохтани мардуми курраи замин, ин пеш аз ҳама ба таври лозима ба роҳ монда нашудани ташхиси ин беморӣ ё вирускашонии (вирусоносительство) одамон ва дар ин асос мавҷуд набудани омӯзиши эпидемияи ин беморӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин гуфтаҳо ва мавҷуд будани баъзе ахборотҳо дар зардоби хуни одамон мавҷудияти подтанҳо (антитело) муқобили коронавирус муқаррар карда мешавад ва тасдиқ шудааст, гӯён нишон дода будем. Бо истифода аз ин ҳолат, яъне мавҷуд набудани омӯзиши эпидемиологияи паҳншавии коронавируси одам (ташхиси серологии хун ба подтанҳо), баъзе аз сиёсатмадорон, хадамотҳои марказии таҳқиқи баъзе давлатҳои хориҷа ҳар як ҳолатҳои пайдо шудани ҳарорати баланди одам бо илтиҳоби шушро ҳамчун беморӣ аз коронавирус ва фавт аз коронавирус арзёбӣ карда истодаанд. Дар асл бошад, сабабҳои(этиологияи) бемориҳои респираторӣ (роҳи нафас) хело бисёранд: грипп(зуком), ОРВ, парагрипп, риновирус, боковирус, метопневмовирус, аденовирус, бемориҳои барангезандаашон микробҳо аз ҷумла пневмококкҳо ва ғайра, ки сабабгори илтиҳоби шуш ва фавти одам шуда метавонанд.

Бинобар ин, дар мақолаи қаблӣ нишон дода шуда буд, ки ҳангоми ҷараёни бадсифати беморӣ, ки бо микрофлораи дигар мураккаб гардидааст, ҳолати коматозӣ сар шавад, фавт ба амал меояд. Микрофлораи дигар бошад, ин микробҳо, алалхусус микробҳои роҳи нафас, аз ҷумлаи пневмококкҳо ва ғайра мебошанд. Дар ин асос истифодабарии антибиотикҳо барои нобут кардани микрофлораи сониявӣ ҳамчун табобати комплексӣ тавсия дода шуда буд. Чӣ тавре ки қаблан қайд карда будем, коронавирус бештар дар давраи зимистону баҳор ба қайд гирифта мешавад, ки сабаби ин аз ҳама пеш дар ҳамин давра паст шудани масуниятнокии одамону ҳайвонот ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосии пешниҳоди мақола ба сомонаҳои интернетӣ ва нашрияҳои даврӣ аз он иборат буд, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва алалхусус эпидемиологҳо ин мақоларо ҳаматарафа мутолиа кунанд, хулосаи даркорӣ бароранд ва дар асоси ин хулосаҳо минбаъд корбарӣ намуда, дар байни мардум он ваҳму воҳимае, ки нисбати ин беморӣ пайдо шудааст, беасосии онро бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монанд.

Дар байни мардум пурзӯр кардани ташфиқоти гигиенаи шахсӣ ва риоя кардани қоидаҳои санитарӣ(беҳдоштӣ) дуруст аст, локин ин қоидаҳо барои тамоми бемориҳои сироятӣ умумӣ буда, ин корҳо мебоист мунтазам гузаронида шаванд.

Пӯшидани ниқоб низ тартиб ва меъёрҳои худашро дорад. Ниқоб шахсро аз вирусҳо ба пуррагӣ муҳофизат намекунад. Вирусҳо ин организмҳои майдатарин ба ҳисоб рафта, ҳатто аз филтрҳои барои бактерияҳо муқарраршуда мегузаранд. Ниқоб бошад, асосан аз микробу бактериҳо муҳофизат мекунад, бинобар ин духтурон пӯшидани ниқобро асосан барои беморон тавсия медиҳанд ва ниқоб бояд ҳар 2-3 соат иваз карда шавад.

Пайдоиши беморӣ дар Ҷумҳурии ЧИН ин як мактаби омӯзишӣ барои омодагии мо барои мубориза бар муқобили бемориҳои сироятӣ буд.

Чӣ тавре ки вақт нишон дод, соҳаи тандурустӣ ба ин ҳолат омодагии ҳаматарафа надошт. Аз рӯзи аввали пайдоиши беморӣ дар Ҷумҳурии Чин мо фақат дар фурудгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои воридотӣ шаҳрвандони аз хориҷи давлат омадаро аз санҷиши ҳарорати бадан мегузаронидем ва бе ҳеҷ як карантини 14 рӯза (ҳоло ташкил шудааст) агар ҳарорати бадан надошта бошанд барои ба хона рафтан иҷозат медодем. Мо ҳатто барои шахсони дар карантин қарордошта маводҳои ташхисӣ (тест) надоштем. Чунончӣ дар мақола омада буд, ҳайвонот ва одамони сариран солим метавонанд интиқолдиҳандаи вирус бошанд ва вирусро дар давоми 3 моҳ ҷудо намоянд.

Бинобар ин, карантини 14- рӯза, ки бе ташхиси шахсони ба бемории коронавирус шубҳанок гузошта шудааст нокифоя буда, ҳамаи шахсони ба бемории коронавирус шубҳанок мувофиқи тартиби ташхиси ретроспективӣ бо истифодаи зардобҳои ҷуфти хун аз рӯи ошкорнамоии чоркаратаи афзоиши меъёри подтанҳо (антитело) дар аксуламалҳои серологӣ дар давраи карантин ба амал бароварда мешуданд.Аз ин рӯ, гузаронидани ташхиси дақиқи ҳаматарафа барои муайянкунии беморӣ ва минбаъда табобату пешгирии он роли муҳимро мебозад.

