(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Сарояндаи моҳиру хушовоз, созандаи мумтоз ва эҷодкори нотакрор, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров аз зумраи он ҳунармандони номӣ аст, ки бо ҳофизиву навозандагии худ дар рушди санъати мусиқии тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштааст. Дар иҷрои ҳофиз сурудҳои халқию классикӣ, алалхусус сурудҳои Шашмақом бо завқи баланди иҷрокунандагӣ ва маҳорати хоса сайқал ёфта, мазмунан ҷилваи дигар пайдо мекунад.

Маъруфхоҷа Баҳодуров давомдиҳандаи мактаби созандагиву сарояндагии ҳофизи мумтоз Содирхони Ҳофиз ба ҳисоб рафта, дар самти эҷодиёти хеш соҳиби сабку услуби хоси иҷрокунандагӣ ноил гаштааст.

Аз ҳамин лиҳоз, услуби санъати сарояндагии ҳофиз байни садҳо санъаткорони дигар куллан фарқ мекунад. Омилҳои зиёде дараҷаи ҳунармандии ҳофиз ва сабабҳоеро, ки рў ба такомул оврдааст дар инҳо мушоҳида кардан ҷоиз аст. Сабаби аввалини он дорои дониш ва малакаи таълимоти динӣ, ки ў сабақ аз муҳити хонаводагӣ, хусусан, аз волидайни хеш омўхтааст. Сабаби дуюмаш дониши мукаммали назму шеърият ва адабиёти классикӣ ва ниҳоят, сабаби саввум касби хофизӣ ба ў аз падар мерос мондааст.

Маъруфхоҷа Баҳодуров соли 1920 дар деҳаи Рўмони ноҳияи Хуҷанд дар хонаводаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Пада- раш Баҳодурхоҷа аз авлоди хўҷаҳо буда, дар байни сокинон ҳамчун шахси бомаърифат, хусусан, донандаи комили санъати сарояндагӣ ном баровардааст.

Маъруфхоҷаи ҷавон дар оилаи худ бо овози хуш, хулқу атвор ва одоби ҳамидааш аз дигар фарзандон фарқ мекард.

Падараш истеъдоди фитрии ўро пай бурда, барои тарбияи фарзандаш таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд. Фитрати ҳамида ва қобилияти нотакрори писарашро ба инобат гирифта, ба ў аз илми қироат сабақ медиҳад. Оятҳои Қуръонро барои равону бурро ва ифоданок қироат кардан раҳнамо мешавад. Маълум, ки ин амалро аз замонҳои қадим «ҳофизӣ» меномиданд. «..Қуръон ва дигар асарҳои диниро саросар ҳифз намуда, бо қироат хонданро «ҳофиз» меномиданд. Ва онҳо аз илмҳои илоҳиёт, ҳадис, нуҷум, риёзӣ ва инчунин, мусиқӣ низ бохабар мегардад. Эшон асарҳои диниро ба хубӣ омўхта, аз ибтидои фаъолияташ аз онҳо дар эҷодиёташ ба таври васеъ истифода намудаанд. Ба замми ин, бо кўшиши бевоситаи падараш Маъруфхоҷа аз олами назму шеъри- ят хеле ҷиддӣ баҳраманд мегардад ва омўзиши касби сарояндагӣ ба қироати шеъру ғазал, билҷумла ба ғазалсароӣ ва ғазалхонӣ ба- рои ба хубӣ фаҳмидани мазмун ва маънии шеър эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд. Сипас, ба омўзиши асбобҳои мусиқӣ, хусусан ҳунари навозандагии танбўр низ ҷиддӣ машғул мешавад.

Маълум аст, ки дар он замон ҳофизи забардасти хуҷандӣ Содирхон Ҳофиз дар авҷи эҷоду фаъолият қарор дошт. Ў дар бисёр суҳбатҳо ва ҷамъомадҳои адабиву маърифатӣ бо падари Маъруфхоҷа - Баҳодурхоҷа зуд-зуд ҳамсуҳбат мешуд. Дар аксари ин суҳбатҳо Маъруфхоҷа низ иштирок мекард. Ў аз суҳбати гарми онҳо, хусусан аз овози сеҳрангези Содирхони Ҳофиз олам-олам завқ мебурд ва аз ниҳояти дилбастагӣ ба ин ҳофиз тақлид карда, сурудҳои ўро замзама менамуд. Ин шавқу завқи Маъруфхоҷаро пай бурда, падараш розигӣ дод, ки дар соҳаи ромишгарӣ ҷиддӣ машқ карда, ба ҳофизони касбии замони худ пайравӣ кунад. Албатта, ў орзу мекард, ки ба Содирхони Ҳофиз шогирд шавад, лекин бо сабаби пиронсолагӣ ва бемории Содирхон ин орзўяш амалӣ намешавад.

