(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Осорхонаҳо дар замони муосир имконияти бештареро дар таҷассуми таърихи диёр доро ҳастанду маълумотҳои таърихиву илмиро бо асноди воқеӣ чун ангораву бозёфтҳои археологӣ ва маводҳои мондагор барои имрўзиён манзур месозанд.

Аз ин рў, таърихи шаҳри бостонии Хуҷанд дар баробари дар кутуби таърихиву адабӣ мастур будан дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ мунъакис мебошад.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маконест, ки барои ҳар як сокини кишвар аз мавҷудияти деринаи миллат дарак медиҳад, саҳифаҳои корномаҳои халқу миллатро боз мекунад ва ошноӣ бо он дар худшиносии миллӣ, баланд шудани сатҳи маърифату дониши инсонҳо муассир ме- бошад. Дар оинаи таърихи осорхона нигораву гузоштаҳо чун баёнгари воқеаву рўйдодҳои чандинҳазорсолаи гузаштагони бонангу номуси мо инъикос ёфтааст, ки ҳар яке дарси ибрати бузург барои имрўзиёну фардоиён аст. Дуруст гуфтаанд, ки гузаштаро надониста роҳи фардои зиндагиро дарёб кардан мумкин нест. Ба қавли Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Фаромўш набояд кард, ки аҷдодони гузаштаамон аз худ ба мо ёдгориҳои гаронбаҳои меъмориву таърихӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиро ба мерос гузошта, аз насл ба насл моро ҳамеша ба ваҳдату дўстӣ, ҳусни тафоҳум, ободкориву созандагӣ, меҳнат кардан, омўзишу донишандўзӣ, риояи одобу ахлоқи ҳамида талқин кардаанд». Аз ин чашмандоз бинои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки даҳ сол муқаддам дар перояи нав дари худро боз намуд, бо ҳифзи дороиҳои пурарзиши таърихӣ дар пойдорӣ, сарбаландиву сарфарозии миллати куҳанбунёди мо дар байни қавму миллатҳои дигар нақши боризеро адо мекунад. Симои меъмории имрўзаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки таҷассумгари нақши қадиму муосир аст, бо дороиҳои ба маърази тамошо ниҳодааш, усули намоиш, рамзу нигоштаҳои зарифи таърихиаш дирўзи моро бо имрўз мепайвандад. Шояд камтар осорхонае бо ин шакли меъморӣ, ки тамошобинро ба худ ҷалб мекунад, дар қаламрави Осиёи Марказӣ мавҷуд бошад. Дар ин маврид месазад аз ҳунару эъҷози созандагони осорхона, ки ҷолибу беназир аст, ёдрас шавем. Чун ба осорхона ворид мешавед ва ба бахши аввали он назар меку- нед, дар пештоқи намоишгоҳ чашми шумо ба санъати ҳунарие бармехўрад, ки номи онро мутахассисон барелйеф мегўянд. Тавассути ин санъат таърихи тоҷикон аз оғоз то имрўз бо нақшу нигори хос кандакорӣ шудааст. Муаллифон бо забони нақшу нигори хоса таърихро бо муҳимтарин ҳодисаву воқеаҳояш дар он инъикос кардаанд. Ё худ зери шишаҳо гузоштани ёдгориҳои таърихи аҳди қадим (бозёфтҳои археологӣ), ки болои он ташрифкунанда қадам мезанад, низ аз дастовардҳои муосири усули намоиш дар музейҳои ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин мавҷудияти намунаи манзили миллӣ, ки хонаи қадимаи тоҷикиро аз як маҳаллаи қадимаи шаҳри Хуҷанд, ки устоҳои чирадаст усто Фозил ва усто Солеҳ бо назокат ва мехбандии хоса интиқол кардаанд ё кошикории сангӣ, ки аз сангҳои рангини кўҳҳои Суғду Бадахшон шудааст, ҷолиби таваҷҷўҳ мебошад. Глобус ё худ курраи арзи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз бошад, дар даромадгоҳи осорхона шукўҳу шаҳомати ин макони таърихиро дучанд афзудааст. Воқеан, Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ кӣ буд? Ин олими тавоно соли 1842 дар ш. Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Падараш соҳиби коргоҳи абрешимресӣ буд. Мавсуф дар сафари ҳаҷ вафот мекунад ва Ҳоҷӣ Юсуфро дар синни шашсолагӣ бесаробон мемонад. Ҳоҷӣ Юсуф, ки дар дил завқи зиёд ба саёҳат ва ҷаҳонгардӣ дошт, дар синни дувоздаҳсолагӣ бо мақсади зиёрати қабри падараш ба корвони тоҷирони хуҷандӣ ҳамроҳ шуда, ватанро тарк мекунад. Вале бо амри тасодуф дар хоки Арабистон аз корвон оқиб мемонад. Як нафар зоири тоҷик ба ҳоли кўдаки сарсону бепарастор раҳмаш омада, ўро зери ҳимояи худ мегирад. Ҳоҷӣ Юсуф дар яке аз маъруфтарин мадрасаҳои Қоҳира -«Ал-Азҳар» панҷ сол таҳсил ва ба хотири такмили дониш чанд соли дигар ба сифати устоди ин боргоҳи илм фаъолият мекунад. Дар синни 24-солагӣ ҳавои дидори Ватан бар дилаш асар мекунад ва ба шаҳри Хуҷанд бармегардад. Чанд муддат бо илмҳои дақиқ шуғл меварзад, вале ин саргармии ў ба рўҳониёни ҷоҳил хуш намеояд. Ҳоҷӣ Юсуф бо муллоҳои мутаассиб, ки мағзашон бо хурофот заҳролуд гардида буд, муборизаҳои шадид мебарад, то чароғи илму маърифатро дар диёраш рўшан кунад. Вале муллоҳои ҷоҳил ба ў тахаллуси «Ҳоҷӣ Кофир» дода, вазъияташро хеле танг мекунанд.

Ҳоҷӣ Юсуф маҷбур мешавад, ки дубора тарки Ватан кунад ва соли 1875 ба шаҳрҳои Оренбург, Маскав ва Санкт-Петербург ҳиҷрат кард. Ў дар ин давра зиёд кўшиш кардааст, ки забон, адабиёт, таърих ва дигар илмҳои муосири русро фаро бигирад. Дар ин сафар, ки тақрибан 12 сол идома меёбад, Ҳоҷӣ Юсуф ба кишварҳои Туркия, Эрон, Сурия, Миср, Марокаш, Алҷазоир, Юнон, Италия, Испания, Фаронса, Инглистон ва Олмон саёҳат мекунад. Ў дар синни 45-солагӣ боз ба Ватан бармегардад. Аз-аски аксарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайати Русияи подшоҳӣ шомил гардида буданд, ў ба ҳайси мутахассис дар вазифаҳои мухталифи маъмурӣ, аз ҷумла, муҳандиси соҳаи обёрӣ- мироб, волии баъзе навоҳии уезди Хуҷанд ва ҳатто мири Хуҷанд фаъолият намудааст.

Ин олими маъруф, ки ситти иштиҳораш ҷаҳонӣ аст, соли 1924 дар 82- солагӣ оламро падруд мегўяд. Қабл аз вафоташ ба фарзандонаш васият мекунад, ки мероси илмиашро ба давлат супоранд ва бигзор Ҳокимияти Шўроӣ дар хонаи ў барои фазандони мардуми камбағал мактаб кушояд. Ин васияти ў ҷомаи амал мепўшад.

Ҳоҷӣ Юсуф олими мутафаннин буд ва дар рушди соҳаҳои тиб, табиатшиносӣ, харитасозӣ, нуҷум, риёзиёт, сарфу наҳв, адабиёт, мусиқӣ ва соҳаи обёрӣ (ирригатсия) кашфиётҳои нодир кардааст. Ў тақрибан 11 адад глобуси хурду калон сохтааст. Яке аз глобусҳои тартибдодаи ў ҳоло дар осорхонаи Самарқанд ва нусхаи он дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд маҳфуз аст. Ҳоҷӣ Юсуф дар обёрии заминҳои бекорхобидаи водии Фарғона, аз ҷумла, уезди Хуҷанд саҳми арзишманд гузошта, аз ҷониби Пристави уезди Хуҷанд бо камарбанди нуқракўб ва дар пойтахти Русияи подшоҳӣ-шаҳри Санкт-Петербург бо медали «Мироби дараҷаи II» тақдир шудааст.

Барои таҳияи глобус нахуст аз ҷониби губернатори Самарқанд, баъдтар Генерал-губернатори Туркистон қадрдонӣ шудааст ва бо тавсияи онҳо ба Санкт-Петербург сафар карда, дар Сарское Село (қароргоҳи шоҳӣ) ба дидори Императори Русия мушарраф гардидааст. Глобуси нахустин тақрибан беш аз 150 сол қабл аз солшумории мелодӣ аз ҷониби Кратет Маллскии Юнонӣ таҳия шудааст. Дар олами Шарқ аз нахустин ихтироъкорони глобус Ҷамолуддини Бухороӣ ва Абўрайҳони Берунӣ маҳсуб мешаванд. Аз қадимтарин глобусҳое, ки то имрўз маҳфуз мондааст, глобуси машҳур бо номи «Себи заминӣ» аст, ки ҷуғрофидон ва харитасо- зи маъруфи немис Мартин Беҳайм соли 1493 дар асоси харитаи Птоломей ва сайёҳ Марко Поло тартиб додааст.

Ба арзиши илмии глобуси Ҳоҷӣ Юсуф аъзои Ҷамъияти ҷуғрофишиносии Русия, ки он замон яке аз марказҳои босалоҳияти илмии Аврупо маҳсуб мешуд, баҳои баланд додаанд. Оре он глобусе, ки дар даромадгоҳи осорхона ба маърази тамошо ниҳода шудааст, ҳамин қадар таърих дорад ва ба ташрифоваранда метавон ин маълумоҳоро пешниҳод кард.

Ин гуна падидаҳои нодир, ки ҷолиби диққат аст, дар осорхонаи вилоятӣ фаровон ба назар мерасад. Яъне ҳар касе, ки ба Осорхонаи таърихии вилоятӣ ворид мегардад, ба дунёи куҳан бо чашмандози муосир назар мекунад ва барои дарку маърифати нигоштаву гузоштаҳо ба ҷуз роҳнамоии роҳбалади осорхона ўро хирад, рамзкушоиву маъниёбӣ муҳим мебошад. Ба қавле, агар ба дидаи хирад назар намоем, бемуҳобо зи ҳар як акс ё гузоштаву нигораи таърихӣ рамзе метавон дарёбем.

Замоне, ки бинои нави Осорхонаи таърихии вилоятӣ бунёд мешуд, банда дар вазифаи директори барномаҳои телевизиони вилоятии Суғд фаъолият доштам. Раҳбари вақти вилоят Қосим Раҳбар пайваста аз рафти бунёди музей боздид ба амал меоварданд ва дар арафаи анҷомёбии корҳо дар бунёди осорхона ҳар ҳафта рўзи душанбе машварати корӣ бо масъулону муттахасси- сон доир мешуд ва мо, кормандони телевизион онро ба навор мегирифтем. Сабти мо ба хотири пахш дар телевизион набуд, балки ба хотири сабт дар таърих сурат мегирифт, зеро ҳар дафъа дар ин машваратҳо шахсиятҳои барўманд, олимону муаррихон, до- нишмандон ва адибон ширкат меварзиданд ва нуқтаҳои ҷолибе оиди бунёди он ироа мешуд. Ҳаргиз фаромўш карда наметавонам баҳсҳоро, филмасал, перомуни гузоштани ҳайкали қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик дар музей ва диораммаи муҳорибаи ў, масъалаи интихоби ранг дар кошикории толори Искандари Мақдунӣ, ки онро “нақшу нигори флорентии санг” низ мегуфтанд, интихоби ёдгориҳои археологӣ барои намоиш, таҳрир ва тасҳеҳи матнҳои дар деворҳои осорхона насб мешуда ва монанди инҳо. Аксари ин машваратҳо ҷанбаи илмӣ ба худ касб мекард ва масоили сохтмону сифати кори бинокорон дар поёнтари ҷаласа мавриди муҳокима қарор мегирифт. Аз масъулини ҳукумат аз кашидани лоиҳаи осорхона то ҷузъитарин масъалаҳои иҷроиши кор сармеъмори вилоят Музаффар Юнусов, муовини ў Аюбҷон Раҳматов бори заҳмат дар дўш доштанд. Ҳамчунин саррасом шодравон Акбар Маҳмудов низ серкору сертараддуд буду масъули- яти бештареро ба зимма гирифта буд. Рассоми маъруф Раҳмат Ботуралиев, ки маҳз барои бунёди толори эллинистии осорхона бо ҳунари кошикорӣ - нақшу нигори сангии флорентӣ таҳти унвони «Искандари Мақдунӣ» сазовори Ҷоизаи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ гардид, бо шогирдони худ эъҷозкорӣ мекард ва мўъҷизаи санъ- ати бемисли онҳо имрўз осорхонаро зинат мебахшад. Ҳикмати ангораҳои ҳамин толор ба инсон таъсири бузурге мерасонад, ки хулосаи он дар абёти дар девори осорхона насбёфта баён ёфтааст, ки дар поёнтар онро зикр мекунем Дар осорхона ду толори таърихӣ мавҷуд аст, ки яке давраи сангӣ ва дигаре давраи фулузиро инъикос мекунад, ки он маҳсули заҳмати рассом Комил Ёдгоров ва шогирдони ў мебошад. Нақши дасти ин ҳунарманди беҳамто имрўз бо ҳамон сифати баланд ва нотакрор барои имрўзиён бо забони аёният ҳикоят аз оғози мавҷудияти инсоният менамояд. Рассоми хушсалиқа Даврон Раҳматов ду вазифаи бузургро дар осорхона ба анҷом расонида- аст: яке сохтани ҳайкали Темурмалики Хуҷандӣ ва дигаре нигориши барелйев, ки дар боло зикраш рафт. Диарамаи муҳорибаи Те- мурмалик, ки дар паси ҳайкали қаҳрамони халқи тоҷик барқарор аст, маҳсули заҳмати рассом Абдураҳим Ҷабборов аст.

Толори Ҳахоманишиниҳо, ки бо сарварӣ ва заҳмати рассоми моҳир муаллифи акси Хоҷа Камоли Хуҷандӣ - Ғафурҷон Ҷўраев бунёд гардидааст, бо асноди илмӣ асоснок шуда, бо завқи баланд эҷод гардидааст. Боиси зикр аст, ки Ҳахоманиш пешвои иттиҳоди қабилаҳои форс буд ва сулолаи шоҳони дав- лати Ҳахоманишиён солҳои 558-330 то милодӣ ҳукм рондааст. Вориси ин авлод Куруши Кабир буд, ки имрўз бо ифтихор аз ў ном мебарем. Пайкараҳои шоҳони он даврон, ки маҳсули да- сти рассоми тоҷик аст, моро бо гузаштаҳои дур ошно месозад. Баҳсҳое, ки сарвари вилоят Қосим Раҳбар бо Ғафурҷон Ҷўраев баргузор мекарданд, ниҳоят тезу тунд, вале судманд анҷом ме- пазируфт. Дар машварат баҳсҳои илмӣ оид ба бунёд ва намуди бино, толорҳо, усули намоиши нигораҳо донишмандони фози- лу фарҳехтаи кишвар Назирҷон Турсунов, Абдулло Мирбобоев, Саидҷон Марофиев, Абдуманнон Насриддинов, Шарифҷон Ахмедов, Муҳиддин Файзуллоев, Ҳабибуллоҳ Тоатов, Усмонҷон Ғаффоров, Абдуҷалил Бобокалонов, кормандони осорхона Аҳрорхўҷа Бузуруков, Файзуллохўҷа Додохўҷаев, Кимиё Атоева ширкат варзида, ҳар яке фикру андешаҳои худро дар перомуни ин ё он масъала баён мекарданд. Аз байни олимон муаррихи шодра- вон Саидҷон Марофиев фаъол буданд ва фикру дархости хешро бо асноди таърихӣ собит мекарданд. Одатан, раиси вилоят савол медоданду муттахассисон ҷавоб. Махсусан ба пурсишҳо сармеъмор Музаффар Юнусов ва рассоми шодравон Акбар Маҳмудов ҷавоб медоданд. Вақте аз навор баъди 10 сол он баҳсҳоро тамошо мекунам, мушоҳида менамоям, ки то кадом андоза ҷузъ ба ҷузъ масъалаҳо матраҳ шудаанд. Аз равзанаи начандон дури таърихӣ вақте ба воқеаҳои он рўзҳо назар менамоем, ҳадафҳои муассисони Осорхонаи нав равшантар ба назар мехўрад:

1. Мақсади асосии роҳбарияти онрўзаи вилоят ва дастандаркорони ин кори таърихӣ қабл аз ҳама таҳриф накардани таърих буда, дуруст бо назардошти ҳақиқати таърихӣ ва манфиатҳои миллӣ инъикос кардани саргузашти миллат маҳсуб меёфт.Чунин ба назар мерасад, ки ин мақсад иҷро гардид ва осорхона имрўз инъикосгари ростини таърихи кишвар мебошад.

2. Дигар аз ҳадафҳо барои одамон барандагони мероси даҳҳоҳазорсолаи таърих дода тавонистани сабақи ибратбахши таърихӣ маҳсуб меёфт. Яъне осорхона мебоист рисолатеро адо намояд, ки назари бинанда ба зиндагӣ, ба таърих, ба миллат бо назардошти эҳсоси баланди худшиносӣ бо тамошои он ба сўи беҳӣ тағйир ёбад.Яъне музей баробари баланд бардоштани до- нишу маънавият, ҳамзамон бояд нақши боризе дар маърифат, муқоиса,баҳогузорӣ ба таърих ва бо назардошти он амал кардан- ро гузорад.

3. Сохтани осорхонаи ҷавобгўи талаботи замон. Дар ин замина бо истифода аз таҷрибаҳои беҳтарини музейҳои кишваршиносии дунё, бунёд намудани осорхонае буд, ки сабку услуби замонавиро инъикос намояд. Дар ин самт бо дастгирии ҳукумати вақт борҳо аз осорхонаҳои хориҷи кишвар боздид ба амал бароварда шуд. Муттахассисон аз сафарҳои худ муҳимтарин ва навтарин усулҳои бунёди осорхонаро интиқол менамуданд.

4. Дигар аз ҳадаф, ин интихоби дурусти нигораҳо барои намоиш додан маҳсуб меёфт. Дар машваратҳо пешниҳод мешуд, ки намоиши аз лиҳози миқдор зиёди нигораҳо наметавонад ба фоидаи кор бошад. Интихоби беҳтарин ва пурарзиштарини нигораҳо аз муттахассисин масъулияти бузургро тақозо мекард ва он мутобиқи матлаб анҷом пазируфт.

5. Ҳамчунин ба назар гирифтани устухонбандии маънавӣ ва пайдарпаии толорҳо аз рўи хронологияи таърихӣ. Яъне кўшиш бар он мерафт, ки дар намоиши нигораҳо, тасвиру нақшҳо, матн ва ғайра ба иштибоҳи таърихӣ роҳ надиҳанд. Мақсади ниҳоӣ таъсис додани музейе буд, ки ҳамсону ҳамсанги он ақаллан дар Осиёи Марказӣ набошад.

Дар яке аз ин гуна машварати корӣ, ки дар арафаи анҷом ёфтан баргузор шуд, собиқ раиси вилоят Қосим Раҳбар хоҳиш намуданд, ки вобаста ба моҳият ва арзиши осорхона ду байти хуб дарёб намоем, то дар яке аз ҷойҳои намоён насб гардад. Ҳамчунин як порчаи манзум дар толори “Искандари Мақдунӣ” пешниҳод бояд намоем, ки ифодагари мазмуну маънии оқибати кори Ис- кандар бошад. Зеро толори “Искандари Мақдунӣ” баҳсҳоеро ба миён оварда буд, ки коршиносонро ба ду ҷабҳа қисмат сохт. Зеро як ҷониб хилофи инъикоси Искандари ғаддор буданду ҷониби дигар ҳақиқати таърихро асос меҳисобиданд. Бо назардошти бардоштани сабақи таърихӣ аз рўзгори он ҷаҳонгир толор бо тамомияти ҳунару санъат бунёд ёфт. Ҳамин тариқ ҳафтаи дигар чанд нафар абёти интихоби хешро пешниҳод намуданд. Банда, ки низ ҳамчун корманди телевизион ва як нафар адабиётшинос борҳо аз ҷониби раиси вилоят ба баҳсҳо кашида мешудам, барои толори Искандар ду байт аз осори Боботоҳири Урён пешниҳод намудам, ки қобили қабул қарор гирифт:

Рафтам ба дари қабри шаҳаншоҳи Яман,

Ў даст бароварду ба ман дод кафан,

Гуфто, ки аз ин саховатам айб макун,

Аз моли ҷаҳон ҳамин расидаст ба ман.

Дар мавриди моҳият ва арзиши осорхона аз ашъори Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ манзур намудам, ки он низ мақбули раис ва аҳли машварат гардид ва имрўз дар яке аз ҷойҳои намоёни осорхона зевари табъ гардидааст:

Омадам дар ин ҷаҳон, то хешро пайдо кунам,

Чанд рўзе хешро дар зиндагӣ ҳампо кунам.

Гар натонам мурдаеро зинда созам баъди марг,

Қарз бошад, ёдгори мурдаро эҳё кунам.

Дар навори хотироти ман рўзи ифтитоҳи Осорхона бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи ин сарвари фозил ин макони таърихӣ бунёд ёфтааст, рўшан нақш бастааст. Он рўз барои мардум, махсусан барои аҳли илму маърифат тантанаи бузурге буд, зеро маконе ба рўи сокинони вилоят дари худро боз намуд, ки барои шинохти асли худ, донистани таърихи гузаштаи пур аз корнамоиҳову сарфарозиҳои миллат нақши боризе хоҳад гузошт. Гузашта аз ин, бунёди Осорхонаи таърихии вилоят, воқеаҳои марбут ба он, ки хидмати фарзанду наберагони бузургони Хуҷанд мебошад, худ низ таърихи начандон дур, вале пуршарафи моро ифода мекунад, ки донистани ҷузъиёти он дар шинохти Осорхонаи таърихӣ пурарзиш хоҳад буд.

Инак, имрўз Осорхона як ҷузъи Маҷмааи фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд “ маҳсуб меёбад ва бемуҳобо, баъди перояи нав ба бар кардани Боғи Камоли Хуҷандӣ, бунёди хонаи шоир ва қомат рост кардани пайкараву мақбараи Шайхи номвар теъдоди ташрифкунандагони осорхона афзудааст. Ҳамзамон осорхона ба як маркази илму таҳқиқ табдил ёфта, ҳамчун як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа барои мардум хидмат мекунад. Ба як маънӣ он равзанаест ба гузаштаи таърихи шаҳри Хуҷанд ва умуман, миллати сарбаланди тоҷик.

Саидумрон Саидов

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...