(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Замони зиндагии яке аз шоирони камшинохтаи хуҷандӣ Мирзо Шўхӣ ба давраи бисёр пуршару шўри таърих – асри ҳаждаҳум дуруст меояд. Дар ин давра муҳимтарин рўйдоди сиёсиву иҷтимоӣ суқути сулолаи аштархонӣ ва ба раёсат расидани сулолаи манғитиён аст.

Ба ишораи муҳаққиқ У.Каримов баъди ба мансаби аморат расидани манғитиҳо ва тамаркуз пайдо кардани онҳо низ вазъияти зиндагонии мардум, ки дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай хароб шуда буд, беҳтар нагардид. Аз ин рў, дар бораи аксар намояндагони ин давра, ки Шўхӣ ҳам аз зумраи онҳост, маълумоти хеле кўчаки илмӣ дар даст дорем. Дар бораи номи пурраи шоир тақрибан маълумоти дастрасе мавҷуд нест. Фақат аз ишораи бархе сарчашмаҳо, аз қабили «Туҳфат-ут-таворихи Хонӣ»-и Муҳаммад Амин домулло Рўзӣ ибни Муҳаммади Аттор, «Ансаб-ус-салотин фи таворихи-л-хавоқин»-и Мирзо Олими Тошкандӣ, «Таворихи манзума»-и Имомалии Қундузӣ ва ғайра номи шоир ба ҳамин минвол, яъне Мирзо Шўхии Хуҷандӣ сабт шуда, пеш аз исми шоир унвони “Мирзо” мегузоранд. Аз мақтаи ғазалҳояш маълум мешавад, ки тахаллуси адабии ў Шўхӣ аст.

Соли таваллуду вафоти шоир мустақиман дар ягон сарчаш- ма зикр нашудааст ва аз қитъаҳои таърихиаш бармеояд, ки ў дар нимаи аввали асри XVIII зода шуда, ҳангоми вафоти падараш – шоири маъруф Шайдои Хуҷандӣ аллакай шоири баркамол будааст. Ба ин нукта устод Абдулманнони Насриддин низ ишора карда, як шеъри Шўхиро, ки ба падараш ирсол шуда буд, оварда, таъкид намудааст, ки Шўхӣ ҳини вафоти падар ҳамчун шоири баркамол ва шуҳратманд дар Хўқанд дар дарбори подшоҳон хид- мат менамуд (4,60-61). Бар хилофи ин, Т.Неъматзода бар он на- зар аст, ки Шўхӣ танҳо баъди марги падараш барои таҳсили илму такмили донишҳои худ аз Хуҷанд хориҷ шудааст (5,179). Аммо аз ғазалҳои худи шоир бармеояд, ки ў ҳангоми зиндагонии Шайдо аз ў дур шуда будааст. Масалан: Расон афсонаи мушти ғубори Шўхии мазлул, Гузорат, эй сабо, бар хоки Шайдои Хуҷанд афтад.

Соли вафоташ низ маълум нест, аммо аз ашъори худи Шўхӣ пай бурдан мумкин аст, ки ў умри тўлонӣ дидааст: Пирӣ чу дод муждаи фасли вафоти мо, Барги шукуфа рехт зи нахли ҳаёти мо.

Ё ин ки: Зи ҷаври чарх яке шуд ҷавониву пирӣ, Гувоҳи ҳол бувад қомати ҳилол маро.

Азбаски Шўхӣ дар ҷавонӣ барои таҳсили илм ба шаҳрҳои Бухоро ва сипас ба Хўқанду Кеш ва дигар марказҳои адабии Мовароуннаҳр рафтааст (3, 249), замони фаъолияту таҳсили ў ба замони ҳукмронии охирин амири аштархонӣ – Абулфайзхон (1711-1747), аввалин ҳокими манғитӣ – Муҳаммади Раҳимхон (1747-1758), амир Дониёл (1758) ва ҳатто ба оғози замони ҳукмронии амир Шоҳмурод (1758-1800) рост меояд. Метавон ҳадс зад, ки Шўхӣ дар дарбори Абдурраҳмон писари Абдулка- римхон (1740-1754) ва Эрдонахон (1754-1768) - хонони Хўқанд хидмат карда буд.

