(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Ҷўрабек Набиев яке аз ҳунармандони асили санъати муосири халқи тоҷик, хонандаи беҳамто ва донишманди болаёқати сурудҳои классикии Шашмақом ба ҳисоб меравад. Дар шароити имрўзаи мусиқии суннатӣ ва ташаккули мусиқии миллӣ, ки бо шарофати Истиқлоли кишварамон шароитҳои хеле фароҳам барои пешрафти он муҳайё шудааст, аҳли санъат ва ҳунар фаъолияти худро ба мукаммал намудани паҳлўҳои гуногуни эҷодиёт мавриди истифода қарор медиҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки устод Ҷўрабек Набиев аз тоифаи ҳунармандоне ба ҳисоб меравад, ки тамоми умр бо меҳнат ва истеъдодаш ба қуллаҳои баланди санъат ноил гаштааст. Ҳар соҳибҳунар дар олами беканори санъат, танҳо бо хислату фазилати арзанда, ҳунари нотакрор мақому манзалат ва чеҳраи хешро пайдо хоҳад кард. Айнан, ҳамин сифатҳо ме- тавонад шахсро ба ҷониби муваффақияту музаффариятҳои эҷод пайванд намояд. Маънии зиндагиро хуб дарк намуда, бо мақсад тай кардани роҳи онро баръало эҳсос мекунад. Ин омил яке аз нишонаҳои шахсони эҷодкор аст, ки аз ҳар як лаҳзаи нотакрори зиндагӣ, муъҷизаи олам, манзараи зебо, латофат ва фазилати инсонҳои некфитрат илҳоми тоза мегирад ва дар васфаш эҷод мекунад.

Эҷодиёти устодро ба ду марҳилаи муҳим тақсим кардан ҷоиз аст. Аввалаш ин аст, ки оғози ҷараёни олами санъат бо қадами устувор истиқбол гашт, аммо эҷоди сурудҳо якбора тавлид нашуданд. Зеро ин ҷараён ба худ хос мушикилиҳоро дорост, ки дар пайравӣ, омўзиш ва ҷустуҷўҳои зиёди эҷодӣ пинҳон аст. Бинобар ин ҳофизи ҷавон аз думболи устодони забардаст ва пешқадами замони худ пайгирӣ намуда, аз самараи эҷодиёту фаъолияти онҳо пурра баҳравар гашт. Баъди ба ҳадафи касбӣ расидан муҳити эҷодиёти худро ба даст овард. Ба ин ҳама муҳити эҷодиёти мактаби сарояндагии водии Фаргона ва намояндагони забардасти он Ҷўрахон Султонов, Маъмурҷон Узоқов ва мактаби сарояндагии Хуҷандшаҳр, хусусан мактаби Содирхони Ҳофиз ва баъдан мак- таби сарояндагии Хоразм, Комилҷон Отаниёзов ва Ҳоҷихон Бол- таев боиси таъсир ва илҳоми эҷод мебошанд. Хулоса, аввалин марҳилаи эҷодиёти устод Ҷўрабек Набиев аз муҳит ва ҷараёни чунин мактабҳои бузурги сарояндагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Марҳилаи дуюми эҷодӣ бевоста ба мусиқии классикӣ, аз он ҷумла, ба санъати Шашмақом вобастагии беҳамто дорад, ки ин роҳи мушкил на ба ҳар як шахси ҳунарманд муяссар мегардад. Зеро рў овардан ба санъати Шашмақом паҳлўҳои нозуки худро дорад. Яке аз паҳлўҳои нозуки он дар сифатҳои баланди маъри- фат, истеъдоди мукаммал, ҷозибадории овози муносиб муайян карда мешавад. Бинобар ин, касби мазкурро нафарони хушсалиқа интихоб мекунанд, ки нишонаҳои сифатҳои зикрёфта дар чеҳраи ў ҳувайдо бошанд.

Паҳлўи дигари нозукӣ дар таълим, тарбияи шахсият дар таҳти роҳбарии ин ё он устоди соҳибмактаб мебошад, ки таъсири он дар эҷодиёти минбаъда нақши асосиро муайян мекунад.

Дар ин ҷодаи ҳунар устод Ҷўрабек Набиев ба намояндаго- ни шинохтаи замон, аз ҷумла, устодон ва сарояндагони нобиға- Нириё Аминов, Барно Исҳоқова, Нисон Шоулов робитаи эҷодӣ дошта, аз ҳунари онҳо сабақ омўхтааст. Инчунин, ба эҷодиёти ҳофизи нозуктабъ Боймуҳаммад Ниёзов пайравӣ намуда, ба назари эътибори онҳо эҳтиром пайдо кардааст. Натиҷаи ҳамкориҳои эҷодӣ ва муносибатҳои самимона тадриҷан мустаҳкам мегардад. Бавижа, эҳтироми Барно Исҳоқова нисбат ба санъати Ҷўрабек Набиев шоистаи эътибор аст. Дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба ба мақоми баланди эҷод расид, ки ҳатто Барно Исҳоқова аз рўи рафоқати эҷодӣ якчанд сурудҳои Ҷ.Набиевро ба репертуари барномаҳои консертии худ ворид намуд ва инчунин, дар хазинаи тилоии радиои тоҷик сабт намуд («Тири нигоҳ» бар ғазали Туғрал ва ғайра).

