11 Октябр 2019
Саноатчиёни шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 948,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 дар сад афзудааст. Ҳамзамон баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи наздик 20 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидааст.
Дар ин давра номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 11 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 141,4 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот карда шуд.
Инчунин аз ҷониби 58 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 237,4 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатии шаҳр 25 фоизро ташкил менамояд.
Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи иҷро мувафақонаи нақшаҳои фаъолияти пурсамар баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд