(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад,ҳатман осорхона бунёд мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сатҳи фарҳангу маънавиёти ин ё он миллат аз ғановати осорхонааш ҳувайдост. Ҳар миллате, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ мехоҳад боқӣ бимонад, бояд решаҳои таърихию фарҳангии аҷдоди хешро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими пешрафти худ қарор бидиҳад, аз он сабақ бигирад ва дар ин асос барои наслҳои оянда заминаи бунёдии фарҳангию маърифатӣ ва иҷтимоию иқтисодиро ба мерос бимонад.

Шаҳри Хуҷанд аз замонҳои қадим аз маъмултарин шаҳрҳо- воҳаҳои тараққикардаи Вароруду Хуросон ба шумор мерафт. Муаллифони асрҳои миёна ва ҷуғрофидонҳои Шарқу Ғарб Хуҷандро дар радифи шаҳрҳои Балху Бухоро ва Самарқанд номбар кардаанд. Мувофиқи бозёфтҳои бостоншиносон Хуҷанд 3-ҳазорсола буда ва таърихи моддии он дар нигораҳои Осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд инъикос ёфтааст.

Осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд 27 ноябри соли 1986 ифтитоҳ гардид. Бинои аввалини осорхона дар шафати девори шарқии қалъа ҷойгир буд. Ташабускори ташкили ин осорхона бостоншиноси маъруф, академик Нуъмон Неъматович Неъматов буда, дар таъмир ва ороиши осорхона саҳми меъморон А.Абдуллоҷонов, Р.Одинаев ва дигарон басо калон мебошад.

29 ноябри соли 1986 Осорхонаи навбунёд толори намоишгоҳи худро барои бинандагон боз намуд. Бунёди бинои Осорхона ва ба фаъолият оғоз намудани он як рўйдоди муҳими таърихӣ ва падидаи барҷастаи фарҳангии рўзҳои ҷашни 2500-солагии Хуҷанд гардид. Бояд қайд намоем, ки ин осорхона якумин осорхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки пурра ба археология бахшида шудааст ва ҳамаи нигораҳои он дар натиҷаи ковишҳои археологии бостоншиносони тоҷик дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба даст омадаанд. Бо кўмаки кормандони Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар осорхонаи археологияи Хуҷанд экспозитсияи доимамалкунанда ташкил карда шуд. Фонди Осорхона до- рои зиёда аз 1000 нигора буда, танҳо 562-тои онҳо дар намоишгоҳ ҷой доранд. Имрўз нигораҳо дар толори осорхона, ки масоҳаташ 148,19 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ба таври даврабандӣ ҷойгир гардида, ба шўъбаҳои қадимтарин, қадим, асрҳои миёна тақсим шудаанд. Дар экспозитсия асосан пораҳои маснуоти сафолин (ҷом, кўза, фиала (пиёла), табоқ, хуму хумча ва ғ. ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо ба давраҳои гу- ногуни шаҳри Хуҷанд таалуқ доранд. Хиштҳои калони аз давраи забти Искандари Мақдунӣ (асри IV пеш аз милод), маснуоти ши- шагини асрҳои VIII-IХ мелодӣ, чароғҳои сафолин, оташдонҳо ва дегҳои асрҳои IХ-Х (мутаалиқ ба давраи Сомониён) низ ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Сокинони шаҳр ва меҳмонон, иштирокчиёни тантанаҳои ҷашнӣ бо як завқу шавқи баланд ба тамошои осорхона меомаданд. Осорхона чун макони муқаддас ба одамон кўмак менамояд, ки боварии худро тақвият бахшанд ва ҷаҳонбинии худро ба арзишҳои фарҳангии дар ҷомеъа қабулшуда муқоиса намоянд.

Тибқи муқаррароти тахассусӣ фаъолияти оммавӣ, таълимӣ, тарбиявии осорхона яке аз унсурҳои асосии робита бо тамошобин буда, ҳадаф аз он ташаккули фарди фаъоли ҷомеъа, пайдо шудани анъанаҳои ахлоқӣ, зебопарастӣ ва донишомўзӣ дар шахс мебошад. Шумораи тамошобинони осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд хеле зиёд буд. Хусусан, дар рўзҳои таътил ва идҳо хонандагони макотиби шаҳр ва ноҳияҳои вилоят барои тамошои осорхона меомаданд. Осорхона хусусиятҳои хоси худро дошта, ба баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ равона шудааст. Осорхона рисолати тарбиявӣ низ дошта, дар он истифоданамоии бозёфтҳои қадимӣ, ки таърихи пурмўҳтавои сарзамин ва анъанаҳои фарҳангиро бозгў менамоянд, ифода меёбад.

Дар ибтидои фаъолияти осорхона имкониятҳои хуби пешбурди корҳои ҷамъоварию нигаҳдорӣ, илмию таҳқиқотӣ ва оммавию маърифатӣ мавҷуд буданд. Солҳои 1987-1992 кормандони илмии осорхона дар тадқиқоти мавзеъҳои Хуҷанд фаъолона иштирок карда, асарҳои илмӣ низ ба чоп омода намуданд.

Ба хотири баҳрабардории тамошобинон аз осори ниёгон дар фаъолияти осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд ба экспозитсия диққати ҷиддӣ дода шудааст. Чун осорхона маркази омўзиши археологӣ аст, маснуоти сафолин қисми зиёди экспозитсияро ташкил менамояд.

Ҳамаи нигораҳои осорхона аслианд. Ин ҳам арзиши экспо- зитсияи осорхонаро баланд менамояд. Зеро маҳз таъсири зеҳнию равонии нигораҳои аслӣ ба тамошобин бештар буда, кас худро дар оламӣ таърихӣ ҳис менамояд.

Ҳар як нигорае, ки дар намоиш гузошта шудааст, бо нигораи дигар аз ҷиҳати пайдарҳамии таърихӣ ва даврабандӣ дар ро- бита ва бо мазмун наздикӣ дорад.

Дар ороиши бахшҳо матнҳои тавзеҳӣ, зернавиштҳо, нақшаю харитаҳо ва дигар маводи ба ҳам марбут истифода шуданд. Нигораи қимматарини осорхона - тоскулоҳи оханини ҷанговари сакоӣ (асрҳои V-IV то милод) мебошад, ки он дар ҷаҳон сеюмин аст. Академик Н.Н.Неъматов ин бозёфтро ба сакоиёни соҳили рости руди Яксарт (Сирдарёи имрўза) нисбат дода буд.

Солҳои 1996-2010 дар бинои Осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд Маркази илмии гуманитарии ЮНЕСКО-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шуда буд, ки ин ҳам барои пешрафти фаъолияти илмии осорхона таъсир худро расонид. Баробари ин Осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд пурра ба тавозуни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузашт.

Ба чоп расидани ду роҳнамои осорхона ба забони русӣ ва забони англисӣ маҳсули фаъолияти илмии кормандо- ни осорхона буда, ҳамчун тўҳфае барои тамошобинони Русия, мамлакатҳои ҳориҷи дуру наздик пешкаш гардид.

Аммо аз сабаби бад шудани вазъияти молиявии Донишгоҳ фаъолияти осорхона низ коҳиш ёфт. Шумораи тамошобинон хеле кам шуд. Фаъолияти имрўзаи осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд дар гузаронидани саёҳатҳою вохўриҳо танҳо дар ҳайати гурўҳҳои алоҳидаи донишҷўёни факултети таърих ва ҳуқуқ маҳдуд аст. Бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки осорхона фақат маҳзани ёдгориҳои бостонию нодир нест, балки оинаи таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик аст.

Умед дорем, ки осорхона дар ояндаи наздик фаъолияти худро беҳтар гардонида, диққати донишҷўёни факултетҳои дигари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва хонандагони мактабҳои гирду атрофро ба осорхона ҷалб менамояд.

Набиҷон Раҳимов

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...