(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Бинои истиқоматӣ, сохтор ва таъйиноти он. Таъйиноти манфиатбахшии амалӣ, эстетикӣ, маросимӣ ва маънавии истиқоматгоҳ, қисмҳои таркибии он, эҳтиёҷоти мудофиавӣ, васоити оқилона ва самарабахши ҳифозат дар ҳавлиҳо, сатҳи сифатии онҳо ва андозаашон аз бисёр ҷиҳат ба шарофати мақоми иҷтимоии соҳиби манзил ва навъи (дараҷаи) хонавода муқаррар карда мешуданд.

Хислатҳои муҳимтарини истиқоматгоҳҳои қишри давлатманди мардум инҳо маҳсуб меёфтанд: мавҷудияти иншоотҳои хизматрасон бо ҷумлаи унсурҳои посбонию мудофиавӣ ва маконҳои хоса ба хотири пазироии бемалоли меҳмон, аз қабили дарвозахонаҳо; деворҳои баланди атрофи ҳавлӣ; ҷудо будани бошишгоҳ ба қисматҳои дарунию берунӣ бо номҳои маъмули «ҳавлии дарун» ва «ҳавлии берун»; бунёди хонаҳои истиқоматии ду-сеқабата (дарунбадарун), яъне, манзили зимистона ва тобистона бо меҳмонхонаи алоҳида, намои бою дилкаш, навъҳои мухталифи иншоотҳои хоҷагӣ, аз қабили қазноқҳо, заминкану ниҳонхонаҳо, болохонаҳо, оғилхонаю охтахонаҳо, гўсфандхона, сагхона, катакҳо барои мурғу харгўш ва ҳайвоноти дастомўзи гуногун, танўрхона, ошхона ва биноҳои хосаи дигари хоҷагӣ. Манзилгоҳҳои хуҷандиёни миёнаҳол ва камбағал низ ба мухтассоти худ доро буданд: дар аксарияти истиқоматгоҳҳои ин қишри аҳолӣ дарвозахона, яъне, даромадгоҳҳои хосса вуҷуд на- доштанд, ба ҳавлӣ ба воситаи дарича ё дари дутабақаи камбаре ворид шудан рост меомад; бештарини ҳавлиҳо яклухт буданду ба қисматҳои берунию дарунӣ тақсим намешуданд; аксаран иншооти як ва аҳёнан дуқабата (яъне, дарунбадарун) бунёд мена- муданд; манзилҳои ин тоифа меҳмонхона надоштанд ва дар сурати зарурат меҳмононро дар дўкону устохонаҳо ва ё дар хонаҳои истиқоматиашон пазироӣ мекарданд. Қазноқу оғилхона ва ҳар иншооти ёрирасонро ҳамоно дар шафати ҷойи зисти худашон бу- нёд менамуданд.

Мухтассоти тафриқаи иҷтимоии истиқоматгоҳро дар мавридҳои дигар баррасӣ кардаем. Айни замон тасмим гирифтаем, ки хонаҳои истиқоматии тоҷикони водӣ ва кўҳистонро қиёс карда бошем. Хонаҳои истиқоматии тоҷикони водӣ бо хусусиятҳои зеринашон фарқ мекунанд:

-Аксари хонаҳо аз ду-се ва бештар қабат иборатанд, яъне, тариқи дарунбадарун сохта шудаанд;

-Аз муҳимтарин унсурҳои меъморӣ ва иҷтимоию мадании иқоматгоҳҳо даҳлез, пешайвон, меҳмонхона маҳсуб мешуданд;

-Биноҳои истиқоматӣ ва ёриррасони хоҷагӣ дар аксарияти маврид дар алоҳидагӣ ҷой дода мешуданд;

-Ҳуҷраҳо мутобиқи муносибатҳои гендерӣ ба қисматҳои мардонаю занона ва тибқи таъйиноти иҷтимоию маданӣ ба қисматҳои боло ва поён ҷудо карда мешуданд.

Дар намои дохилии манзили истиқоматӣ се вариантро аз ҳамдигар фарқ метавон кард. Дар варианти аввал хонаи истиқоматӣ аз даҳлезаш тавассути қўлтуқпанҷара ҷудо карда ме- шуд, ки он дар айни замон барои такя задан низ хизмат менамуд. Қўлтуқпанҷараҳо ба се адад сутун маҳкам мегардиданд, ки онҳо дар сурати зарурат ба ҳайси такягоҳи болори шифт ҳам ба кор рафтанашон мумкин буд. Чунин навъи хона дар бошишгоҳҳои давлатмандон ва хуҷандиёни миёнаҳол иштиҳори тамом дошт.

Ба ин манзилҳои бозаргон ва заминдори бойи сарватманд Мулло Абдушукур (кўчаи ба номи Нариманов, 61, маҳаллаи Раззоқ) ва тоҷири машҳур Эргашбойбача (Осорхонаи этнографӣ) мисол шуда метавонанд.