Дақиқии ташхис ин аллакай кафолати 50% табобат мебошад.

Бо ин мақсад дар мақола якчанд усулҳои ташхиси коронавирус оварда шуда буданд, ки соҳаи тандурустӣ минбаъд аз онҳо истифода баранд ва дар ин асос табобату пешгирии ин бемориро дуруст ба роҳ монанд.

Барои бемориҳои сироятӣ ва алалхусус бемориҳои барангезандаашон вируси масъуният ва пешгирии махсус роли муҳимро мебозад. Антибиотикҳо ба вирусҳо ягон таъсири сидӣ(маҳв кардани вирус) ё статикӣ(боздоштани инкишофи вирус) намерасонанд. Бинобар инкишоф ёфтани вирусҳо дар дохили ҳуҷайраҳо истифодабарии моддаҳои кимиёвӣ барои маҳв кардани вирусҳо дар дохили ҳуҷайраи зинда ғайриимкон аст. Истифода аз ҳолатҳои эълон шудани пандемияи коронавирус, баъзе аз олимони Академияи илмҳо- шогирдони Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар сомонаҳо ва ВАО изҳор доранд, ки гӯё онҳо табобати бемории коронавируси КОVID-19-ро бо истифодаи ионҳои нуқра дарёфт карда бошанд.

Дар ҳолате ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории коронавируси КОVID-19 ба қайд гирифта нашудааст ё худ ин штамми коронавируси КОVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд нест ва мо ин рӯз қудрати парвариш ва нигоҳдории вирусҳоро дар ҳуҷайраҳои зинда надорем ва ҳатто ин штамми коронавируси КОVID-19-ро надидаем, ин изҳороти олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон оиди аз тарафи онҳо дарёфт карда шудани табобати коронавируси КОVID-19 ягон асоси кофӣ надорад.

Дар тамоми дунё имрӯз олимон ба дарёфти препаратҳои биологӣ, аз ҷумлаи ваксинаю зардобҳо, интерферонҳо барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол ва ғайрифаъоли инсон бар муқобили коронавируси КОVID-19 машғуланд. Гарчанде ки омода намудани ваксина(барои баланд бардоштани масуниятнокии фаъол) бар муқобили коронавируси КОVID-19 вақти зиёдро талаб мекунад, имрӯз зарур аст, ки барои табобат ва пешгирӣ, барои баланд бардоштани масуниятнокии ғайрифаъол он усулҳои кӯҳна (истифодабарии зардобҳои хуни одамони бемории коронавируси КОVID-19-ро аз сар гузаронида табобат ёфтаанд), ки давлатҳои пешрафта барои табобат ва пешгирии коронавирус истифода мебаранд ва натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад, ҳамчун дастурамали беҳтарини табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавируси КОVID-19 истифода барем. Бартирии ин усули табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар он аст, ки мо ташхиси саривақтӣ ва пурраи бемориҳои респиратории (роҳи нафас)-ро дар ҷои ҳодиса гузаронида наметавонем(ташхиси коронавируси КОVID-19 фақат дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, ки гирифтани натиҷаи ташхис ваҷти зиёди зарурии табобатро мегирад), ин ташхис фақат як бемории коронавирусро аз эътибор соқит мекунад ва сабаби беморӣ дигар вирусҳо ва бактерияҳо шуда метавонанд. Дар зардоби хуни ба бемории респираторӣ гирифторшуда табобатёфтаанд ба ҳамаи бемориҳои сироятии респиратории аз сар гузаронидашон подтанҳо(антитело), яъне масуниятнокӣ ба ҳамаи ин бемориҳо мавҷуд аст. Бинобар ин табобат низ мақсаднок ҳисобида мешавад. Дар ин асос зарур аст, ки соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат ва пешгирии бемории коронавируси КОVID-19 ҳар чӣ бештар хуни реконваленсентӣ, яъне плазмаи хунро аз шахсони ба беморӣ гирифтор шуда, табобатёфта, ки дар зардоби хунашон подтанҳо(антитело) бар муқобили коронавируси КОVID-19 доранд, ҷамъоварӣ ва захира намоянд.

Аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар тамоми миқёси ҷаҳон пандемияи коронавирус эълон карда шудааст. Ҳол он, ки барои эълон кардани эпидемия 5% аҳолӣ гирифтори беморӣ бошанд. Пас барои чӣ гирифтори бемории зуком (грипп) нисбат ба коронавирус садҳо маротиба зиёд ва фавти одам аз ин беморӣ низ даҳҳо, садҳо маротиба зиёд бошад ҳам, на эпидемия ва на пандемияи зуком эълон карда намешавад?

Ҳамасола аз зуком, бемории сил, саратон, илтиҳоби шуш ва ғайра даҳҳо-садҳо маротиба фавти зиёди одамон дида мешавад, ки инро нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои оморӣ тасдиқ мекунанд. Дар ҳамин асосҳо боз як бор такрор мекунем, ки он ваҳму воҳимаҳое, ки дар байни мардум оиди бемории коронавирус пайдо шудааст, асосҳои кофӣ надоранд.

Мухтор КАРИМОВ, номзади илмҳои биологӣ
устоди КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...