(2 голоса, среднее 1.50 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Шаҳри Хуҷанд аз давраҳои қадим бо олимону донишмандони худ машҳури олам гашта буд. Бино бар гувоҳии муаррихони асримиёнагӣ дар Хуҷанд маъданшиносони зиёд буданд, ки аз кўҳҳои наздик конҳои нуқраву фирўза ва сурбро пайдо ва истихроҷ мекарданд.

Бесабаб номи як аз маҳаллаҳои қадимаи шаҳрамон «Кони сурбӣ» ном нагирифтааст.

Олимону табибони Хуҷанди бостонӣ ташреҳи бадани инсон, дорушиносӣ ва дорусозиро ба ҳадди олии худ расонида буданд. Ҳафриёти бостоншиносон дар рў ба рўи Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ, ҳамон мавзее ки имрўз фаввораи сатҳизаминӣ гузошта шудааст, собит карда буд, ки дар ин ҷо «дорушшифо»-и қадимаи Хуҷанд ҷойгир шудааст.

Дар маърифати илми ҳайъат ва нуҷум низ хуҷандиён ба ҷаҳон маъруф гашта буданд. Барои исботи ин иддаоямон хотиррасон кардани номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ва дастгоҳи сохтаи ў – судси фахрӣ кифоя аст. Аммо донишмандони нуҷумшинос ва ё ҳайъатшиноси хуҷандӣ танҳо бо номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ хотима намеёбад.

Дар ин мақолаи худ мо мехоҳем, ки доир ба зиндагӣ ва осори як нафар ҳайъатшинос ва мунаҷҷими хуҷандӣ маълумот диҳем, ки мутаасисфона, перомуни ў мардум огоҳии комил надоранд ва номи ў танҳо ба доираи хурди олимони тоҷик шинос асту бас. Ин олим, мунаҷҷим ва шоир Абдулҷаббори Хуҷандӣ аст, ки устоди шодравон Абдулманнони Насриддин дар бораи ў мухтасар чунин маълумот додаанд: «Шоир ва мунаҷҷими номвари қарни шашуми ҳиҷрӣ, ки соли 616 ҳ. (1219 м.) даргузаштааст. Рисолаи манзум дорад мавсум ба «ал-Мадхал-ул-манзум фӣ аҳкоми-н-нуҷум».

Дар таърихи итмоми ин рисола чунин овардааст:

Чун расид ин латифа ба карон

В-аз маҳи нав ба охири шаъбон.

Дар замоне қирони давлат буд,

Шашсаду ду зи соли ҳиҷрат буд».

Ин маълумоти мухтасар доир ба рўзгори Абдулҷаббори Хуҷандӣ аст. Дар таърихи тамаддуни форсу тоҷик Абдулҷаббори Хуҷандӣ нахустин нафаре буд, ки асосҳо ва ё худ муқаддимаи илми нуҷумро барои ба таври осон фаҳмонидан бо шеър баён кард. Асари ў «ал-Мадхал-ул-манзум фӣ аҳкоми-н-нуҷум» бо номи «Мадхали манзум» ҳам маъруф гаштааст.

Аслан, «аҳкоми нуҷум» - илми астрология мебошад, ки дар замони зиндагии Абдулҷаббори Хуҷандӣ хеле густариш ёфта буд ва донандагони ин илм дар дарбори ҳамаи шоҳону амирони замон зиндагӣ ва фаъолият доштанд. Аммо чун ба «Мадхали манзум» дақиқан менигарем, маълум мегардад, ки он на танҳо дар бораи астрология, балки қисмати зиёди он марбут ба астрономия – илми воқеии фалакшиносӣ аст. Аз ин хотир гуфта метавонем, ки «ал-Мадхал-ул-манзум фӣ аҳкоми-н-нуҷум» нахустин асари дидактикӣ доир ба астрономия мебошад, ки дар таърихи тамаддуни форсу тоҷик бо шеър гуфта шудааст ва мо хуҷандиён бо ин бояд фахр кунем. «Мадхали манзум» бо байтҳои зерин оғоз мегардад:

Марди доно суха надо накунад,

То ба номи Ҳақ ибтидо накунад.

Молики ламязал, Кариму Қадим,

Сонеъи бебадал, Ҳакиму Алим.

Он ки ҳафту нўҳу даҳу дуву чор,

Кард пайдову кас набудаш ёр.