Аммо Маъруфхоҷа ҳамеша кўшиш мекард, ки савту овозҳои ўро бо воситаи қартаҳои овозӣ гўш диҳад, сабку услуби ҳофизи маҳбубашро ҷиддитар машқ кунаду омўзад. Чун Маъруфхоҷа боистеъдоду пурғайрат буд, дар ҷодаи омўзиши мустақилона бо назорати падараш кораш зуд омад кард ва дар муддати на чан- дон тулонӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст овард.

Маъруфхоҷа дар паҳлўи падараш тадриҷан дар маҷлисҳои маърифатӣ ва маъракаҳои гуногуни мардум ширкат мевар- зид. Дар ин маҳфилу маъракаҳо аз иштироки санъаткорони номӣ баҳра бурда, аз сабку услуби хониши сароиши онҳо илҳоми тоза мебурд. Дар ин давраи шогирдӣ ба ҳунарҳои хоси ҳофизони мазҳабӣ, аз он ҷумла, бо маснавихонӣ, марсияхонӣ, наътсароӣ ва ғайра бархурдор гашт.

Бояд ёдовар шуд, ки Маъруфхоҷа Баҳодуров то синни ёздаҳсолагӣ дар баъзе мавридҳо аз назорат ва маслиҳатҳои Со- дирхон ҳам баҳраманд мешуду мувофиқи онҳо бевосита амал мекард. Ў бо дастгирии падараш машғулияти эҷодиашро давом медиҳад ва дар натиҷаи тарбияи ҷиддӣ ва ҳамчунин, истеъдоди хоса байни мардуми диёраш эътибор пайдо мекунад. Соли 1937 ў ба Театри навташкили тамошобинони наврас ҳамчун ҳофизи яккахони ансамбли навозандагону сарояндагони он ба кор даъват мешавад. Дере нагузашта, соли 1939 ба шабакаи радиои навташкили вилоят ба ҳайси сароянда ба кор таклиф мекунанд. Дар ин даргоҳ бо ҳофизону навозандагони машҳур Мақсудҷон Болтуев ва Сиддиқҷон Назаров шиносоӣ пайдо мекунад ва таҳти роҳбарии онҳо ҳунару малакаи худро сайқал медиҳад. Дар зимни ҳамкорӣ аз истеъдоду маҳорати ҳунариашон самаранок истифода мебарад.

Маъруфхоҷа Баҳодуров, аллакай, дар синни бистсолагӣ ҳамчун сарояндаи бомаҳорат ном бароварда, байни мухлисону шунавандагон шуҳрат пайдо мекунад. Сабаби нахустини ин комёбиҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи меҳнату заҳматҳои тўлонӣ дар ҷодаи омўзиши тарзу усулҳои навозандагӣ ва сарояндагӣ, эътибори хоса нисбат ба интихоби мазмуни шеър, бо диду тафаккури тоза талқин ва иҷро кардани сурудҳо ба даст омад.

Соли 1940 дар шаҳри Душанбе озмун-намоиши ҳунарии му- трибону ҳофизони ҷавони ҷумҳуриявӣ барпо мегардад. Дар ин озмун Маъруфхоҷаи 20-сола низ ширкат варзида, бо овози латифу ҷозибанок ва инчунин, санъати навозандагиаш диққати ҳакамони озмунро ба худ ҷалб мекунад. Хусусан, Ҳофизи марду- мии Тоҷикистон Акашариф Ҷўраев аз баромади Маъруфхоҷа ба завқ меояд ва ба истеъдоди ў баҳои баланд медиҳад. Вале устод гумон мекунад, ки Маъруфхоҷа кўҳистонӣ аст. Бинобар ин, аз ў мепурсад: - Писарам, ту аз куҷоӣ? - Хуҷандиям,- ҷавоб медиҳад Маъруфхоҷа. - Ваҳ-ваҳ, ҳарчанде, ки хуҷандӣ бошӣ ҳам, аз овозу навоз- ишат бўйи тобишҳои кўҳистонӣ меояд. Агар хоҳӣ, туро ба ан- самбли «Бадахшон»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор даъват мекунам.

