(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Муассисаи таълимии давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Рӯзи омӯзгорон таҷлил карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода омӯзгорони шаҳрро ба Рӯзи касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки ҳамасола мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷанд чун дигар сокинони шаҳру навоҳии мамлакат бо мақсади арҷгузорӣ ба хидмати муаллим, яъне таълиму тарбиятдиҳандаи аҳли башар Рӯзи омӯзгоронро ботантана ҷашн мегиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эътироф намуда,ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд.

Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ дар васфи омўзгорон чунин фармудаанд: «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шўълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».

Таъкид гардид, ки воқеан ҳам Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти соҳаи маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро мунтазам идома медиҳад. Дар ин давра барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи маориф қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти бузурги илму маориф дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ба ин соҳа афзалият дода, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузории онро мунтазам зиёд карда, тасмим дорад, ки ин корро дар оянда боз идома бахшад. Дигар ин, ки ҳамасола шумораи аҳолии кишвар афзуда, маҳалҳои нави истиқоматӣ таъсис ёфта истодаанд, ки дар онҳо фароҳам овардани инфрасохтори иҷтимоӣ, алалхусус, бунёд намудани муассисаҳои таълимӣ ва пурра фаро гирифтани фарзандони сокинон ба таълиму тарбия аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои соҳаи маориф бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа ҳамасола муассисаҳои таълимии типи нав ва замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандӯзии хонандагон куллан беҳтар гардид. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва кӯшишу ғайрати омӯзгорон, мактабҳои шаҳр ба соли хониши нав омода карда шуданд. Мактабҳо бо синфҳои муҷаҳҳазу муосири фаннӣ, техникаю технологияҳои замонавии таълимӣ таъмин шуда истодаанд. Омӯзгорони мо истеъдоди лаёқати илмомӯзӣ ва маърифати донишҳои замонавиро доро мебошанд ва шогирдонашонро бо ахлоқу одоби ҳамида ва бо рафтори шоиставу намунавӣ тарбия менамоянд. Маҳз натиҷаи чунин ғамхорию заҳматҳои Шумо омӯзгорон буд, ки имрӯз хонандагони мактабҳои мо дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Иттилоъ дода шуд, ки хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 102 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, зиёда аз 73 нафар иштирок карда, 47 нафарашон ғолибият ба даст оварданд, аз ҷумла соҳиби 6 медали тилло, 19 медали нуқра, 22 медали биринҷӣ гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забони русӣ, англисӣ, техгнологияи иттилоотӣ ва химия иштирок намуда,соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагони литсей барои хонандагони болаёқат, литсейи физикӣ -математикии №1, литсейи донишкадаи политехникӣ, гимназияи Гёте, мактаби хусусии “Гулчини маърифат”, мактаби хусусии Пӯлотов ва дигарон фаъолона иштирок намуда, барои гирифтани 20 ҷойҳои ифтихорӣ сазовор дониста шуданд. Барои ҳавасманд гардонидани ғолибони озмун аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба 52 нафар ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тӯҳфаҳои пулӣ ба маблағи аз 500 сомон то 10000 сомнӣ супорида шуд.

