(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Маърифати орифони ҳамнишин бо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ то ҳол дар камолшиносӣ мавриди таҳқиқи хосаву амиқ қарор нагирифтааст. Он чи ба назар мерасад, танҳо ба ҷузъе аз мавзўъ пайванд мегирад. Таҳқиқи мавзўъ метавонад дар шинохти шахсият, ҷаҳонбинӣ ва лавҳаҳои муҳими зиндагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ санадҳои ҷолибро пешорўи муҳаққиқон қарор бидиҳад.

Таваҷҷуҳ ба табақоту тазкираҳо, маноқибу таърихномаҳо, ашъори худи шоир ва анбўҳе аз сарчашмаҳои дигар равшан месозад, ки дар байни ин гурўҳи манобеъ асноди тоза ва мадорики ноомўхтаи фаровони марбут ба мавзўъ маҳфуз аст.

Аз баррасии манобеъ равшан мегардад, ки иддае аз орифон бо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бевосита ҳамнишин будаанд, иддае аз фозилони муосир иродату пайванд доштаанд, аммо муҷолисати онон бо Хоҷа Камол дар манобеъ сареҳ зикр наёфтааст ва гурўҳе дигар, ба эҳтимоли қавӣ, дар суҳбату маҳзари ин шоири Хуҷандӣ будаанд. Аз ин сабаб, зарур донистем, ки мавзўъро дар се бахши алоҳида бо муаррифии умдатарин нукоти марбут ба зиндагино- маи орифон ва донишмандони ҳамнишин бо Камоли Хуҷандӣ баррасӣ намоем.

I. Орифоне, ки ба тасреҳи манобеъ бо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ҳамнишин будаанд.

1. Хоҷа Маҳмуди Шошӣ. Аз орифони Шоши (Тошканд) рўзгори Камоли Хуҷандист. Хоҷа Маҳмуди Шошӣ аз табори ура- фои номӣ ба дунё омадааст. Падари ў Хоҷа Шиҳобуддини Шошӣ (12, 4, 389) аст, ки ў ба се ё чаҳор пушт ба ҷадди бузурги худ Хоҷа Муҳаммади Номии Бағдодӣ мепайвандад. Насаби Хоҷа Маҳмуди Шоширо то Абўбакри Сиддиқ пайвастаанд. Аз гузориши Муҳаммад ибни Бурҳониддини Самарқандӣ бармеояд, ки асли Хоҷа Маҳмуди Шошӣ аз Бағдод будааст. Чун Хоҷа Қаффоли Шошӣ (ваф. 395/1004) ба Бағдод мерасад, Муҳаммади Номӣ ба сафи шогирдони ў ворид гардида, ба Шош меояд ва он ҷо мондагор мешавад. Хоҷа Маҳмуди Шошӣ домоди Хоҷа Довуд ибни Хованди Таҳур ибни Шайх Умари Боғистонӣ мебошад. Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор (тав. 806/1440 – ваф. 895/1498), ки аз пешвоёни тариқати нақшбандияи асри XV мебошад, писари ўст.

Хоҷа Маҳмуди Шошӣ чун аксари орифон аз зироат касби рўзӣ менамудааст. Ба ин мўҷиб, гоҳ «Хоҷа Маҳмуди Кишоварз» низ хонда шудааст . Хоҷа Маҳмуди Шошӣ аз ирфон «шурбе тамом ва ҳаззе во- фир дошта»-аст .

Тибқи навиштаи Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандӣ «чанд гоҳ дар Шош мебуда» . Мулоқот ва суҳбати Хоҷа Камол бо Маҳмуди Шошӣ дар ҳамин фурсат сурат пазируфта ва, зоҳиран, муддатҳо дар ҳалқаи орифон бо ҳам бу- даанд. Мавлоно Ҷомӣ марбут ба пайванд ва дўстии ҳарду чунин нақлеро овардааст: «Хоҷа Убайдуллоҳ, адомаллоҳу бақоаҳу, ме- фармуданд, ки: «Вай чанд гоҳ дар Шош мебудааст. Волиди ман мегуфт, ки вай дар он муддат, ки он ҷо буд, ҳайвонӣ намехўрд. Як бор аз вай илтимос кардем, ки: «Чӣ шавад, ки таоме, ки дар он гўшт бошад, хўрда шавад?» Маро гове буд, бағоят хубу фарбеҳ. Хидмат Шайх бар ваҷҳи тийбат фармуд, ки ҳар гоҳ, ки ту гови худро бикушӣ, мо гўшт бихўрем». Ман, бе он ки вайро вуқуф бошад, говро бикуштам ва аз он таоме муҳайё сохтам. Ба ҷиҳати хотири ман аз он гўшт бихўрд».

2. Шайх Зайниддини Хофӣ. Аз орифон ва донишмандони номвари Хуросон дар нимаи дувуми асри XIV ва аввали асри XV аст. Дар оғози соли 757/1356 ба дунё омадааст. Барои касби илм ва маорифи ирфонӣ ба муҳимтарин шаҳрҳои Мисру Шом, Ироқу Ҳиҷоз ва Хуросону Мовароуннаҳр сафар намудааст. Шайх Исмоили Сисӣ, Шиҳобуддини Сайрофӣ, Нуриддин Абдурраҳмони Мисрӣ, Абўтоҳир Аҳмади Хуҷандӣ, Зайни Ироқӣ, Камоли Хуҷандӣ аз ҷумлаи машоихи ў ба ҳисоб мераванд.

Нисбати тариқати ў ба Шайх Нуриддин Абдурраҳмони Мисрӣ мепайвандад. Гурўҳе аз орифони он рўзгор, ба мисли Шайх Шамсуддинмуҳаммади Табодаконии Тўсӣ, Шайх Садрид- дини Равосӣ, Шайх Шиҳобуддини Сайвосӣ, Мавлоно Шамсиддинмуҳаммади Асад, Мавлоно Шиҳобуддини Берҷандӣ, Ҷамолиддини Найрезӣ, Ҷамол Муршидии Маккӣ, Товусӣ, Дарвеш Аҳмади Самарқандӣ дар маҳзари ў ба камолоти маънавӣ расидаанд.