Варианти дуюми намои дохилии истиқоматгоҳ чунин аст: даҳлез аз қисмати болои хона ба воситаи чўби зеррав ҷудо карда мешавад, ки ба болои он се дона сутун ниҳода, онҳо ба болорави алоҳида ё бевосита ба худи болори шифт пайванд дода шудаанд. Мо ин гуна навъи хонаро дар бошишгоҳҳои қадимаи П. Баротов (кўчаи ба номи Тошхоҷа Асирӣ, 196), З. Бобоҷонов (кўчаи ба номи Тошхоҷа Асирӣ, 100) ва Тўхтабоев Дадобой (кўчаи ба номи Войков 108/1, 108/9) дарёфт намудем.

Варианти мазкур дар хонаҳои қисмати бештари мардуми Хуҷанд паҳн гардида буд. Ҳамин навъ намои дохилиро В. Л. Воронина ҳам ба риштаи тасвир кашидааст: «Хусусияти хоси маҳаллии таҳияи намои дохилии истиқоматгоҳ дар мавридҳои алоҳида яклухт сохтани даҳлез ва хона мебошад, ки танҳо ба во- ситаи сутунҳо ва ғавчўб аз ҳамдигар ҷудо карда мешаванд».290 Ба ин тариқа ҳал намудани масъалаи намои дохилии бино басе қулай ва манфиатбахш будааст: аввалан, ҳангоме ки хона бо даҳлезаш яклухт бошад, муаммои муҳит хеле нағзу муваффақона ҳал кар- да мешавад, дуюм, муҳити васеъ ва кушода ба ҳарчӣ тезтар паҳн гардидани гармии оташдон дар фасли сармо мусоидат карда, дар мавсими тобистон бошад, барои гардиш ва тозашавии мунтаза- ми ҳавои хона имконият фароҳам месохт. Чунин бошишгоҳҳоро дар Хуҷанд «хонаи даҳлездор» меномиданд.

Варианти сеюми таҳияи намои дохилӣ тавассути чўби зер- рав ва равон ҷудо намудани хонаю даҳлезаш маҳсуб меёфт. Ин гуна бошишгоҳро дар Хуҷанд «хонаи пойгадаҳлездор» мегуф- танд, ки он ҳам хусусияти хоси истиқоматгоҳи қишри бою бадав- лати сокинони шаҳрро ташкил мекард.

Тибқи хулосаи В.Л.Воронина «тавассути сутуну қўлтуқпанҷара, сутуну ғавчўбҳо, дарпардаю равон ҷудо сохтани хона ва даҳлезаш ба Фарғонаи тоҷикӣ (мурод мавзеъҳои тоҷикнишини водии Фарғона бошад.-Ҷ.Ҷ.) хос аст ва барои тах- мин задан асос ҳаст, ки ин усул шакли навшудаи навъи кўҳнаи бошишгоҳи тоҷикони шимолӣ будааст ва ҳоло он дар саргаҳи Зарафшон ривоҷи тамом дорад ва дар баъзе иморатҳои садсолаи Фарғона вомехўрад».

Ҳамин тариқа, навъҳои иншооти истиқоматӣ аз бисёр ҷиҳат ба вазъи иҷтимоӣ ва касбу кори соҳибашон пайвандӣ доштанд.

Истиқоматгоҳҳои сокинони Хуҷанд ва деҳоти атрофи он, монанди бошишгоҳи тоҷикони водӣ ва кўҳистон, ба ду қисмат- боло ва поён ҷудо мешуданд. Қисмати поёниро «дамгаҳ»292 ҳам мегуфтанд.

Воқеан, дар ин маврид хуҷандиён ҳамон бахши хона- ро дар назар медоштанд, ки ба дар наздик аст. Одатан, ҳангоме ки тамоми аҳли хонадон гирд меомаданд, дар қисми дамгаҳ хурдсолтаринҳо ҷойгир мешуданд. Аксаран дар ин ҷо занон ме- нишастанд, ки ҳини таомхўрӣ ва ё ягон маросими дигар ҳар лаҳза барои таъҷилан хестан ва ба ҷо овардани ягон хизмати ногузир омода буданд. Вақте ки меҳмонеро пазироӣ менамуданд, дамгаҳ ҳатман мақоми соҳиби хона қарор мегирифт. Қисмати поёни истиқоматгоҳ ҷои доимии нишасти аҳли хонадон, бахусус, дар мавсими зимистон маҳсуб меёфт. Маҳз дар ин қисмати хона, дар гўшаи ба пойгаҳ наздик сандалӣ шинонида мешуд, ки атрофи он ҳамагон фасли сарморо бароҳат сипарӣ мекарданд.

Боло қисмати тозаю озода, фахрӣ ва метавон гуфт, ҷойи меҳмонзеби хона ба шумор мерафт. Дар деворҳои ин қисмат таҳмон ва шоҳтокчаҳо месохтанд, ки барои ҳар кадом ҳатман сандуқҳо ниҳода, болои онҳо мутаносибан кўрпаю бистар ва кўрпачаю болиштҳои тоза ва оҳарӣ таҳ мекарданд. Бисёр воқеъ мегардид, ки дар боло рўзона саробони мардинаи оила ва шабо- на бошад, тамоми аъзоёни хонадон рахти хоб мениҳоданд.

Ҳамчунин дар қисмати боло меҳмон қабул карда мешуд. Дар пешгаҳ ҳатман намояндаи муҳтарамтарин ва ё солортарини меҳмонон мақом мегирифт. Ҳамин гуна тақсимоти ба бахшҳои поён ва боло дар Истаравшан низ ба мушоҳида мерасид.

Воқеан, ин қисмати мутабаррикаи бошишгоҳро ба шаро- фати макони нишасти шахсони номвару олинасаб, аз қабили сайиду мир, уламою фузало, шайху аълам маҳсуб шуданаш баъ- зан «шаҳнишин» ҳам меномиданд. Ҳини фаро расидани тўйи хонадоршавӣ маҳз дар қисмати болои хона чималиқ ороста, он ҷо домоду арўсро бо меҳру ихлоси хоса мешинониданд.

Ҷойи аз ҳама ифтихории қисмати болои хона мобайни пешгаҳ дониста мешуд ва дар он ҷо меҳмони табарруктарин ва ё солортарин узви хонадон менишастанду дар ду канорашон во- баста ба синну сол ва фазилату мансаб дигарон ва ё аъзоёни оила ҷойгир мешуданд.

Хуҷандиён то ба кунун ҳам ҳангоми пазироии меҳмонон бо камоли эҳтиром «Марҳамат, аз боло гузаред!» ва ё бо нияти изҳори эҳтироми хосса «Пешгава шинед!» мегўянд.

Ин гуна бахш кардани муҳити истиқоматӣ бо тақозои ойи- ни оилавӣ, аз ҷумла мақоми занону мардон, дар зинаи мартабаи хонаводагӣ ва меъёрҳои одоби муошират имконпазир шудааст, ки моҳиятан иҷтимоӣ маҳсуб гардида, авлавияту афзалият додан ба комгорӣ, муваффақият, тавонгарию давлатмандӣ ва инчунин эҳтироми хосса ба синну солро равшан ифода менамояд.

Бошишгоҳҳои тоҷикони кўҳистонӣ дорои хосиятҳои худ бу- данд.

Аксари хонаҳои сокинони навоҳии кўҳӣ якқабата буда, дар баъзеашон долони пўшида ва ё пешайвони кушод, масалан, дар Қаротегин ва Дарвоз, дар ҳавзаи дарёи Хингоб295 айвон, дар саргаҳи Зарафшон айвон ё долон ба мушоҳида мерасиданд. Дар бошишгоҳҳои қадимаи саргаҳи Зарафшон бошад, айвон вуҷуд надошт.

Аксаран иморатҳои истиқоматӣ ва ёрирасони хоҷагӣ дар якҷоягӣ бунёд карда мешуданд, ки ин, пеш аз ҳама, аз тақозои шароити мушкили иқлимӣ ба миён меомад. Чунин вазъ дар аксари маврид ба қобилияти универсалӣ касб намудани бошишгоҳи истиқоматӣ боис мегардид.

Ба қисматҳои мардона ва занона бахш кардани истиқоматгоҳ роиҷ набуд. Асосан хонаҳои истиқоматӣ тибқи вазифаҳои маишӣ ва иҷтимоию этикӣ тақсим карда мешуданд. Масалан, биноҳои истиқоматии саргаҳи Зарафшон ба поёнӣ, яъне бахши дегдонӣ, ки дар қарибии дар ҷойгир мешавад ва болоӣ, ки дуртар аз да- ромад мақом мегирад, ҷудо карда мешуданд. Ба ҳамин монанд тақсимбандӣ дар Қаротегину Дарвоз низ роиҷ будааст, ки бахши болоии хона «боло» ва қисмати ба даромад наздик «поён» номи- да мешуд.

Ҳамин тариқа, бошишгоҳҳои тоҷикони кўҳистонӣ дар тафриқа аз аҳли водӣ мухтассоти вижае доштаанд, ки баёнга- ри шароити табиӣ, талаботи кўҳистон ва дараҷаи инкишофи фарҳанги манзилдорӣ дар ин навоҳӣ маҳсуб меёфтанд.

Дар бошишгоҳҳои тоҷикони водӣ одатан даҳлез аз хо- наи истиқоматӣ ҷудо буда, бахши махсуси манзилро ташкил медиҳад. Пойгаҳ вазифаҳои муҳими хоҷагӣ ва санитариро ба ҷо меовард. Дар даҳлез оташдону мўрӣ сохта мешуд, то ки бема- лол хўрок омода карда шавад, он ҷо обрез ҷой дошт ва ташно- би алоҳида барои ғусли ҳаррўза хизмат менамуд. Дар тафриқа аз бошишгоҳи қисмати кўҳистонӣ дар даҳлези мардуми водӣ, махсусан фарғониён, ба хотири дар айни замон гарм кардани хо- наи истиқоматӣ мўрӣ ҳатман сохта мешуд. Яке аз хусусиятҳои даҳлез дар онҳо мавҷудияти токчаҳои махсус барои асбобу аб- зори рўзгор, кўзаву хум ва сатилҳо ба шумор мерафт. Даҳлез баъзан мақоми хонаи истиқоматиро ҳам ба ҷо меовард. Ин тариқа таҷҳизонидани манзил дар истиқоматгоҳҳои сокинони Самарқанд, шаҳр ва деҳоти акнофи Бухоро ҷой дошт.

Дар манзилҳои анъанавии шаҳри Хуҷанд фарши даҳлез нисбат ба қисмати истиқоматӣ ва ё болои хона 10-20 см пасттар буда, маъмулан мураббаъ ва ё росткунҷаи тарафи бари хонагиаш дарозтар бунёд карда мешуд. Вобаста ба масоҳати бахши боло майдони даҳлез аз 1,5 бар 1,5 м то 3 бар 3 метр шуда метавонист. Чунонки зикраш рафт, даҳлез аз қисмати истиқоматии хона та- вассути ғав, яъне, бо ёрии зерраву сутунҳо, дарпардаҳо ва ё равон ҷудо карда мешуд. Даҳлез аз нуқтаи назари меъморӣ ягонагӣ ва фарохии муҳитро бо қисмати болои хона фароҳам менамуд, ле- кин аз нигоҳи вазифадорӣ ва сохтории худ комилан мустақил буд. Дар даҳлез, пойгаҳ- он ҷое, ки барои кашидани пойафзол ихтисос дода буданд, қисмати хоса маҳсуб мегардид. Дар баъзе биноҳо ба қисмати поёнии пойгаҳ ду-се қатор токча ҷойгиронида мешуд, ки дар онҳо пойафзолҳоро батартиб чида мемон- данд. Ин гуна токчаҳои пойафзолмониро бештар дар пойгаҳи меҳмонхонаҳо таҳия менамуданд. Лекин ботаассуф иқрор кар- данамон лозим меояд, ки дар хонаҳои қадимаи мавриди омўзиш қарордодаамон ба мо муяссар нагардид, ки токчаҳои пойафзол- мониро дучор бишавем. Ин нукта далолат ба андешае карда ме- тавонад, ки шояд дар Хуҷанд токчаҳои пойафзолмонӣ чандон маъмул набудааст. Бештар пойафзолро дар пойгаҳ кашида, аз та- рафи соҳибхона ва ё дастёронаш батартиб ва барои пўшида раф- тани меҳмонон мос карда чида мешуд.

Ишора карда будем, ки дар даҳлез обрез ҷой дода мешуд. Маъмулан ду навъи чунин воситаи хизматрасон истифода ме- гардид: кўробрез ва чорчилликобрез.

Кўробрез чуқурчаи доира- шакли андовашуда буд, ки дар миёнаҷо ба қадри ғафсии ангушт сўрохи обфуро дошт. Ин навъи обрезро бештар дар меҳмонхонаҳо ҷой медоданд. Чорчилликобрез бошад, чуқурии қутраш калоне буд, ки ба рўи он се дона тахтаи дарозро ниҳода, дар миёнаҷо барои поён рафтани об ғафсии ангушт барин сўрох мекушоданд. Ин гуна обрезро бештар дар даҳлези хонаҳои истиқоматӣ месох- танд. Кўробрез маъмулан барои таҳорат ва дастурўйшўйии соҳибхона ва меҳмон хизмат мекард, зеро дар ҳавлии берун, ки маҳз дар он ҷо меҳмонхона месохтанд, бештари вақти мар- дон сипарӣ мегардид. Чорчилликобрезро на фақат барои ғуслу таҳорат, балки гузашта аз ин, барои эҳтиёҷоти дигар, масалан, барои партофтани юндӣ (оби барои шустани зарфҳои таомхўрӣ масрафшуда) ва оби ҷомашўйӣ ҳам истифода мебурданд.

Обрез одатан дар кунҷи пойгаҳ ва ё дар миёнаҷои даҳлез мақом дода мешуд. Масалан, дар ҳавлии Мулло Абдушукур об- рез дар миёнаҷойи даҳлез ҷой дошт ва тавассути чаҳор дона тах- тамармар рўйкаш гардида буд. Инчунин обрезҳоро дар айвону пешайвонҳо ҳам месохтанд. Дар айвони тамоми истиқоматгоҳҳои таҳқиқкардаи мо ништаки обпарто ҷой доштанд (барои дарки имрўзиён ёдрас метавон шуд, ки ҳоло байни мардум истилоҳи «раковина»- дастшўяк истеъмоли фаровон дорад, ки, бемуҳобот, «бобокалон»-и онҳо ҳамон ништакҳои обрези гузаштагонамон хоҳанд буд!)

Дар девори даҳлез токчаҳои гуногунандоза мегузоштанд. Дар токчаҳои хурд ба мисоли косаву табақча ва чойнаку пиёла зарфҳои кўчак ва дар токчаҳои калону баландболо хуму кўзаҳои об ва сатилҳои мухталифро чида мемонданд. Токчаҳо шакли ҳархела дошта, росткунҷа, мураббаъ ва меҳробӣ мешуданд.