Дар байти охирон ишора ба ҳафт фалаку нўҳ анҷуму дувоздаҳ бурҷу чор фасли сол ишора гаштааст ва худ ба худ огоҳ мекунад, ки ин асар перомуни масъалаҳои нуҷумӣ аст. Бар замми ин Абдулҷаббори Хуҷандӣ таъкид мекунад, ки баъди донистани донишҳои зарурии динӣ беҳтарин донишҳо «дониши нуҷумӣ» аст:

Чун бидидам, ки бар басити Замин,

Ҳеҷ дониш зи баъди дониши дин.

Нест аз дониши нуҷумӣ беҳ,

А-андар ў ганҷу ҳикмат асту фараҳ.

Кардам оғоз «Мадхали манзум».

Ёд кардам дар ў басе зи улум.

Пас ҳар он кас, ки ёд гирад ин.

Бошад аз фозилони рўи Замин.

Дар ин байтҳо ҳам дида мешавад, ки Абдулҷаббори Хуҷандӣ донистани илми нуҷумро яке аз сабабҳои марди соҳибфазилат гардидан, марди фозил гаштан медонад.

Барои аз ёд кардани номи бурҷҳои фалакӣ ва ё худ номи моҳҳои шамсӣ барои хонандагон се байт гуфтааст, ки агар имрўз ҳам хонандагон онҳоро аз ёд кунанд, дар донистани толеънома ва номи моҳҳои тақвими ниёгонамон душворӣ нахоҳанд кашид. Пеш аз овардани ин се байт ҳаминро ҳам таъкид кардан бамаврид аст, ки бурҷи Сумбула дар ин ҷо бо номи Азро ёд гаштааст, ки таҳти унвони «Дар баёни дувоздаҳ буруҷ» дар «Мадхали манзум» оварда шудааст:

Пас ниҳоданд, бишнав ин зи ҳабиб,

Номи бурҷ аз сувар бад-ин тартиб.

Ҳамалу Савру баъд аз он Ҷавзо.

Саратону Асад, дигар Азро.

Боз – Мизону Ақраб омаду Қавс,

Ҷаддиву Далв асту Ҳути чун фирдавс.

Бинед, ки агар хонанда ба осонӣ ин шаш мисраъро аз ёд кунад, номи моҳҳоро фаромўш намесозад.

«Мадхали манзум»- муқаддима ва ё худ алифбои илми нуҷум аст ва ба забони фаҳмо ва баёни осони илмӣ навишта шудааст.

Гирифти офтоб – кусуфи офтоб аз кадом сабаб ба вуҷуд меояд, барои аксарияти одамони муосир шинос аст ва касе ки ба мактаб дарси астрономияро хуб омўхтааст, ба ин савол ҷавоб дода метавонад.

Гирифти офтоб аз сабаби пеши онро гирифтани моҳ ба амал меояд.

Ҳамин ҳодисаи фалакиро Абдулҷаббори Хуҷандӣ ба таври кўтоҳ, вале бо муҳтавои хуби илмӣ ба хонандаи асараш мефаҳмонад:

Меҳр андар ҳиҷоби моҳ шавад,

В-аз барои кусуф роҳ шавад.

Андар ин вақт бар сипеҳри кабуд,

Халқро офтоб тира намуд.

Ҳамин тавр, тамоми «Мадхали манзум» аз шарҳи ҳодисаҳои фалакӣ, мавқеи сайёраҳо, табақоти осмонӣ ва амсоли инҳо баҳс мекунад.

Азбаски китоби мазкур ҷолиби диққат ва хонданбоб буд, барои шинохти ҳодисаҳои нуҷумӣ манфиати зиёд мебахшид, дар китобхонаҳои дастхатҳои олам нусхаҳои зиёди он маҳфуз аст.

Бо гузашти вақт баъзе мафҳумҳои «Мадхали манзум» барои хонандагон фаҳмо намегардад, аз ҳамин сабаб, ба ин китоб шарҳҳо ҳам навишта шудаанд.

Аз китоби номбурда мунаҷҷимон ва шоирону нависандагони минбаъда ҳам истифода карда, дар асарҳояшон аз он иқтибос овардаанд.

Гумон мекунам, ки «Мадхали манзум»-и Абдулҷаббори Хуҷандиро ба зудӣ ба нашр омода карда, манзури хонандагон гардонидан яке аз корҳои муҳим барои худшиносии миллӣ, барои эҳёи номи як нафар олими хуҷандӣ, барои ғурури миллии мардумамонро боло бардоштан мебошад.

Фирўза Нуруллозода,

муовини раиси шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...