10 нафар омӯзгорон барои омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳо, бо тӯҳфаҳои пулии Раиси вилоят аз 2000 то 6000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, барои омода кардани хонандагон ба омпиадаҳо омӯзгори фанни технологияим иттилоотӣ Ҳусейнҷон Очилов бо Ҷоизаи Раиси вилоят ва тӯҳфаи пулӣ ба маблағи 6000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Шаҳри Хуҷанд аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳо дар миқёси вилоят ҷойи якум ва дар миқёси ҷумҳурӣ бошад, мақоми сеюмро сазовор гардид. Дар соли ҷорӣ 60 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои гирифтани Стипендияи раиси шаҳр ва 7 нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ мушарраф гаштанд. Дар сессияи академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 97 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор дониста шуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ҳоло дар мактабҳои шаҳр 2491 нафар омӯзгорон ба насли наврас сабақи маърифат меомӯзанд, ки аз онҳо 228 нафарашон дорандаи унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 2393 нафар бо маълумоти олӣ фаъолият мебаранд. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ алҳол 170 нафар омӯзгорони ҷавону пурғайрат кору меҳнат карда истодаанд. Боиси қаноатмандист, ки дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вақтҳои охир таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва падару модарон ба донишомӯзии фарзандон торафт зиёд гардида, талоши падару модар ҷиҳати ба дасти омӯзгори ботаҷриба ва ба мактаби дорои шароити хуби таълиму тарбия супоридани тақдири фарзандон эҳсос карда мешавад. Устодону омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва аҳли ҷомеа ҷиҳати иҷро ва риояи минбаъдаи қонуни зикршуда чораҷӯӣ карда, барои ҷалби ҳарчи бештари фарзандон ба таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла маҳфилҳои омӯзишӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастии онҳо тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Ба таъкиди шаҳрдор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ба омўзгорон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Вобаста ба имконот дар кишвар давра ба давра маоши омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешавад. Дар ин раванд, тибқи дастуру супоришҳо ва иқдомҳои неки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри пешбурди соҳаи мактабу маориф, ҳавасмандгардонии омўзгорону толибилмон, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои созандаро амалӣ менамоянд, ки қобили арзёбии аҳли диёр мебошад. Дар ин замина вобаста ба эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ низ эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ, бахусус курҳои махсуси ҳунаромӯзӣ барои духтарон ба роҳ монда шудааст.

Зикр гардид, ки барои роҳнамоӣ намудани омӯзгорони ҷавон ва таълиму тарбияи насли наврас, собиқадорони соҳа Мӯъминова Наима, Қаҳҳоров Абдураҳмон, Ҷалолов Саидмухтор, Маҳмудова Биинобат, Баҳриддинова Тавҳидахон, Бойматова Шамсӣ, Исмоилов Ином, Сайфуллоева Халича, Юсупова Муқаддам, Темиров Даврон, Зарипов Муҳаммад, Баҳодурова Раҳбар, Дадобоева Савринисо ва дигарон меҳнати софдилона карда, то имрӯз раҳнамою роҳкушои омӯзгорони ҷавонанд.

Омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ, бо итминони комил изҳор дошт, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо устодон бо шаҳомату кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон менамоед.

Сипас, Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин раоснд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: “Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф аст. Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши муассири машъалафрӯзони роҳи фардои миллат – омӯзгорон дар тарбияи наслҳои ояндасоз баҳои сазовор додаанд: «Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад». Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон зина ба зина ба беҳтар намудани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити хубу самарабахш баҳри пешбурди кори таълиму тарбия барномаҳои ҷадиди соҳавиро қабул ва дар амал татбиқ менамояд. Зиёд гардидани музди маоши омӯзгорон, ғамхорӣ барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, ҳавасмандгардонии онҳо тарбиятгарони насли ояндасозро барои натиҷаҳои фаъолият рӯҳбаланд мегардонад. Омӯзгорони вилоят туфайли татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда барои баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилоотӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав ба натиҷаҳои дилхоҳ сазовор мешаванд. Натиҷаи заҳмати бобаракати омӯзгорон аст, ки тайи солҳои охир дар соҳа пешравиҳои зиёде ба назар мерасанд”.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷуҳи роҳбарияти вилояти шаҳр ҷиҳати рушди бемайлони соҳа изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки аҳли маорифи шаҳр дар оянда низ баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва ба камол раоснидани мутахасисони баландихтисос кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор пешсафони маорифи шаҳр унвонҳои соҳавӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳои ВАзорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати маорифи вилояти Суғд тақдим крада шуд. Бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва устодони санъати тоҷик чорабинии баландмазмуни фарҳангӣ ба аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд манзур карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...