(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон 2019”-Дилафрӯз Каримоваро ба ҳузур пазируфт ва бо ин дастовард номбурдаро табрику таҳният намуд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ин пайки нишотовар дар оғози соли 2020 хеле рамзӣ буда, барои тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла маорифчиёни шаҳр қувваю илҳоми тозаю нав мебахшад. Агар соли гузашта аз миёни маорифчиёни шаҳр ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Мураббияи сол” баромада бошад, соли ҷорӣ “Омӯзгори соли Тоҷикистон”. Ин аз заҳмати шабонарӯзии ҷомеаи меҳнатии шуъбаи маориф дарак медиҳад.

Шаҳрдор гуфт, ки маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду инкишофи соҳаи маориф, дарёфти соҳибистеъдодҳои нав, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам афзалияти бештар дода мешавад. Маҳз чунин ғамхориҳои пайваста аст, ки хонандагону омӯзгорони мо дар озмуну олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун ғолибият ба даст меоранд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки Дилафрӯз Каримова донишу таҷрибаи хешро барои таълиму тарбияи насли наврас фаровон истифода менамояд ва чун соҳибтаҷриба ва баррандаи озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон 2019” барои дигар омӯзгорони шаҳр мояи ифтихор ва пайравӣ мешавад.

Ғолиби озмуни ““Омӯзгори соли Тоҷикистон”-Дилафрӯз Каримоваро аз ин таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки баҳри тарбияи худшиносию худогоҳии насли наврас аз дониш ва таҷрибааш истифода хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, 18-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» доир гардид ва аз миёни 5 нафар довталабони ин озмун Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии литсейи физикӣ- математикии №1-и шаҳри Хуҷанд бо даст овардани 205 хол Шоҳҷоизаи озмунро ба даст оварда, сазвори унвони баланди «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» гардид.

Дар маросими ҷамъбастӣ ба Дилафрӯз Каримова нишони рамзии озмун, 4000 сомонӣ маблағ, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба яке аз осоишгоҳҳҳои мамлакат тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...