Аз қитъае, ки дар таърихи тартиби девон омадааст, барме- ояд, ки мураттиб бевосита бо Шўхӣ ошноӣ доштааст, чунончи:

Ба соли хатми китобаш ба Шўхӣ он гуфтам, Ки худ маро гули таърихи ин чаман бинамо. Бигуфт: -Ғунчаи матлаб туро шавад хандон, Чу фикри реша давонад ба гулшани шуаро. Дар абёти дигар соли тартиби девон мустақиман хабар дода шудааст: Гуфт Шўхӣ бо хирад таърихи ин ғамнома чист?! Дар ҷавоби ў хирад фармуд: “Мирзо Шўхӣ” аст.

* * *

Бунёд шуд ин нома чу аз хомаи рангин, Фармуд: -Санат алфа меа арбаа сабъин. Яъне, соли 1174/1761, ки мувофиқи ҳисоби абҷад “Мирзо Шўхӣ” ҳам ҳамин санаро таъйид мекунад, Шўхӣ дар қайди ҳаёт будааст. Ҳамчунин, дар девони ў таърихи қатли Муҳаммад Аминбии Ҳисорӣ, ки ба санаи 1177/1764 воқеъ шудааст, дида ме- шавад . Мувофиқи истиноди устод Абдулманнони Насриддин шоир дар шаҳри Кеш (Шаҳрисабз) даргузашта ва дар он ҷо хок шудааст.

Мероси адабии Шўхӣ бисёр гуногуннавъ аст ва ў чунонки дар ҷараёни адабии замонаш маъҳуд буда, ба сароидани ғазал бештар тамоюл доштааст. Аз ду нусхаи хаттие, ки ҳангоми таҳияи мунтахаби ҳозир зери дасти мо қарор дошт, нусхаи таҳти шумораи 2313 Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ комилтар аст. Нусхаи таҳти шумораи 863, ки пештар дар китобхонаи Тошхоҷа Асирии вилояти Суғд нигаҳ дошта мешуд ва алъон дар зери ҳамин шумора дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон маҳфуз мебошад, нисбатан ашъори камтари шоирро муштамил аст. Аз ин рў, дар нусхаи аввал, ки асоси кори мо аз он маъхуз аст, 536 газал дида шуд. Дар мавриди ғазалҳои шоир, хасоиси забониву сабкӣ, мавзўъву мундариҷаи онҳо поёнтар батаф- сил таваққуф менамоем.

Дар девони мавриди истифодаи мо се қасидаи шоир мавҷуд аст, ки яке аз он ба забони туркӣ иншо шудааст. Ду қасидаи ди- гар, яке 44 ва дигаре 66 байт, зоҳиран дар замони дар дарбори хонҳои Хўқанд хидмат кардани шоир таълиф шуда, зеро мавзўи ҳар ду қасида ҳам мадҳӣ аст, вале дар ҳеҷ кадом номи мамдўҳи шоир мактуб нест. Ҳамчунин, аз байни се мухаммаси шоир низ яке ба забони туркӣ аст, ки пайванди ўро ба ҷараёни адабии замони ў - адабиёти дузабона (тоҷикӣ ва ўзбакӣ) нишон медиҳад.

Аз даҳ рубоие, ки имрўз аз Шўхӣ баҷост, роҷеъ ба баъзе вижагиҳои камомўхтаи ҳаёт, ҷаҳонбинӣ ва сабки суханварии ў метавон маълумоти муфид ба даст овард. Чунончи: Он дам, ки фалак ба фарқи ман вожун гашт, Афтод маро зи боми расвоӣ ташт. Омад ба сарат аҳди ҷавонӣ гуфтанд, То ман шудам огоҳ, ки ин давр гузашт. Ё ин ки: Дар зери фалак ком ба кас додан нест, Гар пой ниҳӣ, ғайри дарафтодан нест. Мардон зи ҷаҳон рахт кашиданд, гуфтанд: К-ин куҳнасаро қобили истодан нест. Рубоии дигар: Лаб бо қадаҳи заҳри ҳалоҳил будан, Маҳбус ба зиндони салосил будан. Дар зери ғами ханҷари қотил будан, З-он беҳ, ки даме ҳамдами ҷоҳил будан.

