(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо устодону донишҷӯёни макотиби олии маркази вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вохӯриро ифтитоҳ намуда,аз ҷумла таъкид дошт, ки тайи як ҳафтаи охир мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, ҳамзамон мавзӯъҳои вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби сармоягузориву рушди бемайлони соҳибкорӣ ва амалигардии ҳадафҳои стратегӣ, бакорандозии чархаи дуюми НБО «Роғун» ва ғайраҳо сурат гирифта истодааст.

Сипас, Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки татбиқи комил ва саривақтии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар гирдоби бархӯрдҳои иқтисодию сиёсӣ ва низомию геополитикӣ миллати тоҷикро муттаҳид ва давлатиТоҷикистонро ба зинаҳои баландтари иқтисодию фарҳангӣ раҳнамун созад. Зеро Сарвари давлатамон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ тамоми ҷузъиёти муҳими сиёсати пешгирифтаи давлатамонро вобаста ба масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, илмию гуманитарӣ ва минтақавию байналмилалӣ, ки бевосита ба рӯзгори мардуми кишвар ва ояндаи миллати тоҷик иртибот доранд, таҳлилу баррасӣ намудаанд.

Гулбаҳор Назирӣ доир ба фаъолияти парлумони мамлакат тайи як соли охир маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 31 Шӯрои Маҷлиси намояндагон бо назардошти масъалаҳои коргузорӣ зиёда аз 400 қарор қабул карда шуд. Дар 24 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бошад, 171 масъала таҳлилу баррасӣ шуда, дар мавриди онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Аз ҷумла 97 қонун ва тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои амалкунанда, 23 созишномаи байниҳукуматӣ ва дигар барномаву санадҳо ба тасвиб расиданд. Дар кумитаву комиссияҳо ва дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як силсила қонунҳои мукаммал, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», «Дар бораи ҳунармандӣ» ва «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва таҳлилу баррасӣ гардида, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон қабул шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳар як тағйиру иловаи воридшуда ба беҳтар гаштани фаъолияти соҳаҳои алоҳида ва такмили низоми қонунгузории кишвар мусоидат менамояд. Тоҷикистон чун дигар ҷомеъаҳои мутамаддин дар ҳоли рушд аст ва падидаҳое дар муносибатҳои иҷтимоии одамон рӯи кор меоянд, ки танзими ҳуқуқии онҳо вазифаи ҷонии мақоми қонунгузор мебошад. Чунончи, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки масъулиятҳои фитрию ҷамъиятии волидайнро дар баробари фарзандон ва давлату ҷамъият мушаххас менамояд. Таваҷҷуҳи ҷиддии чанде аз кишварҳои ҳамҷавор ба ин қонун далели он аст, ки проблемаи тарбияи насли солиму созанда на танҳо талаботи давлати Тоҷикистон, балки мушкили умумибашарӣ мебошад. Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ахлоқи ҳамидаву таҳаммулгароӣ ва қонунписандӣ метавонад наслеро ташаккул бидиҳад, ки орӣ аз хурофоту андешаҳои тундгароӣ бошад. Бо дили пур метавонем қонуни мазкурро дар баробари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз дастовардҳои муҳимтарини соҳаи қонунгузории миллӣном барем. Зеро ин қонунҳо масъалаҳоеро ба танзим медароранд, ки ба мушкилоти миллӣ мубаддал шуда буданд.

Гулбаҳор Назирӣ зикр дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои охир дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъол ва пешсаф дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, ба монанди терроризм ва ифротгароӣ, арзёбӣ шуда, дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сипари бо эътимоди амниятӣ эътироф гардидааст.

Мавсуф аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бештар бо дониши муосир мусаллаҳ гарданд. Сипас, Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд андешаҳои хешро доир ба дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ баён дошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқотро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо марҳила ба марҳила рушд намуда истодааст. Дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 510 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода шуда истодааст.

Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар яке аз ҳадафҳои олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, Ҳукумати кишвар тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар менамояд. Бояд хотир нишон намуд, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми тоҷик даврони басо мушкили зиндагӣ ва барои давлат даврони сангини идораи давлатдорию рушди иқтисодӣ ба шумор мерафт. Хушбахтона, бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мушилот пайи ҳам роҳҳои ҳалли худро ёфтанд. Баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ орзую армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди иктисодии кишвар ва шароити хуби зиндагӣ барои халқи тоҷик таъмин гардид.

Ҳамасола паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун стратегияи рушди давлатдорӣ дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ ё худ фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандон самткушоӣ мекунанд.

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба шаҳрвандони камбизоат имтиёзҳои зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла аз пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ озод намудани табақаи ниёзманди аҳолӣ ва маъюбону бепарасторон кафолат дода мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...