Дар даҳлези хонаи Эшонхонтўра (кўчаи ба номи Тошхоҷаи Асирӣ, 131, 133, 135) дар девори барқади самти рост сето ток- чаи дуқатора ҷой дода шуда буданд. Баландии токчаи якум 140 см ва бараш 120 см ва дуюмӣ мутаносибан 150 бар 70 см ва сеюмӣ 140 бар 70 см буд. Дар девори барқади тарафи чап токчаи дуқатораи андозааш 100 бар 25 см мақом дошт. Дар муқобили дари воридшавӣ дар ёндевори даҳлез токчаи калони андозааш 120 бар 80 см сохта шуда буд.

Чунонки зикраш рафт, дар токчаҳо асбобу ускунаҳои мухталифи хоҷагӣ нигоҳ дошта мешуданд. Аввалан, ин ҷо зарфҳо барои нигаҳдории анвоъи хўрданӣ, хумҳои калони обу равған, намакдон, хуми қоқу мавиз ба тартиби хоси муқарраркардаи кайвониҳо ҷой мегирифтанд. Сипас, барои истифодаи ҳамарўза зарфҳои махсус, аз қабили кўзаи мисини об, косаву табақчаҳо, чайнаку пиёлаҳо, хурмачаҳои ҳархела барои андохтани ширу ҷурғоту қаймоқ дар як раф мақом дода мешуданд. Сеюм, дар токчаҳои даҳлез васоити равшанидиҳӣ ва оташгиронӣ- аз зумраи чароғи сиёҳ, ки пилтачароғ ҳам мегуфтанд, оташгирак, шамъ, хасгўгирд ва пешдаргиронҳо (ба монанди филдироқи ранда ва парахаҳои маҳини дами тешаю досранда) ҳамеша омода бу- данд, зеро гиронидани оташ, бахусус, дар мавридҳои таъҷилӣ кори машаққатталаб маҳсуб меёфт. Чаҳорум, воситаҳо барои шустушўй, ғуслу таҳорат ва ҷомашўйӣ: обдастаҳо, тағораи саршўйӣ, собуну гулобҳо, мисвок барои дандоншўйӣ, мушку ан- бар ва заруроти сершумори дигар дар рафи баландтари барои тифлон дастнорас нигаҳдорӣ мешуданд.

Ба ин зумраи асбобу ускунаҳо воситаҳои рўбучини ҳавлӣ, аз қабили ҷорўбҳои гуногун, аловгираки мисинро301 зам метавон кард, ки маъмулан берун аз даҳлез (дар токча ё катаки махсуси таҳти зинапояҳо) ҷойгир мекарданд.

Ба ҳамин минвол, даҳлез дар бошишгоҳи сокинони шаҳри Хуҷанд ва деҳоти наздики он ҳамеша аз муҳимтарин унсурҳои бахши истиқоматии манзил маҳсуб гардида, барои бароварда сох- тани ободию назофат ва баъзе эҳтиёҷоти маросимии хуҷандиён хизмати назаррасеро ба ҷо меовард.

Хусусияти хоси иқоматгоҳҳои водии Фарғона бартарӣ до- штани пешайвон ва мутобиқати он бо айвони маъмулан серкодока ба шумор меравад. Кодоки байни сутунҳо ба се тариқа сохта мешуданд:

1. Фосилаи миёни сутунҳо холӣ мемонд;

2.Сутунҳо дар қисмати поёниашон бо табақаи қўлтуқ панҷара пайваста мешуданд;

3. Холигоҳи байни сутунҳо бо равони равзанаҳояш болопо- ёншаванда ва тирезаҳои алоҳидаи дарпардадор пур карда мешуданд.

Дарпардаҳои кушопўш ва болопоёншавандаи равонҳо вариантҳои гуногун ва дилхоҳи рўшноидиҳӣ ва ҳавотозакунии хонаҳоро таъмин менамуданд. Ғайр аз ин, чунонки В.Л. Ворони- на қайд мекунад, «пешайвони фарғонӣ маъмулан рў ба ҷониби шарқ бунёд карда мешавад, ки беҳикмат нест: ҳангоми саҳаргоҳӣ нурҳои офтоби навдам ҳам ба хона роҳ меёбанд ва ин барои дезинфексияи бошишгоҳ комилан кифоят хоҳад кард, дар вақтҳои дигари рўз бошад, пардаи равон хона ва майдони дамгаҳи онро пурра бо соя таъмин карда метавонад. Агар айвон намои ҷанубии хонаро аз офтоб панаҳ мекарда бошад, он иншоотро аз офтоби баланди чиллаи тобистон хуб панаҳ месозад, аммо хонаҳоро аз гармию рўшаноӣ дар фасли сармо бенасиб намегардонад». Ин хусусияти пешайвони фарғониро А.К. Писарчик низ қайд ме- намояд.

Айвон иншооти басе қулай ба шумор меравад. Хонавода дар мавсими тобистон тамоми вақти худро дар айвону пешайвон ме- гузаронд. Аксаран айвонро дар пеши хона сохта, онро пешайвон унвон мекарданд. Дар гирдогирди ҳавлии Эргашбойбача ҳамаи хонаҳо бо пешайвон таъмин карда шуда буданд. Ғайр аз ин, дар ҳавлии берун, дар дамгаҳи меҳмонхона айвони равон қомат афрохта буд. Дар ҳавлии дарун айвони кушод вуҷуд дошт, ки он барои иҷрои вазифаҳои мухталифи хоҷагӣ хизмат менамуд. Дар даруни айвони хоҷагӣ ҷомашўйӣ мекарданд ва дар худи ҳамин ҷо ҳезум нигоҳ дошта мешуд.