Дар поёни ҳар ду девони дар ихтиёри мо буда, маснавие зери унвони “Латоифот” мавҷуд аст, ки аз 171 байт иборат мебошад. Маснавӣ аз унвонҳои “Шикастани шишаи муошират ва гусаста- ни шерозаи ҷамъият ва ҷудой шудан аз ватану офият ва сокин шудан ба шаҳри ғурбат ва сар ниҳодан ба болини ҳасрат” ва “Хи- ромидани юсуфвашони маҷлиси хоси аморатпаноҳӣ ба сарвақти Шўхии маҳзун ба тариқи аёдат” иборат аст. Баъди унвони ду- вум таърихҳои фаровоне, ки ба ин ё он воқеаҳои муҳими замони шоир вобаста аст, мактуб шуда ва баъди он дуои манзум ва се қасидаи шоир низ омадааст. Зоҳиран котиби нусха барғалат таърихи китобати девон, дигар таърихҳо ва дуои манзумро бай- ни маснавии шоир овардааст, зеро баъди ин ҳама мактубот боз 181 байт маснавии дигари шоир, ки порчаи машҳури дар васфи Хуҷанд сароидаи Шўхӣ ҳам аз ҳамин қабил аст, китобат шуда. Матлаи маснавии аввал чунин аст: Эй ки худ ҳам Каъбаӣ, ҳам раҳнамо, Корсозӣ кун, маро ҳам раҳ намо. Эй ки доим бекасонро ҳамдамӣ, Ёр шав аз лутф бо ман ҳам даме . Унвони маснавии сонӣ, ки баъди таърихҳо китобат шуда- аст, ба иллати фарсудагӣ дар ҳар ду нусха ҳам нохоност ва онро тақрибан чунин хондан мумкин аст: “Зинатафзой моҳ маъшуқи гулистонсайргоҳро ба насими баҳори хиром”. Матлаи ин маснавӣ ба ҳавои муноҷот оғоз шуда:

Баландовоза килки нуктапардоз, Чунин аз мадҳи Ў мекард овоз, Ки Юсуф як ғуломи Қанбари Ўст, Зулайхо аз канизони дари Ўст. Вале баъди чанд байт комилан тасвири маъшуқи заминиро касб кардааст. Дигар унвонҳои маснавӣ “Шикоят намудан ошиқи маҳҷурро аз саркашии маъшуқ”, “Тамсил”, як унвони захими нохоно, ки зоҳиран таърихи воқеаест, “Дар тавсифи Хуҷанди арҷманди фиравсмонанд” ва “Супориш кардани амири оламгир- шон ба авоили олинишон” ном дошта, зоҳиран ба ҳам иртиботе начандон қавӣ доранд. Дар ин миён зеботарин ва хотирмонтарин бахш тавсифи Хуҷанд аст, ки дар ашъори Шўхӣ, сарфи назар аз шаклу мавзўи шеър, намунаи фаровон дорад. Чунончи, як ғазали ў бо матлаи /Биҳишт бурда зи ёди дилам баҳори Хуҷанд, Шукуф- та доғи ҷунунам зи лолазори Хуҷанд./ дар васфи зодгоҳаш буда, дар ғазалҳои дигар ҳам шоир ба ҳасрат аз дурии худ аз диёру ёр ёд мекунад. Мисол:

