(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд баъд аз азнавсозӣ, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Ба ин муносибат дар иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоти “SEKO», намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, мушвирони хориҷии «Холингер», пудратчиёни иншоот ва ғайраҳо чорабинӣ баргузор гардид.

Носир Ғафурзода, директори генералии «Хуҷандобуканал» онро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки иншооти партовобтазкунии шаҳри Хуҷанд ҳанӯз соли 1976 ба истифода дода шуда буд, ки иқтидори он 65 000 метри мукаабро дар як шабонарӯз ташкил медод. Бо сабаби зиёд гардидани талабот сохтмони навбатии дуюми иншооти мазкур соли 1988 оғоз гардида буд ва баъди пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ сохтони боз боздошта шуд. Бо файзи Истиқлолият ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Беҳтаргардонии таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоби шаҳри Хуҷанд» дастгирӣ ёфт ва мавриди амал қарор дода шуд.

Сипас, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода баромад карда аз ҷумла зикр намуд, ки марҳилаи 3-юми барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партоб»-и шаҳри Хуҷанд аҳамияти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дошта, барои пешрафти ободонии шаҳр мақоми хоса дорад. Зеро дар доираи барномаи мазкур беҳтар намудани низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партоб»-и шаҳри Хуҷанд ба назар гирифта шуда, дар ин самт таъмир ва таҷдиди иншооти партовобтозакунии шаҳр, ивази қубурҳои фарсудашудаи партовоб, партовбардори асосӣ, магистралӣ ва кӯчаҳои алоҳидаи шаҳр, харидории таҷҳизот барои истеҳсоли гипохлорид, мошин ва механизимҳо, насби обченкунакҳои муосир, азнавзосии ташхисгоҳи оби нӯшокӣ ва таҷҳизонидан бо технологияи муосир ва ғайраҳо пешбинӣ гардида буд ва аксари корҳо амалӣ гардиданд.

Ҳамчунин намояндагони ташкилоти “SEKO», Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, мушовирони хориҷии «Холингер» андешаҳои хешро ҷиҳати муваффақона амалӣ шудани лоиҳа иброз доштанд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд баъд аз азнавсозӣ, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...