Ҳамин тавр, устод дар фазои санъати касбӣ мақом ва мартабаи худро дар олами санъати тоҷик пайдо кард. Ба дараҷаи баланди ҳунари касбии сарояндагӣ ноил шуда, хазинаи мусиқии халқу диёрашро бо эҷодиёти нав ғанӣ гардонид ва инчунин, яке аз меросбарони асили ин хазина худро муаррифӣ намуд. Дар ин маврид мехостам дар бораи мафҳуми мерос ва анъана анде- шаи худро баён намоям, ки ҳар дуи ин маънӣ ба ҳамдигар зич алоқаманд мебошад. Мерос ин хазина, сарват, маҳсули маънавият ва фарҳанг аст. Анъана, услуб, тарз, амал, фаъолият ва ҷараён аст, ки маънии аввалинро бо кадом тарз ва услуб аз як замон, муҳит ба замони дигар гузарониданро мефаҳмонад. Фикр меку- нам, ин гуфтаҳо, пеш аз ҳама, ба шахсиятҳои соҳибҳунар бештар тааллуқ дорад, зеро моҳияти он дар замири маҳорат, фазилат, матонат ва тавоногии ҳунарманд, ҳамчун муайянкунандаи ме- рос арзёбӣ мегардад. Чунин намоянда, дар айни ҳол, дар чеҳраи устод Ҷўрабек Набиев баръало таҷассум меёбад. Чунки ҳамзамон ҳам дар ҷодаи мерос ва ҳам дар маҳорат ҳунарманди арзандаи соҳибмартаба аст.

Ҳамкориҳои мо бо устод Ҷўрабек Набиев аз солҳои 2007 оғоз ёфт. Тибқи ҳамкорӣ вариантҳои мақомҳои маҳаллии тоҷикӣ бо шогирдони бомаҳорат мавриди коркард қарор мегирад. Дар ин ҷараён якчанд силсилаҳои мақоми «Чоргоҳ – 1,2,3,4,5», «Баёти Шероз – 1,2» ва инчунин, сурудҳо аз эҷодиёти Содирхони Ҳофиз, Иброҳимҷон Норматов ва ғайра бо ҳамроҳии ансамбли ҳофизон ва мутрибон сабт карда шуд.

Дар ҷараёни ҳамкориҳо як гуруҳ ҷавонон ва ҳофизони соҳибтаҷриба хоҳиш карданд, ки аз таълими мақомхонии устод Ҷўрабек Набиев баҳраманд гарданд. Аз ҷумла, Ҳофизони халқии Тоҷикистон Тўлқин Тоҷибоев, Абдураҳим Шерматов, ҳунармандон Насиба Узоқова, Малика Оқилова ва шогирдони Марказ Сардор Солиев, Ҳалимҷон Салимӣ, Субҳон Эшонов, Фотима Ашурова ва дигарон.

Тибқи хоҳиши онҳо дастаи ҳофизон таъсис дода шуд ва машғулияти маҳорати мақомхонӣ дар Марказ фаъолияти худро оғоз намуд. Натиҷаи ҳамкорӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гашт ва аксарияти асарҳои интихобгашта ба хазина сабт гардиданд.

Ҳадафи дарсҳои маҳорати устод Ҷўрабек Набиев ба хулосаҳои зерини таваҷҷуҳи иштироккунандгонро водор намуд: 1. Сурудҳои классикӣ аз иҷрокунанда маҳорати махсусеро тақозо менамояд, ки ҳофиз ба он танҳо бо маҳорати хеш тавонад муяссар гардад. 2. Мактаби сарояндагии Шашмақом ба пояи устувори ҳунар такя мекунад ва аз иҷрокунанда малакаи баланди касбиро талаб мекунад вагарна, бо худтарошию худнамоӣ ба вай соҳиб шудан амри маҳол ва аз фиребгарии хеш чизе холис нест. 3. Касби мақомхонӣ меҳнату дониши воло, заҳмату мато- нат, масъулияту тавоноӣ ва маҳорату истеъдодро доимо мусои- дат менамояд. 4. Ҳофизии Шашмақом ба касе муяссар мегардад, ки агар сифатҳои дар боло зиккргардида дар вуҷудаш ҷой дошта, пайва- ста ба он мунтазам амал кунад.

Ба ҷои хулоса як байт аз Муҳаммад Иқбол меорем, ки дар хусуси моҳияти ҳунару ҳунармандӣ гуфта шудааст ва устод онро шиори доимии ҳунарманди худшинос медонад:

Наво аз пардаи ғайб аст, эй мақомшинос,

На аз гулўи ғазалхону на аз пардаи соз.

Султоналӣ Худойбердиев

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...