Аз фиғон як дам (агар) Шўхӣ наёсояд, равост, Булбулам, дур аз чаманзори Хуҷанд афтодааст. Порчаи маснавии мавриди назари мо аз сиву ду байт ибо- рат буда, шоир дар он тавсифи зодгоҳи худро бар тибқи анъа- наи дерини маснависароён ҷой додааст. Порчаи мазкур бо байти /Қаламро сар канам, минқори тўтӣ, Бигўям чанд аз он гулзори хубӣ./ оғоз шуда, баъди муболиғаҳои зиёд ба порчаи зерин ба ит- мом мерасад: Сухан кўтаҳ, чунин шаҳри муқаддас, Надида ҳеҷ кас, нашнида аз кас. Шаҳе, к-ин шаҳрро ҳоким набошад, Ҳамон беҳ, к-аз нигин номаш тарошад. Шўхии Хуҷандӣ аз ғазалсароёни мумтози замони худ буда- аст ва қисмати аъзами девони ўро ҳамин ғазал, ки бисёр шоирони адабиёти форсизабонро шефтаи худ карда буд, ташкил медиҳад. Азбаски аз асри ҳабдаҳуми мелодӣ ба баъд мавзўи асосии ғазал - ишқ оҳиста-оҳиста мавқеи худро аз даст дод ва иҷтимоиёт дар ғазали форсӣ ҷойгоҳи мустаҳкам пайдо кард. Ин падида, мах- сусан, дар ғазали Мовароуннаҳр ба хубӣ мушоҳида мешавад, зеро авзои сиёсӣ дар ин минтақа нисбат ба дигар манотиқи за- бони форсӣ мураккабтар буд. Дар ин миён, дар асри ҳаждаҳуми мелодӣ ғазалҳои шиквоӣ беш аз пеш дар адабиёти тоҷик буруз карданд, ки бештар ба масоили мазбур рабт доштанд. Масалан, Шўхӣ гуфта:

То сар зада аз шикваи толеъ сухани мо, Чун хома сияҳ гашт забон дар даҳани мо. Моро ба замин чархи ҷафокеш чунон зад, Чун соя муяссар нашавад хостани мо. Ин омилҳо бештар сабаб мешуданд, ки ғояҳои дунёбезорӣ ва баркандагӣ аз алоиқи дунявӣ ҳам дар шеъри шоирон, бахусус, Шўхӣ мавқеи муайян пайдо кунад: Дур кун аз дил хаёли ишрати дунёи дун, Чанд гирӣ дар канор ин пиразоли мурдаро. Бо вуҷуди он ки мавзўи асосии ғазалиёти Шўхӣ ишқ аст, шоир кам дар кам ин мавзўъро то охири ғазал идома медиҳад. Яъне, шоир дар матлаъ аз ишқу маҳбубаву гирифторӣ суҳбат ме- кунад: Шавқи ту ҷўш дода дили орамидаро, Оина карда ҳайрати ҳусни ту дидаро.

Аммо дар зимн ба мавзўоти андарзӣ ва иҷтимоӣ ва умуман дигар мавзўъҳо руҷўъ мекунад: Ёрони рафтаро чӣ зи аҳволи мо хабар?! Аз дида нест огаҳӣ ашки чакидаро. Тамкиншиор бош ба олам, ки ҳамчу кўҳ Олист рутба пойи ба доманкашидаро. Гар сел шуд насибаи саҳро, макун дареғ, Лоиқ ҳамин сазо шуда беҷодавидаро. Инпадидадардигарғазалҳоишоирҳамбанудратвомехўрад: Ҷилва бахшӣ дар чаман гар қомати дилҷўйро, Иддаои сарв дар ҷў резад оби рўйро.

...Шамъи маъниро хатар бошад зи таҳрики забон, Раҳ мадеҳ дар анҷуман камдониши пургўйро. Бо қади хам мекунад чавгон дар ин майдон садо, К-аз миён соҳибтавозуъ мерабояд гўйро. Ҳатто дар ғазали шиквоӣ ва оҳанги иҷтимоӣ дошта ҳам шоир аз якрангии калом ва мазмун дурӣ ҷуставу ҳарфҳои қалби худро ба алвоне гуногун баён доштааст: Заҳр аст, манўш аз кафи айём шакарро, Аз даст мадеҳ зоиқаи хуни ҷигарро.

Бо таъна нишон гашт камон аз каҷии тир, Фарзанди забун мешиканад шаъни падарро. Аз хокнишинон магузар, толиби файзӣ, К-аз реша расад баҳра, на аз шох самарро. Равшан ба дили оина аст сурати ҳар кас, Пинҳон набувад айбу ҳунар покназарро. Дарё шуда сар то ба қадам мавҷи хиҷолат, К-аз абр гирифтаст садаф оби гуҳарро.

