(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавоб ба муҳаррири сомонаи «рисолат.тҷ»

(Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ)

Санаи 02-юми апрели соли ҷорӣ сомонаи «рисолат.тҷ» (risolattj.com) адабиёт ва истилоҳи дигаргунаеро дар мақолаи «Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИТ»  дар бораи вижагиҳои ҲНИ дар таърихи муосири Тоҷикистон дастраси хонанда кардааст. Ин сомона аз ҷониби СП Ҷумҳурии исломӣ пуштибонӣ ёфта, пойгоҳи иттилоотии интернетии ҳарифони террористпарвар мебошад. Дар ин қисмати мақола кӯшиш мекунем, ки ба ин сомона ҷавоб диҳем. Ҷавоби дандоншкиан ва изҳоркунандаи тамоми хашму ғазаби миллати тоҷик. То дарк шавад, ки ин мулк бе дарвоза нест.

Сараввал гуфта шавад, ки он ҳизби исломӣ, ки пас аз «70 соли ташнагӣ» осемасар ба инқилоби мазҳабӣ даст зад, 150 ҳазор хонаводаи тоҷикро гирифтори андӯҳу кулфат кард, зеро дар асари ин муноқиша онҳо наздикони худро аз даст доданд.  Далелҳои дигар ҳам мавҷуд аст, то муҳаррири «рисолат» гумон накунад, ки ҳарфҳои ӯ ҳақиқати мутлақ ва порае аз Сарқонунанд, ки ҳатман бояд боиси пазириш бошанд ва тағйирнопазир. Бубинед, баёни хиёнати секаратаи  паймонсозии наҳзатӣ миллатро анқариб ба варта бурд. Таҳлили таърихи замони Истиклолияти давлатии тоҷикон нишон дод, ки табақаи аз пойгоҳи мардумӣ орӣ, вале барои савлату мансаб ҳарис, тақдири халқро 3 дафъа ба имтиҳон гирифт. Номи ин эчодкорони тарсу ваҳшат ва меросхӯрони хиёнат: Наҳзат ва асҳоби онҳост. Режими вопасгаро ва озодистези фақеҳони дӯкондорони динӣ дар ин лист шомил аст. Барои исботи ин чанд далел меорем:


  1. Аз аввали таъсиси ҳизб, ки бар пояи тамоюлҳои ақибравӣ асос ёфтааст, он ҳамчун боздорандаи ҳаракати ҷомеа ба пешравӣ дониста мешавад. Бо доман задан ба масъалаҳои хурду реза, аз қабили истифодаи кулӯх дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, парастиши риш,  санг андохтан ба сарулибоси  зану мард, мардумро аз дастоварди технологияи пешрафта ва касби дониш маҳрум кардааст.
  2. Пардаи асрор агар аз ҳувияти наҳзатиҳо бардорем, ҳодисаҳои ачибу ғариби маълум мешаванд. Чунончи, маълум мегардад, ки  манғитпарастии ин аслбохтагон решаҳои қавии қавмӣ ва таърихӣ дорад. Инҳо ҳама аҷнабипарастанд, мехостанд, ба анъанаҳои замони амириро эҳё кунанд. Чунончи, ошкор шудааст, ки бисёрии наҳзатиҳо аз авлоди қурбошӣ Ғаюрбек, тағобачаи амир Олимхони манғитӣ будааст, ки аз солҳои 1920 то 1930 дар атрофи шаҳри Душанбе ба қатлу куштори  кормандони давлатӣ, муаллимони замони нав ва занҳо  даст задаанд (манбаъ китоби: В горах Восточной Бухары, муаллиф Нальский).
  3. Нишонаҳои ақибмондагӣ дар ҳар шаклу сурате дар рафтори мухолифони наҳзатӣ эҳсос мешавад. Ин тарзи тафаккур пеш аз ҳама дар мафтуншавӣ ба ақоиди динӣ ва шиорпартоии подарҳаво аз қабили «қиёмат қоим шуд», «шариато завол гардид» ва ё «куффор омад» -ро гирифт» зоҳир мегардад.
  4. Ин бархӯрд ба ҳаракати садсола, ки солҳои 20-уми асри гузашта, минтақаро ба чолиш кашида буд, хеле аҷиб ба назар мерасад. Дар ин бозиҳои шайтанатӣ  муқассир боз ҳамон охунди Қасамдарагӣ мебошад, ки номаш дар «рисолат.тҷ» ҳамчун фариштаи «Моҳи хосса» оварда шудааст.
  5. Наҳзатиҳо хостанд хумори иттифоқчиёни таърихиашонро бихаранд.  Аз рӯйи ахбори ҳалқаҳои ба наҳзат наздик  гароиши аз ҳад зиёд ба таҷаммулпарастӣ ва зоҳиргарӣ доранд.  На ришро қабул дорад ва на бериширо. Ин гуна ашхос ҳама дар талаби ин дунё ҳастанд ва охират. Ҳамин дугонагии тафаккур ва аслбохтагии наҳзат, ҳизбро валангор ва мардумро овора кардааст.  Ин гумроҳони роҳи сиёсат намедонад, ки  масири иштирок дар сиёсат созиш аст, тавба аз гуноҳҳои собиқа ва тозакории тафаккури хароби наҳзатӣ.