Ҳофизи ҷавон таклифи ўро миннатпазирона қабул мекунад. Ҳамин тавр, ў ҳофизи яккахони ансамбли «Бадахшон», ки ба он Акашариф Ҷўраев роҳбарӣ мекард, ба кор оғоз мекунад. Маъруфхоҷа Баҳодуров дар ин давр роҳи мустақили эҷодии ху- дро давом дода, зимни он суруду навоҳои беҳтарини халқӣ ва классикиро сармашқи фаъолияти эҷодии хеш интихоб мекунад. Ў асарҳои классикӣ, асосан асарҳоеро, ки Содирхон Ҳофиз бештар иҷро мекард, аз ҷумла, «Шаҳноз», «Шаҳнози Содирхон», «Чапандози Содирхон», «Баёт» ва ғайраро бо сабку услуби хос сайқал дода, дар авҷи ҷўшу хурўши ҷавонӣ талқин месозад.

Маъруфхоҷа Баҳодуров соли 1941 ҳамроҳи устодони мақом Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев дар даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Москва иш- тирок мекунад. Ба масъулони фирмаи сабти грампластинкаҳои «Мелодия»-и умумииттифоқ баромадҳои устодони санъат писанд меояд ва онҳо қарор медиҳанд, ки як қисми мусиқии классикии тоҷик «Шашмақом», амсоли «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ»-ро ба картаи овоз сабт намоянд. Дар ин кор Маъруфхоҷа Баҳодуров низ иштирок мекунад.

Зимни фаъолияташ дар филармония дар ҳунари эҷодиёти Маъруфхоҷа Баҳодуров тафаккури нави эҷодӣ зуҳур меёбад. Баромадҳои доимӣ, сафарҳои мухталифи эҷодӣ ва барномаи рангоранги консертҳо ба услуби эҷодии ў таъсири худро мерасонад. Воқеан, кулли ҳадафи барномаҳои ансамбли «Бадахшон» аз намоиш ва ташвиқу тарғиби санъати асили мусиқии суннатии тоҷик иборат буд. Бинобар ин, Маъруфхоҷа низ ба ҷуз сурудҳои классикӣ бо тарзу услуби нав як силсилаи сурудҳои худро эҷод мекунад. Аз ҷумла, сурудҳои тозаэҷоди «Эй дил, хомўш шав»-и Саъдӣ, «Фидои ту»-и Бедил дар радифи сабки сурудҳои мардумӣ эҷод шудааст.

Соли 1945 бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён дар пешрафт ва густариши санъати мусиқии суннатии халқи тоҷик Маъруфхоҷа Баҳодуров ба унвони фахрӣ – Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон сарфароз мегардад. Аз соли 1945 ба ҳайси сарояндаи ансамбли шашмақомхонони назди Кумитаи радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор мегузарад. Дар ҳамон давра ба ансамбли мазкур ҳофизи шуҳратманд ва бастако- ри номӣ Фазлиддин Шаҳобов роҳбарӣ мекард. Боиси қайд аст, ки устодони мақом - Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Бобоқул Файзуллоев донандагони асили Шашмақом маҳсуб ёфта, бо иҷрои ансамбл асарҳои Шашмақомро бо тарзу усули тоза ва шакли нави иҷроиш сайқал медоданд.

Маъруфхоҷа Баҳодуров дар давоми фаъолияти эҷодиаш аз устодони мақом роҳу равиш ва услуби Шашмақомро мукаммал меомўзад ва бо камоли шавқ иҷро менамояд. Аммо дар давоми фаъолияташ тарзи услуби сарояндагии хешро, ки дар заминаи мактаби Содирхон Ҳофиз побарҷо намуда буд, ҳамеша дар дилу дидааш маҳфуз медорад ва пайравӣ мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, баъзан ў бо устодони Шашмақом баҳсу мунозираҳои эҷодӣ ме- кард. Қобили қайд аст, ки санъати Шашамақом ба худ қоидаву қонунҳои махсуси касбиро дорад ва мазмуну мундараҷаи онро дар иҷро қатъиян бояд риоя намуд. Бино ба талаботи ҷиддии иҷроиши Шашмақом устодон ҳаргиз роҳ намедоданд, ки касе онро ба тарзи худ иҷро намояд ва аз доираи қоидаи муқарраршуда берун барояд.