Тадбири муқобил натавон гашт ба тақдир, Таъсири қазо рўй макун пушти сипарро. Шўхӣ надиҳад бар лаби худ рухсати гуфтан Ҳарфе, ки нарезад ба дили ғайр асарро.

Албатта, дар девони Шўхӣ ғазалҳои зиёде ҳастанд, ки сар то по пайгири мавзўи ҷовидонаи адабиёти форсизабон – ишқанд ва бидуни тардид шоир дар ин гуна ғазалҳои хеш ибтикороти фаровони ҳунарӣ ҳам кардааст, аммо баҳси фаротари онро ба мавқифи дигар вогузор мекунем. Аз мисолҳои боло ба осонӣ ме- тавон пай бурд, ки “мавзўъҳои ғазалиёти Шўхии Хуҷандӣ ишқу ошиқӣ, ҳасби ҳол, танқиду эътироз бар зидди замонаи номусо- ид, панду насиҳат, танқиди зоҳидони фиребгар” ва амсоли ин мебошад. Афзун бар ин гуфтан мумкин аст, ки шоир ба ҷараёнҳои ирфонии шеъри замони худ ҳам таваҷҷуҳ доштааст. Дар ин замина баҳраҷўии ўро аз пешиниён метавон мисол зад.

Ғазал дар байни эҷодиёти шоир мавқеи асосиро дорад. Ғазалҳои ў асосан ба ду навъ гуфта шудаанд, ки яке услуби шо- ирони сабки ироқист ва дигаре услуби бедилӣ. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки услуби мутақаддимин (шоирони сабки ироқӣ) бештар дар оинаи ҳунари Шўхӣ таҷаллӣ мекунад. Мисол:

Эй аз хаёли рўйи ту дил маъдани сафо, Шоҳид бар авҷи ҳусни ту «ва-ш-шамс ва-з-зуҳо» Мумтозкорхонаву қудратаён туӣ, Лайса камисли ваҷҳика фи-л-ъарзи ва-с-само.

Аз миёни шуарои сабки ироқиву хуросонӣ бештар таъ- сири Ҳофиз ба Шўхӣ ва, ҳамчунон ки дар аҳди ў ин расм шуда буд, ба дигар шуарои ҳамзамонаш низ дида мешавад. Азамати шеъри Ҳофиз, ки аз қарн ба қарн мефузуд, дар пешрафти шеъ- ри Мовароуннаҳри замони Шўхӣ нақши муассири худро дорад. Ба ин масъала У.Каримов низ таваҷҷуҳи алоҳида карда, нигош- та буд, ки тақрибан ҳар шоири ғазалсарои баъди Ҳофиз омада мадюни шеъри диловези ў гаштааст ва “бинобар ин дар қатори шоирони асрҳои дигар як зумра гўяндагони нимаи дувуми асри XVIII ва аввали асри XIX – Мирзо Содиқи Муншӣ, Парии Ҳисорӣ, Фориғи Ҳисорӣ, Мирзо Атои Бухорӣ, Шўхии Хуҷандӣ, Қонеи Насафӣ, Шавқии Каттақурғонӣ ва ғ... ба ғазалиёти Ҳофиз бештар татаббўю тазмин ва ва пайравиҳо карданашон як амри қонунӣ буд” . Худи Шўхӣ ҳам ба бардошти худ аз суханҳои масткунандаи Ҳофиз ишора мекунад:

Фароғ аз миннати соқии даҳрам додааст, Шўхӣ, Суханҳои майомези Лисонулғайби Шерозӣ. Ё ин ки: Наям, Шўхӣ, ба кори гуфтугў холӣ зи имдоде, Муриди табъи назми Ҳофизи Шероз мебошам. Аммо ин таъсирпазирии Шўхӣ аз Ҳофиз бештар бар мабнои рўҳияи ў сурат гирифта, чунончи гўяд: Чӣ ҳоҷат аст, ки ман “ло шарика лаҳ” гўям, Ҳамин ки нестам аз хайли худпарастон бас. Ҳатто дар ғазалҳое, ки Шўхӣ мустақиман бар ғазалиёти Ҳофиз тазмин мебандад, шеваи гуфтори ўро неву рўҳияи онро пайравӣ мекунад. Масалан, бисёр шоирон бар нахустғазали де- вони ғазали Ҳофиз тазмин кардаанд ва Шўхӣ ҳам бар ин ғазал тазмини зебое дорад.