Сомонаи «рисолат» вақте ки дар бораи ТЭТ ҲНИ менависад гӯё Амрикоро кашф кардааст. Ба ҳар хонанда маълум аст, ки Кабирӣ як нафари дорои тафаккури нимамаҳалӣ бо олудагии биёбонӣ, алломатарош бо донишҳои сатҳи пасти  музахрафотӣ ва тобеи нафси армонии омехта мебошад.  Ҳамин як ҷумла, маниши Кабириро хулосагирӣ мекунад. Дар ҳамин ҷо метавонем, нуқта бимонем. Нуқтаи ғафси тамат. Мешавад коғазро омехтаи ҳарфҳои беҳудаву пуч насозем. Вале ҳамоқатнигории Кабирӣ маҷбур месозад, ки ба умқи фардии ин «сиёсатмадор»-и даҳрситез бештар зеҳн биронем. Зеро ки Кабирӣ мероси сулҳхоҳии собиқаи наҳзатро ба ду по ба замин зад ва аз ин ҳизби парлумонӣ ҳаракати террористии дар ҷустуҷуйи Интерпол сохт ва табдил дод. Ба иттиҳоди назари наҳзатиҳои оддӣ, ки мехостанд ба масири миллӣ баргарданд, Кабирӣ бо хонаводааш чунон зарбаи муҳлик зад, ки яке аъзои қаноти ҷангии наҳзат «Ансорулло» шуд, дигарӣ насронӣ гашт, сеюмӣ аҳли ташайъю ва чорумӣ салафӣ. Панҷумӣ дар маҳбас. Адами мудирият тамоми ҳайати шурои олии раёсати ин ҳизбро бинобар даст доштан дар табаддулоти ҳарбӣ ба зиндон бурд. Гардонандаи  ин тахалуфот ва таклифоти тафриқавӣ  ҳама ба  як вожа ифода меёбад: Кабирӣ.

Коршиносони наздик ба наҳзат ҳилаи шаръии наҳзатро ин тавр ташреҳ медиҳанд, ки чун ин резахорони хони мардуми бегона, пулу пайсаи зиёд аз ташкилотҳои хориҷӣ ба даст овардаанд, мутаҳҳаму бардаи дари онҳо гаштааанд. Наҳзатиҳо, ки дар тӯли 3 даҳсола 3 дафъа мазҳаб иваз карданд, марҳилаи ивазшавии чоруми динии худро мепаймоянд. Ёди хонандаи закӣ ҳаст, наҳзатиҳоро мардум «вовчик» яъне ваҳҳобӣ мегуфтанд, чун вориди ҷанги шаҳрвандӣ шуданд, тамоюл ба  имомҳои дувоздаҳимома карданд. Баъдан салафигарӣ дар кӯчаи Бохтар мӯд шуд, дар ҳавли даҳани инҳо нишастан намешуд, ҳама осори Ибн таймияву Албонӣ мехонданд. Баъдан раҳбарони ин созмон ба ҳавзаи Қуму Гургон гаравиданд. Дар долонҳои наҳзат маълумоте  чарх мезанад, ки бисёр ҷолиб ва аҷиб аст. Баъд аз воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон, ба таври сиррӣ ва пардапӯшона ба Кабирии Қасамдарагӣ унвони баланди пурифтихори «Ҳуҷҷатислом» додаанд. Албатта ин дастовард аст, дар назди кишвари мушаххас ва ба ҳам маълум.

Донандагони асрор нақл мекуннад, ки Кабирӣ бо таъсиси Паймон ва баъд аз дунявӣ худро эълон кардан, ба тарабхонаҳо рӯ овардааст. Дар ин ҷо баъд аз айшу ишрати  беандозаву меъёр, аз хоб мехезаду бо баланд садо додани  тавба як рӯзи дароз мегӯяд манам Мунҷии миллат!

Баъдан, мегӯянд, ки гурӯҳҳои пароканда, ки дар камин мебошанд, ӯро ба маъбадхонаи худ ҷалб мекунанд. Оқибат, роҳи наҷоти буҳрони шахсиятро дар ҷаҳонмеҳварӣ будан мебинаду худро дар канори афроди овора мезанад.  Ин аст муҳтавои шахсияти  ифротӣ Кабирӣ, ки ҳанӯз ки ҳанӯз аст, дар тағйир аст…


Зарур аст, ки сомонаи «рисолат» барои хонданбоб ва марғуб  кардани мақола ин сатрҳоро ҳам илова мекард. Боқӣ вақт қазоват хоҳад кард, ки ҳақ аст.


Султонов Шодонҷон, хабарнигор


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...