Ба баъзеи ин фикру мулоҳизаҳо Маъруфхоҷа розӣ шуда наметавонист. Аз рўи ақидаи ў, ҳар як ҳофиз (албатта, ҳофизи мукаммале, ки аз мактаби устодони касбӣ ба куллӣ гузашта бо- шад) ҷараёни омўзиш ва ҳангоми иҷроиши он бояд осори услуби худро ба он гузорад. Агар имконият бошад, ба он мақом аз рўи завқи худ шеърҳои дигарро интихоб карда, озодона иҷро намояд. Аз ин кор асарҳои ҷовидонаи «Шашмақом» зарар намебинад, балки мукаммалтар ва пуробурангтар мешавад. Дар акси ҳол намунаҳои санъати мусиқӣ аз забон ба забон, аз авлод ба авлод тақлидкорона гузашта, чун асарҳои қолабӣ боқӣ хоҳанд монд. Чунин фикру мулоҳиза ва ақидаҳои Маъруфхоҷаро усто- дони Шашмақом на ҳамеша ба эътибор мегирифтанд ва фикрашро ҷонибдорӣ менамуданд. Аммо Маъруфхоҷа чун ҳарвақта дар ақидаи худ устувор буд ва ба тарзу роҳи равиши худ фаъолияти эҷодиашро идома медод.

Маъруфхоҷа Баҳодуров солҳои 1954-56 ба ансамбли миллии тоҷикии назди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ҷумҳурии Ўзбекистон даъват мешавад ва вазифаи роҳбарии онро ба уҳда мегирад. Дар давоми фаъолияти корӣ ў бо намояндагони бузурги санъати мусиқии миллии ўзбек Юнус Раҷабӣ, Фахрид- дин Содиқов, Комилҷон Ҷабборов, Набиҷон Ҳасанов, Ғаниҷон Тошматов ва дигар ҳунармандон аз наздик ошно мешавад ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунад. Ба ин восита Маъруфхоҷа Баҳодуров аз хазинаи мусиқии халқи ўзбек баҳраманд мегардад ва дар ин за- мина сурудҳои классикию халқиро бо сабки наву тоза иҷро ме- намояд. «Билмаса» (ғазали Чустӣ), «Баёт 1» (ғазали Фузулӣ) ва ғайра аз ҳамин қабил сурудҳоянд. Маъруфхоҷа Баҳодуров баъ- зе сурудҳоро на танҳо бо услуби хоси худ иҷро мекард, балки ҳангоми иҷроиш онҳоро мувофиқи услуби худ мутобиқ сохта, ба онҳо иловаҳои ҷузъӣ ворид мекард ва дар натиҷа ин асарҳо чи аз ҷиҳати матн ва чи аз ҷиҳати савту наво пурғановат мегардиданд. Масалан, суруди «Билмаса», ғазали Чустӣ аз ҳамин қабил сурудҳоянд.

Маъруфхоҷа Баҳодуров соли 1957 бо даъвати маъмурияти Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе баргашта, фаъолияти худро дар ансамбли мақомсароён идома медиҳад. 5-6 сол хеле самаранок меҳнат мекунад. Вале соли 1963 роҳбарияти ансамбли номбурда Маъруфхоҷа Баҳодуровро аз рўи собиқаи фаъолияти меҳнатиаш ба нафақа мегуселонад. Дар ин бобат ҳаминро бояд таъкид кард, ки тибқи низомномаи кодекси меҳнатӣ сарояндагону ҳофизонро баъди 25 соли собиқаи корӣ бояд ба нафақа таъйин намояд. Дар ҳамон айём Маъруфхоҷа Баҳодуров нав ба синни 43 қадам мениҳод ва дар айни камолоти эҷодӣ қарор дошт. Аз ин воқеа ў хеле сахт меранҷад. Барои давом додани фаъолияти расмии эҷодии худ ба як қатор ташкилотҳои дахлдор муроҷиат карда, дар ин бобат дастгирии амалӣ хоҳиш менамояд. Лекин ҳамаи дархосту хоҳиши ў беҷавоб боқӣ мон- даанд. Маъруфхоҷа аз ин вазъият ноумед гашта, ба шаҳри Хуҷанд бармегардад ва дар хоҷагии ҷамоати ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд ансамбли ҳаваскорони бадеӣ таъ- сис медиҳад ва ба тарбияи ҷавонону наврасони соҳибистеъдод машғул мешавад. Аммо шароит ва муҳити эҷодӣ ба ў мусоидат намекунад. Роҳбарони хоҷагӣ ба хизматҳои ташкиливу эҷодии ў эътибори лозимӣ зоҳир намекунанд. Аз сабаби чунин норизогиҳо Маъруфхоҷа фаъолияти кориашро дар ансамбл қатъ мекунад.