Чунончи: Тану нафсу ҳаво садди раҳам гардидааст, ё Раб, Саманди шавқро фармо, ки созам қатъи манзилҳо. Аҷаб беинтиҳо афтода роҳи водии ирфон, На солик кунҳи ўро дида, не пирону комилҳо. Чунончи аз абёти боло бармеояд, ин қабил тазминҳо танҳо маҳдудаи шаклӣ (вазну қофия) доранд ва буъди маънавию сабки инфиродии Ҳофиз дар онҳо тақрибан ба назар гирифта нашудааст. Ба шеваи гуфтори ў, ба қавли муҳаққиқон, таъсири Мирзо Абдулқодири Бедил бузург аст (7,34; 5,179; 2,126). Ҳарчанд таъсирпазаирии Шўхиро аз дигар намояндагони сабки ҳиндӣ, монанди Соиб, Мирзо Мазҳар, Шавкат, Сайидо ва дигарон низ таъкид кардан мумкин аст ва ў чанд ғазали худро дар пайравии ин бузургон гуфтаву мустақиман дар мақтаи ғазалҳо бар онҳо ишора ҳам намудааст. Чунончи: Ҷавоби он ғазал, Шўхӣ, ки Шавкат рост мегўяд: «Ки боғи дилкушое нест ғайр аз ёр ошиқро».

Ё ин ки: Ин ҷавоби он ғазал, Шўхӣ, ки гуфтӣ Саййидо: “Ҷаври гардун, оҳ, моро дар ҷавонӣ пир кард”. Ё: Ҷавоби он сухани Соиб аст ин, Шўхӣ: «Ба сози мо ҷигари ташна чун сароб ин ҷо». Аммо шеъри Бедил ба ашъори Шўхӣ нуфузи вижае дорад. Худи Шўхӣ ҳам борҳо бар ин маънӣ иқрор шуда ва таъсири ашъори Бедилро бар шеърҳои худ ба масобаи Ҳофиз маънидод мекунад: Шарбати Кавсар зи ёдам рафт, Шўхӣ, то расид Ҷоми лабрезе ба каф аз суҳбати Мирзо маро. Чунончи аз бисёр абёти шоир метавон ин шеваи марсуми замонаашро суроғ кард: Нотавонӣ ончунон дорад сабук аъзои ман, Мебарад парвози ранги чеҳраам аз ҷо маро.

* * *

Рухсати осоишам дар айни саргардонӣ аст, Карда роҳатгоҳ моҳӣ хонаи гирдобро. Дар байни дигар шоирони номвару шинохта таъсири Шай- дои Хуҷандӣ – падари шоир бар ў бисёр равшан дида мешавад, ки мавзўи баҳси муфассал аст. Ин ҷо танҳо бо зикри байте иктифо мекунем: Нозимон, Шўхӣ, аз он ҳурмати назмам доранд, Дар сухан хомаи меросии Шайдо дорам. Бо ин ҳама шеваи суханварии Шўхиро танҳо ба тақлиду пайравӣ ба ин ё он шоир маҳдуд кардан дуруст нест. Ў дар бисёр масоили шеърӣ (рўҳия, сабк, забон ва ғ.) ковишҳои хос дорад. На- хуст бояд таъкид шавад, ки Шўхӣ аз ашхоси рўҳонӣ ва ирфонии замони худ будааст ва ин андозае аз ашъори ў ба мо равшан ме- гардад. Яъне шоир, ҳамчунонки дар замони ў марсум буда, дар баробари хидмат дар дарбор ҳамчун шахсияти ирфонӣ ҳам ши- нохта мешудааст. Масоили ба ҳеҷ наарзидани дунё, рўй овардан ба маъшуқи якто, канда шудан аз алоиқи дунявӣ ва амсоли ин дар ғазалиёти Шўхӣ ба вафрат ба назм кашида шудаанд. Роҷеъ ба масоили сабкии ашъори Шўхӣ метавон ҳамин нук- таро зикр кард, ки ў бештар тамоюл ба сабки ҳиндӣ дорад ва аз нишонаҳои боризи ин сабк – санъати ирсоли масалро ба нудрат дар шеър истихдом мекунад. Мисол: Сарвро бинӣ, макун таклифи бор оварданаш, Нест тоқат бар тааллуқ мардуми озодаро. Ё ин ки: Бо ҳавас дил шуд чу солик, дар талаб ноком монд, Мекашад охир хиҷолат мард аз ҳамроҳи бад.

