(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тибқи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов ва сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шўҳрат Абдуллозода мулоқоти васеъ бо устодону омўзгорон ва донишҷўёни муассисаи мазкур баргузор гардид.

Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории вохўрӣ, ин фаҳмонидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, шинос намудани онҳо бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои инфиҷорӣ ва оқибати истеъмоли маводҳои нашъаовар, тарғиби либоспўшии миллӣ ва саҳм гузоштани ҷавонон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ мебошад.

Собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов доир ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ҳарф зада, мавсуф қайд кард, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа кори дастаҷамъӣ буда, бояд ҷавонон ба ин бетараф набошанд. Имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар ин самт ба тасвиб расонидааст, ки заминаи хуб барои решакан кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мебошад. Вале, новобаста аз ин, ҳоло ҳам мизони коррупсия дар баъзе аз соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф кам нагардидааст ва мебояд ба ин муборизаи беамон бурда шавад.

Доир ба вазъи ҷаҳонишавӣ ва мураккаби ҷаҳон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ ба сухан баромада, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки “Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд”. Зеро, имрўз беш аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар имрўза авзои сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Агар ба марҳилаи 28-соли соҳибистиқлолии кишвар назар афканем, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон чандин барномаву консепсияҳо ва стратегияҳо қабул гардида, баҳри рушди иҷтимоии ҷавонон заминаи хуб фароҳам оварда шудааст.

Таъкид градид, ки имрўз бо вуҷуди тадбирҳои амалигаштаистода, то ҳол сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонон ташвишовар буда, бояд масъулини соҳа ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорӣ корбариро ҷоннок намоянд.

Ҳамчунин намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шўҳрат Абдуллозода доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва гаравидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маърўза намуда, таъкид кард, ки дар асри 21 боз як падидаи номатлуб даст ба нашъамандӣ задани ҷавонон ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола даҳҳо нафар шаҳрвандони мо гирифтори ин бемории вабои аср мегарданд.

Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъол бошанд, аз оқибатҳои нангини ин амал ҷомеаро ҳушдор диҳанд. Зеро, ҳар як давлат пеш аз ҳама ҳамон вақт тараққӣ ва пешрафта мегардад, ки дар он тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шуда бошад, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин бошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...