Соли 1966 аввал дар театри шаҳри Самарқанд ва пас аз як сол сокини шаҳри Тошканд мегардад. Дар ин ҷо ў бо дўстони деринааш боз риштаи эҷодиро барқарор намуда, фаъолияти корашро идома медиҳад ва дар як вақт дар фабрикаи созтарошии асбобҳои мусиқии Вазорати саноати маҳаллии Ўзбекистон ба ҳайси устои созтарош кор мекунад. Ҳунари созтароширо, ки дар айёми ҷавониаш аз устодони маҳаллӣ омўхта буд, сайқал медиҳад ва мукаммал мегардонад. Хусусан, дар сохтани созҳои танбўр, дутор, рубоб, най, сурнай ва дойра маҳорат пайдо мекунад.

Дар шаҳри Тошканд ў бо ҳунармандони ўзбек муносибаташро аз ҷиҳати эҷодиёт мустаҳкам менамояд. Бо ҳамроҳии онҳо зуд-зуд дар маъракаҳои гуногун, нишасту маросимҳо ширкат ме- варзад. Хусусан, бо Расулқорӣ Мамадалиев, Орифхон Ҳотамов, Ориф Алимахсумов, Комилҷон Отаниёзов, Ҳоҷихон Болтаев, ба- родарон Шоолим ва Шоакбар Шоҷалиловҳо барин санъаткоро- ни машҳури ўзбек робитаи эҷодиро мустаҳкам менамояд.

Маъруфхоҷа доимо кўшиш мекард, ки маҳорати сарояндагиро такмил диҳад ва донишу маърифаташро мукаммал созад. Бинобар ин, дар пеши худ мақсад мегузорад, ки бо кулли санъаткорони касбӣ ва устодони пешқадами санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон вохўрӣ намуда, аз мактаби ҳунарии онҳо воқиф гардад. Барои иҷрои ин ҳадаф Маъруфхоҷа Баҳодуров бо санъаткорони номии касбӣ шиносоӣ пайдо мекунад ва сипас, аз паси ҷустуҷўи шаҷараҳои286 санъаткорони замо- ни хеш ба сафари махсус мебарояд. Бояд ёдоварӣ намуд, ки дар он давр (яъне солҳои 50-60 қарни гузашта) пири санъаткорон дар миқёси Осиёи Миёна Матпано Худойберганови хоразмӣ маҳсуб меёфт.

Маъруфхоҷа Баҳодуров ба Хоразм сафар карда, бо Матпано Худойберганов аз наздик шинос мешавад. Якчанд рўз меҳмони ў мегардад. Устоди санъат Матпано мақомҳои хоразмиро, ки аз дигар жанрҳои санъати мусиқӣ бештар дўст медошт, мукаммал огоҳӣ пайдо мекунад ва доираи барномаи иҷроиши сурудҳои хешро аз шумораи сурудҳои сабки мазкур васеъ мекунад. Дар ин бора фикру ақида ва насиҳатҳои устод Матпано Худойберганов- ро оид ба санъати мусиқии мақом хеле ҷолиб аст, дар хотираш хело мустаҳкам сабт мекунад: «Дар байни халқ сурудҳои бисёре эҷод мешаванд ва бо мурури замон онҳо фаромўш мешаванд. Ман дар тўли умри бобаракати худ бисёр сурудҳоро шунидаам, лекин аксарашон аз хотирам рафтаанд. Аммо мақомҳо асарҳои фаромўшношуданианд. Онҳо чун мероси маънавӣ аз авлод ба ав- лод гузашта, абадӣ боқӣ мемонанд». Маъруфхоҷа Баҳодуров бо ин пири хирадманд оид ба мақомҳо суҳбатҳои тўлонӣ ороста, зимни суҳбатҳо дар хусуси таърих ва равандҳои мақомҳои Хоразм бештар маълумот пайдо мекунад. Ба маҳорати ҳунари эҷодиёт ва мақомдонии ин пири дарёдил қоил мешавад. Ҳамзамон, хусусиятҳои хоси мақомҳои хоразмиро меомўзад ва фарқияти онҳоро аз мақомҳои дигар минтақаҳо (Бухоро, Фарғона) дарк мекунад.