* * *

Дасте бизан ба домани афтодагон, ки нахл Пайдо самар зи тарбияти хок мекунад. Бо вуҷуди он ки забону тарзи баёни шоир содда аст, ашъ- ори ў аз тасвироти мураккаби парадоксӣ, ки низ аз муҳимтарин хусусиятҳои сабки ҳиндии замони шоиранд, холӣ нест: Дар канорам шуда хуршеди хаёлат, чӣ аҷаб, К-аз гиребони шабам субҳ дамидан гирад. Яке аз дигар хасоиси умдаи ғазалҳои Шўхӣ истифодаи ка- лимот ва ё таъбироти хоси гўиши форсии Мовароуннаҳр аст, ки ҳарчанд ба теъдоди кам воқеъ мешавад, вале зикр карданист. Чу- нончи: Кадомин дида дар ҳаҷрат асарнокона мегиряд, Ки ҷўш оварда имшаб аз дилам тўфони маҳшарҳо.

Ё ин ки: Ҳазор агар бигузорӣ хазаф тилло нашавад, Ба саъйи кас натавон гашт бадгуҳар некў. Дар дигар абёти шоир «дудил гаштан», дарахти «мевафи- кан» (манзур дарахти босамар) ва амсоли ин омадааст, ки кўшиши шоирро аз истифодаи онҳо барои ғановатмандии забони адабӣ бозгў мекунад. Воқеан, нисбат ба ғановати забонии ғазалҳои шоир метавон дар саҳафоти маъдуд ҳарф зад ва аз вижаҳои ибораофаринӣ ва таъбирсозии ў баҳс кард, аммо ҷолиб он аст, ки шоир дар роҳи созиши калимоти мураккаб, ки аз ду ё бештар реша иборатанд, гомҳои устувор гузоштааст. Ба ҳайси намуна аз ў ғазале, ки саропо аз ҳамин шева таркиб ёфтааст, зикр мешавад: Кабобам карда ёди ҷилваи он шўхболое, Ки дар иқлими раъноӣ бувад маъшуқи яктое. Қабогулгун паризоде, ба раҳ товусрафторе, Баданоинатаркибе, сафотахмираъзое. Латофатгуфтугўлаъле, назокатшевамазмуне, Забонсанҷидагуфторе, суханнашнидадоное. Табассум шаккаромезе, тараҳҳумпеша дилдоре, Такаллуммунтахабшўхе, саропорамзимое. Тағофулпеша майнўше, нигаҳошиқталабгоре, Шикорандоз бераҳме, балоҷў, фитнаорое. Фариди кишвари Шўхӣ, шаҳи авранги бедодӣ, Бути бемисл маъшуқе, биҳиштизода барное.

Хулоса, Шўхии Хуҷандӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки дар тарвиҷу ташаккули шеъри замони худ саҳми назаррас дорад, вале то кунун дар адабиётшиносии мо ба таври боиставу шои- ста шинохта нашудааст. Таҳқиқи ҳавзаи адабии Хуҷанд, ки бо ибтикори марди наҷибу фарҳехта, устод Абдулманнони Насрид- дин шакл гирифта буд, имрўз ниёз ба назару гароиши дубораи муҳаққиқони дигар-пасравандагони ин устоди зиндаёд дорад ва бо андак ковише маълум мешавад, ки амсоли Шўхиву Шайдо садҳо шоир, олим, ориф ва шахсиятҳои забардасти дигар аз ин ҳавза нумўъ кардаву барои густариши илму фарҳанги форсиён хидматҳои шоёне кардаанд, ки онҳоро бояд ба тоҷикони имрўзин ва умуман ҷаҳониён шиносонд.

Баҳром Раҳматов

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...