Дар ҳавлии хуҷандиён айвони хоҷагии кушод бисёр ба чашм мерасид. Дар истиқоматгоҳи Маҷидова Б. болохонае маҳфуз мондааст, ки намои он равони ойинакорӣ дошта, тирезаҳо ҳаракатпазир буданд. Яке аз хислатҳои хоси истиқоматгоҳо мардуми Хуҷанд ҳамин буд, ки аксари айвонҳои эшон дар қисмати болояшон дар баландии то 50 см суфа доштанд, ки онро «кайвон» меномиданд. Ингуна айвони кайвондор дар манзили Баҳодурова И.- аз авлоди қозӣ Маҳмудхоҷа (кўчаи ба номи Ҷўра Зокиров, 193) маҳфуз мондааст.

Дар қисмати дарунии ҳавлии мазкур ду айвон мавҷуд буд: яке аз онҳо дар кунҷи хона қомат афрохтаву дуюмӣ дуртар аз хонаҳо ва иншоотҳои ёрирасон сохта шуда буд.

Айвон дар ҳамаи ҳавлиҳои Хуҷанди кўҳан сохта мешуд. Ба ин хусусияти манзилгоҳи хуҷандиён В.Л. Воронина ишора ме- намуд: «Умуман қайд метавон кард, ки ба меъмории маҳаллии истиқоматӣ тобиши хосаеро маҳз айвонҳои дарпардадор ме- бахшиданд, ки дар поён ва дар ошёнаи дуюм воқеъ гардида, аз ҷиҳати андоза басе майдаҳак буданд». Равони манзилгоҳҳои хуҷандиён ҳошиядор буданду ҳар чашми тиреза бо шаклҳои гу- ногуни ромбӣ, чорчиллик, доира ва меҳробии ойинакорӣ ороста мегардиданд. Равонҳои дохилибиноӣ ҳам бо чашмҳои калон-ка- лон ва ҳам кўчаки дилрабо таҳия карда мешуданд.

Дар истиқоматгоҳҳои тоҷикони кўҳистонӣ пешайвон бар дўши худ он бореро надошт, ки дар манзили аҳли водӣ дар зимма дошт. Дар Қаротегин ва Дарвоз пешайвонро «долон ё «пештоқ», дар саргаҳи Зарафшон «айвон, долон» ва ё «долун»7 мегўянд. Дар саргаҳи Зарафшон пешайвон, пеш аз ҳама, вазифаҳои хоҷагиро ба ҷо меовард. Дар долон оташдонҳои гуногун ба- рои пухтани нон, хўрокпазӣ ва ҷойҷўшонӣ сохта мешуданд. Ҳамчунин долон паноҳгоҳи хона аз офтоби сўзони тобистон, шамолҳои сахт ва сардиҳои тоқатфарсои зимистон ба шумор мерафт. Дар барқадии пеши долон девор месохтанд, ки маъмулан он аз бом пасттар мешуд. Ғайр аз ин, долонҳое ҳам буданд, ки қисман ва ё пурра деворбанд карда мешуданд. Ҳамчунин долонро дар пеши меҳмонхонаҳо ҳам месохтанд ва онро «пешдолон» мегуфтанд.

Маконҳои меҳмонпазироӣ. Мардуми Хуҷанди кўҳан дар рўзгори муқаррарии ҳамарўзаи худ анъанаҳои неку наҷибонаи пазироии меҳмонро ҳамеша гиромӣ медоштанд. Решаҳои русуми мазкур аз фарҳанги бостонии тоҷикон ва қонунҳои мусалмонӣ об мехўрданд, ки тибқи онҳо меҳмон «атои Худо» ҳисобида мешуд. Бинобар ин, ба маҷмўи истиқоматгоҳи миллӣ мудом қисматҳои пурраи сохторӣ, иморатҳо, ҳуҷраҳо, ҷойҳои хосса танҳо ба хоти- ри пазироӣ ва меҳмондории аҳли ташриф ҳатман фаро гирифта мешуданд.

Дар маҷмўи истиқоматгоҳ нахустин маконе, ки дар он меҳмонро қабул ва гусел менамуданд, дари даромади ҳавлӣ маҳсуб меёфт, ки он вобаста ба вазъияти иҷтимоии соҳиб яктабақаю дутабақа ё ин ки дарвозача ё дарвозаи калони боҳашамат мешуд. Перомуни дарвоза бо номи дарвозахонаи берунӣ иншооти мах- сусе сохта мешуд, ки рисолати мураккаберо ба ҷо меовард: ҳам дарвозаро аз таъсири боду борон ва нурҳои сўзони офтоб эмин медошту ҳам барои лаҳзае фароғат кардани нафарони бехабар ба ҳавлӣ ташрифоварда имконият мебахшид. Суфаҳои дари кўча аз хишти хому пухта ва ё ғўлаҳои туту зардолу чи дар қисмати дарунӣ ва чи қисмати берунии дарвозахона сохта мешуданд.