Зайниддини Хофӣ соҳиби таълифоти арзишманд низ буда ва нигоштаҳояш дар рўзгори худи ў мавриди таваҷҷуҳи аҳли ир- фон будааст. «Шарҳи «Манозилу-с-соирин»-и Абдуллоҳи Ансорӣ», «Ва- соё», «Манҳаҷу-р-рашод линафъи-л-ибод», «Одобу-с-суфия» ва «Тақрирот» аз ҷумлаи осори ў ба шумор мераванд. Шайх Зайниддини Хофӣ дар Табрез маҳзари Хоҷа Камоли Хуҷандиро дарёфтааст. Тибқи навиштаи Ҳофиз Ҳусайни Карбалоӣ, Зайниддини Хофӣ бо орзуи хидмат ва тарбият дар маҳзари Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ба Табрез меояд. Аммо зуҳду тақашшуфи Хоҷа ба ҳоли онвақтаи Зайниддин рост намеояд. Он гоҳ назди Шайх Исмоили Сисӣ мешитобад, вале ў ба сабаби куҳансолӣ ўро ба шогирдӣ намепазирад ва назди Абдурраҳмони Мисрӣ мефиристад. Дар Миср ба олами мукошафа раҳ намеёбад. Ва дар руъё бо иршоди Хоҷа Камоли Хуҷандӣ футўҳ барояш мерасад. Ин иршод мўҷиби иродати хосаи ў ба орифи Хуҷандӣ мегардад. Чунончи навиштааст: «Ҳазрати Шайх Зайниддин Абўбакри Хофӣ, қуддиса сирруҳу, ба Табрез, ки ташриф оварда, ба иродаи иродату муридии ҳазрати Шайх омадаанд, аз рўи эътиқоду ихлос. Чун ба хидмати Шайх расидаанд, тазаҳҳуду тақашшуфи мумӣ илайҳи бо камоли ирфону назари поки эшон бар ҷавонон рост наёмада, дил ба муридии ҳазрати Шайх натавонистааст ниҳодан. Аз хидмати ҳазрати Шайх ба мулозимати ҳазрати Шайх Исмоили Сисӣ, қаддасаллоҳу сирраҳу, расида, бениҳоят муътақид гашта ва майли иродати эшон намуда. Ҳазрати Шайх Исмоилро кибари син дарёфта буда, қабули ин маънӣ нанамудаанд. Тарғиби эшон ба хидмати ҳазрати Шайх Нуруддин Абдурраҳмони Мисрӣ, қаддасаллоҳу сирраҳу, карда ва гуфта, ки «шуморо ба Миср мебо- яд рафтан, руҷўи такмили шумо аз олами ғайб ба он ҷаноб шуда. Фааммо ба он ҷо, ки мерасӣ, Шайх Нуруддин Абдурраҳмонро мункир нагардӣ, чӣ ўро асбоби зоҳирӣ ҳаст ва ғуломони таркиш- банд дорад, ки қибоби ўянд, ҳамчунон ки назар ба ҷавонону майли суҳбати эшон Шайх Камолро. Фааммо Шайх Камолро хилватест бо ҳазрати Ҳақ, ҷалла ва ало, ки ўро инҳо нуқсон намерасонад». Ба ҳар ҳол ба Миср рафта, ба хидмати мушорун илайҳи мерасад ва инобат мекунад. Ва ба ишораи олии вай ба хилват мениши- над. Вайро фатҳе намешуда, аз ин маънӣ бисёр мунзаҷир буда. То шабе дар воқеа Шайх Камолро мебинад, ки аз ҷониби қибла аз миёни девори хилват берун омаданд ва дилдорӣ намуданду гуфтанд, ки: “Дар намози субҳ дар рўзи ҷумъа, баъд аз «Фотиҳа» су- раи «Қоф» бихон, ки фатҳи куллӣ рўй хоҳад намуд”. Ба фармуда амал намуда. Баъд аз он вайро футуҳоти маънавӣ даст дода, кораш ба итмом мерасад. Баъд аз он мутаваҷҷеҳи Табрез мегардад. Вақте ба Табрез меояд, ки ҳазрати Шайх Камол аз дунё реҳлат фармуда буда. Таассуфи бисёр бар фавти он бузургвор мехўрад. Муддате бар сари мазори ҳазрати Шайх сокин мегардад ва фую- зоти бешумор аз ботини он қудваи аброр ба он зубдаи ахёр мера- сад». Ҳамчунин, Мавлоно Ҷомӣ низ аз суҳбат ва маҳзари Камолро ёфтани Шайх Зайниддини Хофӣ хабар дода, чунин нигоштааст: «Шайх Зайниддини Хофӣ, раҳимаҳуллоҳу, мегуфтааст, ки дар вақти таҳсили улум дар Табрез ба суҳбати вай расида мешуд. Маро ба ин тариқ далолат мекард ва мегуфт, ки ба нисбати иродати мо дарой. Ман гуфтам, ки маро нисбат ба шумо дағдағаҳо дар хотир мегардад. Гуфт: «Бигўй, ки то аз он ҷавоб гўям». Ман ҳеҷ нагуфтам, аммо дар авохир, ки ба ин тариқ даро- мадам ва маро дар он гушоде шуд, донистам, ки вайро мартабаи иршод, ки пеши вай кор тавон кард, будааст».

