(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар тарабхонаи брендии киштии рамзии «Темурмалик» бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва бонувони фаъоли шаҳр бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба самъи ҳозирин табрикоти Раиси вилотяи Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Модар дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари фарзандони ҳакиму фарзона, далеру шуҷоъ ва соҳибэҳтиром аз мақому манзалати хос бархурдор мебошад.

Саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат низ дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва ҷалби бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишварамон маҳз бо назардошти ҳамин ҷойгоҳи хоса ва ба хотири арҷгузорӣ ба нақши онҳо мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши занон дар ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд». Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ид бо шукӯҳи хоса таҷлил гардида, моро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бо нувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем, онҳоро ҳамчун вуҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору такягоҳашон бошем".

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар чорабинӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таҷлили Рўзи модар дар кишвари азизамон, дар байни дигар идҳои милливу байналмилалӣ мақоми хоса дорад ва аз ҷумлаи самимитарин ва зеботарин рўзҳои сол мебошад. Зеро, ин ҷашн ба оғози баҳор, яъне фасли зебоӣ, озодӣ ва шукуфоии табиат, ба оӣози фасли умеду орзуҳои неки инсоният баробар меояд. Илова бар ин, занро бе баҳор ва баҳорро бе зан тасаввур кардан аз имкон берун аст. Зан - модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст, ҳақ дорад, ки зеботарин рўзи сол низ аз ў бошад. Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан - модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ў воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар воқеъ, модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ўро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомўзад ва тавассути суханони пурҳикмати ў соҳиби маърифат мегардад. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон, ва устоди беназири фарзанд аст, нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва меҳру навозиши ў ба камол расидаем ва сабақи одамият омўхтаем». Маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ўро дўст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар таърихи тамаддуни башар шоир, нависанда ё файласуферо пайдо кардан маҳол аст, ки дар васфи модарон ва иззату эҳтироми ў сухане нагуфта бошад, зеро модар сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст. Ниёгони соҳибхиради мо доир ба эҳтирому бузургдошти зан-модар барои наслҳои инсоният суханҳои пурҳикмат ва пурарзиш ба ёдгор мондаанд. Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тўли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиӣаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандўсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрўз низ бо иффату шараф идома мебахшад. Имрўз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омўзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.

Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон низ нақши муҳим доранд. Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳои хеш Пешвои муаззами миллат ба нерўи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «Нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд. Аз ин рў, дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рўзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад.

Таъкид гардид, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз мавқеи зан-модар дар ҷомеа мақоми баландро соҳиб гашта, бо шарофати озодию истиқлоли Ватани маҳбубамон занону хоҳарон ва модарони арҷманди мо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баробари мардон заҳмат кашида, бо мақсади таҳкими иқтидору тавоноӣ ва обрўю манзалати баланди байналмилалии кишвар зафармандона саъю талош менамоянд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробар-ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали-гардонии онҳо», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбари-кунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» гувоҳи ин гуфтаҳост, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ва аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ягон корхонаву ташкилот, муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро бе фаъолияти занон тасаввур кардан имконнопазир аст.

Иттиллоъ дода шуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ имрўз шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил дода, дар маҷмўъ шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр 1216 нафарро ташкил медиҳад. Тавре, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси олии кишвар санаи 26 декабри соли 2019 баён намуданд: “Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем.”

Ҳамзамон Сарвари давлат боварӣ намуданд, ки дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шумораи бонувон бештар мешавад ва онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Ин буд, ки аз ҳисоби занони шаҳр дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки чанде пеш санаи 1 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, 2 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, 2 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва аз 40 нафар Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 15 нафар занон ба вакилӣ интихоб гардиданд. Инчунин, дар шаҳр 1 нафар зан дорои унвони баланди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 23 нафар қаҳрамонмодар, 60 нафар сазовори ордену медалҳо, 100 нафар унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 10 дорандаи “Медали шоиста”, 13 нафар докторони илм, 104 нафар номзадони илм ва 161 нафар варзишгарони номдор мебошанд. Дар баробари ин, масъалаву мушкилоти вобаста ба ҳаёту фаъолияти бонувон низ вуҷуд доранд, ки барои бартараф намудани он бояд ҳамаи Шумоён модарону хоҳарони арҷманд фаъол бошед. Аз ҷумла, яке аз муаммои имрўзаи ҷомеаи мо, ин барҳам хўрдани оилаҳои ҷавон, коста гаштани тарбияи маънавӣ ва фарҳангии баъзе аз наврасону ҷавонон ва ҷиноятсодиркунии занону духтарон мебошад.

Бовар дорам, ки модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрўзаро хуб дарк менамоянд ва бо истифода аз рисолати пурмасъули хеш барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандўсту ватанпараст, инчунин, риояи муқаррароти қонунҳои миллиамон – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Шаҳрдор гуфт, ки масъалаи густариш додани соҳибкории хурду миёна барои бонувон дар меҳвари сиёсати имрўзаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти назари махсуси Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дошта, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст. Дар шаҳри Хуҷанд низ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода шуда, соли 2019 -40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз чумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардиданд. Тавре ҳамаи мо огаҳӣ дорем, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Ҳадафи асосии ин иқдом эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои кории нав, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки нигоҳдоранда ва тараққидиҳандаи ҳунарҳои милливу мардумӣ маҳз модарону бонувони соҳиб-маърифатамон мебошанд. Аз ин рў, таъсис дода шудани грантҳо ба модарону бонувони ҳунарманд, ҷиҳати рушд ва эҳёӣ ҳунарҳои мардумӣ заминаи хуб фароҳам оварда истодааст.

Дар анчоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори умедворӣ намуд, ки модарону хоҳарони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳиб-маърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми худро мегузоранд. Зеро корҳое, ки имрўз ба хотири ободии Ватан амалӣ шуда истодаанд, танҳо бо дасти насли наврас ва фақат дар сурати тарбияи модарон, яъне эҳсоси гарми одамияту башардўстӣ, худшиносиву ватанпарастӣ ва бунёдкориву созандагӣ идома пайдо карда метавонанд. Ва мо танҳо дар ҳамин сурат ба ояндаи ободи Ватанамон ва шукуфоии Точикистони азизамон умед баста метавонем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...