Барои пазироии меҳмон ҳамагуна тадбирҳо андешида ме- шуданд. Масалан, дар қарибии дарвоза мехҳои махсуси оҳаниро ё ба замин кўфта, ё дар деворҳо маҳкам мекарданд, ки ба онҳо аспу хари ташрифгарон баста мешуданд. Ғайри калламехҳо дар чунин саисхонаҳо барои аспу астари меҳмонон охурҳо бунёд ме- гардиданд. Ба дарвозаҳои калон аробаҳои машҳури маҳаллӣ, ки баъ- зеашон басе бузург ҳам буданду чархҳои баланд доштанд, бе- малол ворид шуданашон имконпазир буд. Дар иншоотҳои ва- сею барҳавои даромадгоҳи ҳавлиҳо дар айёми гармо катҳои паҳнои тахтагӣ гузошта мешуданд. Бисёр мешуд, ки дар болои дарвозахонаҳо болохона низ бунёд менамуданд. Меҳмонони сарироҳӣ ва ё ба фурсати тангомадаро соҳибони манзил дар бо- лои суфача ё кат пазироӣ мекарданд ва агар имконият даст ме- дод, ба болохона даъваташон менамуданд.

Тибқи иттилои маълумотдиҳандаи мо Сатторов А., дар ҳавлии падари эшон се болохона вуҷуд доштаанд. Нахустини онҳо навъи кушода буда, дар он дегдону мўрӣ таҳия карда буда- анд. Ду иморати дигар деворбанд дошта, ба ҳайси қабулгоҳ ва хобгоҳи меҳмонон хизмат мекардаанд.

Ҷои дуюми қабули меҳмонон, бахусус, мардони бегона, ҳавлии берун ба шумор мерафт. Ба тозаю озодагӣ ва зебу зин- нати ҳавлӣ таваҷҷўҳи хоса дода мешуд. Шарти ҳатмии пероиши рўиҳавлӣ мавҷудияти гулзор, дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва хавозаҳои олиҷаноби ток маҳсуб меёфт.

Аз ёддоштҳои академик Зариф Раҷабов бармеояд, ки меҳмонхонаи эшони номвари хуҷандӣ Аҳрорхон аз се манзили дорои тирезаҳои ойинакории пурҷиҳоз иборат будаанд, ки дар канори ҳавзи маҳалла мавқеъ доштаанд.312

Дар Хуҷанд баъзан барои меҳмонон ҳуҷраҳои миёнадево- рашон тунуки тахтагӣ ҳам омода менамуданд. Девори мазкур, ки зоҳиран ба равони муқаррарӣ шабоҳат дошт, ҳаракатпазир буд ва дар мавриди зарурӣ масоҳати ҳуҷраро ба шарофати ба ин ё он сў ғеҷонидани тахтадевор калон ё хурд кардан мушки- лие надошт. Мо бар он ҳастем, ки дар ибтидо маҳз ба сабаби доро будани хислати ҳаракатпазирӣ миёнадеворҳои байни хо- наю даҳлез ва инчунин ба шарофати кушода ва пўшида шудани даричаю дарпардаҳояшон айвонҳоро «равон», яъне, сайёр (ба таъбири маъмули русӣ «передвижной») номида будаанд. Одатан хонаҳои чаҳор тарафашон тирезаҳои ҳаракаткунанда доштагиро дар Хуҷанд ва деҳоти атрофи он айвони равон унвон мекарданд. Меҳмонони занро дар беҳтарин ва пурҷиҳозтарин хо- наи ҳавлии дарун пазироӣ менамуданд, ки онҳо аксаран дари алоҳидаи даромад доштанд.

Дар манзили хуҷандиён, хоса барои меҳмонон обрез, ҳоҷатхона, таҳоратхона ва ҳатто ғуслхонаҳои кўчаке ба хоти- ри пурра бароварда сохтани эҳтиёҷоти ташрифовардагон бунёд карда мешуданд. Хидматгорон ва канизон ҳамарўза меҳмонхона ва тамоми иншооти ёрирасонро оростаю пероста менамуданд ва ҳатман тавассути хушбўиҳои зиёде ҳавои онҳоро гуворою рўҳафзо месохтанд. Косибони камбизоат, деҳқонон, тоҷирони хурд меҳмононашонро дар устохонаҳо, дўкону корхонаҳо, дар болои суфачаҳои махсусе, ки дар шафати коргоҳҳо таҳия менамуданд, пазироӣ ва зиёфат мекарданд. Дар ҳавлии сокинони камбағал меҳмонхона вуҷуд надошт. Дар гузашта вобаста ба пазироии меҳмонон расму одатҳои вижае роиҷ буданд. Одатан дар муқобили дари даромад ғави махсус аз тахта ё хишт ниҳода мешуд, ки онро «ғуломгардиш» ё «бандаргоҳ» меномиданд. Вазифаи монеаи мазкур аз он ибо- рат буд, ки баногоҳ назари шахси бегона ҳини даромадан аз дар ҳамоно ба даруни ҳавлӣ нафарояд.

