(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар факултети муҳандисӣ-технологии ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷиҳати дарёфт ва рушди истеъдодҳои нодир аз миёни донишҷӯёни ихтисосҳои технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва меъморӣ озмуни “Дизайнери беҳтарин” гузаронида шуд.

Озмуни мазкур аз рӯйи чор номинатсия : “Либоси беҳтарин”, “Корҳои дастии беҳтарин”, “Мусаввараи беҳтарин” ва “Армуғони сайёҳии беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд. Озмун бо омӯзиш аз ҷониби ҳайати бонуфузи ҳакамот, аз ҷумла директори Корхонаи воҳидии давлатии “Маркази таълимӣ”- и шаҳри Хуҷанд Мунаввара Дадобоева, муовини директор оид ба таълими маркази таълимии номбурда Муҳаббат Хоҷаева, мушовири маркази таҳсилоти иловагии №6-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳбари маҳфили бофандагӣ Баҳорхон Охунова, Узви иттифоқи мусаввирони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ Восид Абдураҳмонов, рассом-санъатшинос Наимҷон Бобоев ва директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ оғоз гардид.

Дар озмуни “Дизайнери беҳтарин”, дар номинатсияи “Либоси беҳтарин” зиёда аз 36 амсилаҳои донишҷӯён дар доираи маҳфилҳои гуногуни кафедра омодашуда буданд, ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ гардид.

Дар номинатсияи “ Либоси беҳтарин” дипломи дараҷаи якум бо ишғоли ҷойи якум, ба донишҷӯи соли аввал якум Сатторова Қурбоной, дипломи дараҷаи 2 бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 2 Рухшона Қосимова, дипломи дараҷаи 3 бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи ихтисоси курси 3 Шоҳина Абдусамадзода дода шуд.

Дар номинатсияи “Корҳои дастии беҳтарин” зиёда аз 150 навъи корҳои дастии донишҷӯён ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд.

Дар номинатсияи “ Корҳои дастии беҳтарин” дипломи дараҷаи якум 1 бо ишғоли ҷойи якум, ба донишҷӯи курси 3 Маҳинахон Ахмедова, дипломи дараҷаи дуюм бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 3 Муқаддам Ҷалилова, дипломи дараҷаи сеюм бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи курси 1 Фаррух Ғафуров дода шуд.

Дар номинатсияи “Мусаввараи беҳтарин” зиёда аз 100 адад мусаввараҳои донишҷӯён дар мавзӯи “Тоҷикистон – кишвари зебои ман”, “Рушди сайёҳӣ”, тасвири симои шахсони шинохта, нақшу нигори миллӣ, интерери хонаҳои истиқоматӣ ва монанди инҳо ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар ин номинатсия дипломи дараҷаи якум бо ишғоли ҷойи якум насиби донишҷӯи курси 4 Далер Машарипов, дипломи дараҷаи дуюм бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 4 Далер Қурбонов, дипломи дараҷаи 3 бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи, курси 1 Манижа Пӯлотова гардид.

Дар номинатсияи “ Армуғони сайёҳии беҳтарин” зиёда аз 120 адад армуғонҳои сайёҳии аз тарафи донишҷӯён омодашуда ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар ин номинатсия дипломи дараҷаи якумро бо ишғоли ҷойи якум, ба донишҷӯи курси 4 Далер Машарипов, дипломи дараҷаи дуюм бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 3 Фирдавс Абдуназаров, дипломи дараҷаи сеюм бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи курси 2 Манижа Бойматова дода шуд.

Ҳамаи иштирокчиёни фаъоли озмуни “Дизайнери беҳтарин” бо сипоснома аз тарафи директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ сарфароз гардонида шуданд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз ташкил ва гузаронидани озмуни “Дизайнери беҳтарин” ин эҳё намудан ва рушди ҳунарҳо ва анъанаҳои гузаштагон, ҳавасмандкунии донишҷӯён-мутахассисони ояндаи соҳа, коркарди ғояҳои нав ба нав оиди истеҳсоли ягон маҳсулоти нав, конструиронии бадеӣ, тарроҳии маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар равзанаи имрӯзу оянда аз нигоҳи донишҷӯ мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...