Пеш аз ҳама Маъруфхоҷа ба падидаи сабки иҷроиши мақоми Сувораи Хоразм эътибори махсус медиҳад. Яке аз хусусиятҳои хоси мақоми Сувора дар он аст, ки ҳангоми сароидани ақсоми авҷи мақом, суръати иҷро сустар мегарад ва баъди гузаштан аз қисми баланди авҷ ҳаракати оҳанг бо суръати аввала бармегардад. Зиёда аз ин, ҳангоми иҷрои мақоми Сувора дар баъзе қисмати онҳо тарзи шиддати овози ҳофиз бараъло эҳсос мешавад. Ин кор агар, аз як тараф, маҳорати сарояндагиро ошкор созад, аз тарафи дигар, ҳофиз имконият пайдо мекунад, ки ҳангоми иҷрои қисми мусиқӣ нафаси худро рост кунад.

Чунин услуби иҷроишу навозишро Маъруфхоҷа Баҳодуров дар фаъолияти минбаъдаи эҷодиаш моҳирона истифода мебарад ва он, албатта, ба самараи неки эҷодиёташ мусоидат мекунад. Ба ҷуз ин, ў бо шогирдони содиқи Матпано Худойберганов, амсоли Хоҷихон Болтаев, Комилҷон Отаниёзов ва Мадниёз Юсуфов робитаи қавии эҷодӣ барқарор менамояд.

Бо мақсади идомаи шаҷараи ҳунармандони барҷастаи за- мон Маъруфхоҷа Баҳодуров ба водии Фарғона сафар мекунад. Дар ин ҷо ў бо ҳофизони машҳур Ҷўрахон Султонов, Маъмурҷон Узоқов ва дигар ҳофизони номии водӣ аз наздик шинос мешавад. Ва сабку услуби хоси мактаби эҷодии онҳоро меомўзад. Пас аз ин ба натиҷа мерасад, ки мактаби водии Фарғона низ мактаби мах- сус аст ва маҳорати баланди иҷрокунандагиро дар худ таҷассум менамояд. Дар фаъолияти минбаъдаи эҷодиаш аз ин мактаби сарояндагӣ босамар ва бо диди нави эҷодӣ моҳирона истифода мебарад.

Охирҳои солҳои 70-ум ба сабаби он, ки падараш Баҳодурхоҷа даври пирӣ меронду ба ғамхории наздиконаш муҳтоҷ шуда буд, Маъруфхоҷа Баҳодуров ба Хуҷанд бармегардад ва фаъолияти эҷодиашро давом медиҳад. Дар тўю маъракаҳо ва консертҳои мухталиф фаъолона иштирок мекунад. Тавассути радио ва телевизиони ҷумҳурӣ бо барномаҳои консертӣ зуд-зуд баромад менамояд. Бо тамошобинон ва мухлисони сершумори худ шабҳои эҷодӣ ва вохўриҳо мегузаронад. Соли 1995 Маъруфхоҷа Баҳодуров дар Академияи мусиқии навтаъсиси шаҳри Хуҷанд ба кор таклиф мешавад ва ба шогирдон аз ҳунари сарояндагӣ таълим медиҳад. Ба замми ин, биноан, бо таклифи раиси шаҳри Истаравшан роҳбарии ансамбли мақомхононро ба уҳда мегирад ва дар айни замон, ба шогирдони ҷавон ҳунари созтарошии асбобҳои мусиқиро низ меомўзонад.

Мавриди зикр аст, ки Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳунарманди пурғайрат, хоҳ дар Хуҷанду Марғелон бошад, хоҳ дар Намангону Фарғонаю Андиҷону Қўқанду Тошканд, ҳамеша дар хизмати мардум қарор дошт. Дар тўли фаъолияти эҷодии пурбаракат ў дар фонди радио ва телевизиони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон як силсила асарҳои худро сабт намудааст. Ин суруду навоҳои устод тавассути мавҷҳои радио ва телевизион ба мухли- сони мусиқии асил шунавонидаву намоиш дода мешавад.

14-уми ноябри соли 1998 риштаи умри устоди санъат дар синни 78-солагӣ дар зодгоҳаш - деҳаи Рўмон ногаҳон канда шуд. Хидмати устод Маъруфхоҷа Баҳодуров дар рушди санъати мусиқии суннатии халқи тоҷик хеле арзанда аст. Ба подоши фаъолияти беназираш ў ба унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат» ва «Нишони фахрӣ» сарфароз гардонида шудааст.

Султоналӣ Худойбердиев

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...