Меҳмон пеш аз он ки аз остонаи даргоҳ бигзарад, вазифадор буд, ки ба зулфини дар (ҳалқаи махсуси оҳании дару дарвозаҳо) се бор тақ- тақ бизанад. Агар дар хона мардина намебуд, зан, соҳибхона, кадбону ва ё заифаи даргоҳ бидуни баромадан ба бе- руни даромадгоҳ бо тақ-тақи ҷавобӣ огоҳ менамуд, ки дар манзил мардина ҳузур надорад. Пас аз ин меҳмони мардина водор буд, ки аз додани саволҳои баризофа худдорӣ карда, роҳи бозгаштро пеш бигирад ва ё соҳиби манзилро дар суфачаи беруни ҳавлӣ ва ё хараки қисмати берунии дарвозахона нигарон бишавад. Тибқи русуми маъмул оне, ки ҳангоми набудани мардинаи хона аз осто- наи ҳавлӣ се қадам ба дарун по ниҳода, аз ғуломгардиш гузашта бошад, бегуфтугў, ба сангсорӣ маҳкум менамуданд.

Дар бобати русумоти меҳмонпазирӣ олими тавонои мар- думшинос Назирҷон Турсунов ғароиботи зиёдеро гирд оварда- анд. Аз ҷумла, ба шаҳодати эшон, меҳмони зан ҳавлии берунро убур карда, назди даричаи ҳавлии дарун бозистода, водор буда- аст, ки ба номи узви хурдтарин, беҳтараш, ба номи духтарчаи хо- надон калимаи «оча»-ро илова намуда, ҷеғ бизанад. Мардон ва ё писарбачагон- пешхизматон баробари ҷеғро шунидан баромада, меҳмононро бо лаълии пурнон пешвоз мегирифтаанд. Меҳмонро воҷиб будааст, ки як ё ду дона нонро рўйи даст дошта, аз он чош- ние бигирад, яъне луқмаеро бихўрад.313 Барои аз чашми бад нигоҳ доштани аҳли хонадон дар ҷойи чашмраси ҳавлӣ, бештар дар дарвозахона, тўморҳои гуногун- ро овехта ҳам мемондаанд: аз қабили бўғурсоқҳо, ҳазориспанд, қаланфур, шохи буз, каллаи гўсфанд ва амсоли инҳо. Баъди раф- тани меҳмон хонаю дарашонро тавассути дуд додани испанд аз ҳар гуна бало тоза месохтанд.

Ба ҷиҳатҳои ахлоқию маънавӣ ва тарбиявии пазиро- ии меҳмонон эътибори калон дода мешуд. Мусаллам аст, ки меҳмонхонаи ашхоси бомаърифат ба ҳайси китобхона, маркази сўҳбату мавъизаҳои аҷоиби уламо ва баҳсу мунозираҳои шадид хизмати бузург мекарданд. Аксаран дар чунин меҳмонхонаҳо осори олимону аҳли сухани мардуми тамаддунофари тоҷик гирд оварда мешуданд.

Тибқи русуми шаръӣ даъват намудан ва созмон бахшидани сўҳбату вазъҳои олимон савоби бузург маҳсуб мегардид. Бинобар ин, ҳар фарде, ки хештанро мусалмон мешумурд, кўшиш ба харҷ медод, ки дар меҳмонхонааш ҳарчӣ бештар аҳли илмро меҳмон намуда, аз баракати сўҳбатҳои эшон хешу пайвандон ва дўстону ҳамсоягонашро баҳраманд бигардонад. Мавридҳое низ мешуд, ки аз меҳмонхона ба сифати мактаб истифода менамуданд, ки мулло ва ё отунбибӣ ба бачагон маълумоти ибтидоӣ медоданд.

Талаботи ахлоқӣ ҳам дар ин ҷода басе баланд буданд. Пеш аз ҳама, ба нишонаи эҳтиром соҳиби хонаро лозим буд, ки ба истиқболи меҳмон аз даромадгоҳи ҳавлияш берун барояд (дар остона қарор гирифтани хоҳ мизбону хоҳ меҳмон ва ё дар бо- лои он ба ҳам оғўш кушода ё даст дода вохўрӣ намудани эшон қатъиян мамнўъ буду камоли беадабӣ арзёбӣ мегардид). Баъди пазироӣ ба ҳавлӣ аввал ҳатман мизбон ва танҳо аз паси ў меҳмон ворид мегардид.

Мо дар ҳаҷми ин мухтасари хештан ҷиҳатҳои асосии манзилсозӣ ва меҳмондории тоҷикони кўҳистон ва водиро матраҳ намудем. Ва чунонки хулоса кардем, умуман созмон дода- ни ҳавлӣ, таркиби хонаҳои истиқоматӣ, бахусус таҷҳизонидан ва перостани даҳлез, айвону меҳмонхонаҳо чи дар деҳоти кўҳистон ва чи шаҳру деҳкадаҳои қисмати водӣ, пеш аз ҳама, ба тақозои мақоми иҷтимоӣ ва дараҷаи сарватмандии соҳибманзилон ирти- боти ногусастанӣ доштаанд.

Ҷамшед ҶЎРАЗОДА

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...