(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон....

Ҷавоб ба ruzinew.blogspot.com

Сомонаи ruzinew.blogspot.com бо нашри як мақола, ки он “Шахспарастӣ дар Тоҷикистон аз куҷо сарчашма гирифт ва то кай идома меёбад?” кӣ будан ва чӣ мақсад доштани худро ифшо намудааст. Ба рости ҷомеа дар ягон давру замон аз одамони бадгӯ, бадбин ва иғвогар холӣ набуд. Соли 2020 дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, интихоботи парлумонӣ ва президентӣ баргузор мешаванд. Яке аз сабабҳое, ки дар кишварамон ҳаргуна хабару садоҳо аз ҳар куҷоҳо баромада истодаанд, маҳз ана ҳамин чорабиниҳои сиёсист. Муаллифи сомонаи болозикр талош намуда, заҳмат кашида чанд саҳфаеро сиёҳу сафед намудааст. Аз шахсиятҳои таърихӣ ба монанди В.И.Ленин ва И.В.Сталин, ки дар таърих ба неки ёд мешаванд, ёдовар шуда, онҳоро низ аз фикри хоми худ гузаронидааст. Инҳо нафароне буданд, ки қаҳрамонҳои майдонҳои набард, бо номи онҳо худро зери тонки фашистони истилогар мепартофтанд ва ё тани худро дар дами тири душман сипар менамуданд. Душман тоқати шунидани ин номҳоро надоштанд. Айни замон душманони Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо шунидани номи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хобу фароғат ва аз хӯрдану нӯшидан мемонанд. Табийист, ки ҳадафи муаллифи иғвогар низ маҳз Президенти кишварамон Э. Раҳмон мебошад. Гӯё муаллифро як эълон аз шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук  оид ба эълони курси омӯзишии Ҷавонон пайрави Пешвои миллат маҷбур ба навиштани чанд сатри бадбӯ ба шаъни Президентамон ва аҳли оилаи  эшон намудааст.

Аммо ӯ фаромӯш намудааст, ки халқ, миллат, қаҳрамонони худро доранд ва барои онҳо агар даркор шавад, ҷонфидоӣ мекунанд. Номҳое, ки бо он Президенти кишварамон ёд мешавад ба ӯ арзанда аст, зеро онро халқ номгӯзорӣ намудааст, ки он шаҳодат аз маҳбуб будани эшон аст.

Душманони миллати тоҷик аз қадим як фикр ва як мақсад доштанд. Яъне бо ҳар роҳу восита сарнагун намудани сохти давлатдории тоҷикон аст. Мутаассифона дар гузашта ба онҳо муяссар ҳам шудааст, ки собиқ роҳбарони кишварамон Қ. Маҳкамов ва Р. Набиевро маҷбур намоянд то онҳо аз вазифа даст кашанд. Акнун онҳо дар пайи сарнагун намудани ҳукумати кунунӣ ва роҳбари он  мебошанд. Бинобар ҳамин ҳам ҳар иқдом ва ҳар ташаббусе, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон сурат мегирад, барои душманони миллат ғайриқабул мебошад. Дар ин амалҳо онҳо нишонаҳои шахспарастиро мебинанд. Ибораҳои Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, ки ба Президентамон мансуб дониста мешавад, талхаи душманонро кафонидааст. Дар ҳақиқат арзанда ҳаст. Ин шахсиятпарастӣ нест, балки ҳақиқат аст ва аз қалб омадааст. Ҳар касе ношукри аз роҳбарии Э. Раҳмонро дорад, душман аст. Ҳар як кор, амалу гуфтор андоза дорад. Барои чӣ муаллиф дар туҳматноми дуру дарозу дуруғини худ як бор ҳам аз хизматҳои Э. Раҳмон, Президенти кишварамон ёдовар нашудааст. Бовар ҳаст, ки ӯ низ хуб медонад, ин хизматҳоро, аммо супориш чунин будааст, ки ӯ навиштааст.

 

 

Сафо Каримзод, омӯзгор аз шаҳри Душанбе

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...