3. Шоҳ Ҳусайни Сарипулӣ. Аз урафои маъруфи Озарбойҷон мебошад. Ў ба «Шоҳ Ҳусайни Валӣ» низ машҳур аст. Шоҳ Ҳусайни Сарипулӣ аз табори бонаҷобат ва ҳақоиқмашраб ба дунё омадааст. Насаби ў аз тарафи падар ба Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ (ваф. 587/1191) ва аз тарафи модар ба Шайх Сафиуддин Исҳоқ Ҳусайнии Ардабилӣ (ваф. 735/1334) мепайвандад. Соли 767/1366 ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ ба илми маонӣ, ҳадис, фиқҳ, тафсир, мантиқ ва арабия табаҳҳури кофӣ ба даст меорад. Он гоҳ ба сарзамини Шом сафар мекунад ва дар он ҷо дар илми ҷафру аъдод саромади рўзгораш мегардад. Ҳафт мартаба ба зиёрати Байтуллоҳ мушарраф мешавад. Шайх Муҳаммади Ҳиллӣ, Шайх Тоӣ, Шайх Ҳасани Самарқандӣ аз ҷумлаи маъруфтарин устодони ў ҳисоб меёбанд. Шоҳ Ҳусайни Сарипулӣ назди хосаву омма бисёр мукаррам будааст. Салотини он рўзгор, ба мисли Шоҳрух Мирзо, Қаро- Юсуф, Қаро-Искандар, Ҷаҳоншоҳ ба ў иродат доштаанд. Шоҳ Ҳусайни Сарипулӣ аз умри тўлонии боэҳтиром бар- хурдор гардида, соли 861/1457 аз дунё даргузаштааст. Бино ба навиштаи Ибни Карбалоӣ, Шоҳ Ҳусайни Сарипулӣ ба Хоҷа Камоли Хуҷандӣ иродати хоса дошта ва бо ў муҷолисат фармудааст. Чунонки навишта: «Шоҳ Ҳусайни Сарипулӣ… ба шарафи суҳбати ҳазрати Шайх Камоли Хуҷандӣ, қаддасаллоҳу таоло сирраҳу, мушарраф гашта. Чун ҳазрати Шайх Камол аз дунё реҳлат фармудаанд, Шоҳ Ҳусайн бар сари мазори эшон муҷовир буда, то шабе вайро ҳолате рўй намуда шамъе аз шамъҳо(ро), ки бар сари марқади ҳазрати Шайх равшан карда будаанд, бардош- та ва ба ин ҷо омада, ки алҳол такя ва мадфани вай аст. Ва фар- муда, ки Шайх ин ҷоро ба мо ҳавола карданд ва амр фармуданд, ки ин ҷо бошем. Аз он вақт то ҳангоми реҳлат… он ҷо сокин бу- даанд» .

4. Хоҷа Муҳаммадширини Мағрибӣ. Ориф ва шоири маъру- фи муосир бо Камоли Хуҷандист. Соли 749/1348 дар музофоти Табрез ба дунё омадааст. Аз машоихи зиёд баҳра бардоштааст. Аммо аз ҳама бештар аз Шайх Исмоили Сисӣ касби файз намуда, ўро пири тариқати хеш баргузидааст. Бештар дар мағрибзамин рўзгор гузаронида, касби футўҳоти ирфонӣ намудааст. Ҷомӣ нис- бати хирқаи ўро ба Муҳйиддин ибни Арабӣ пайвастааст (24, 610). Муҳаммадширини Мағрибӣ соли 809/1406 аз дунё даргузаштааст. «Асрору-л-фотиҳа», «Ҷоми ҷаҳоннамо», «Дурару-л-фарид», «Нузҳати Сосония» ва девони ашъор аз таълифоти ў маҳсуб ме гардад.

Муҳаммадширини Мағрибӣ бо Хоҷа Камол мусоҳибат дошта ва мавридҳое ба бузургвориаш иқрор овардааст. Дар «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Озарӣ, «Нафаҳоту-л-унс»-и Ҷомӣ, «Маҷолису-л-ушшоқ»-и Камолиддини Хоразмӣ, «Равзаи атҳор»-и Ҳашрии Табрезӣ, «Натоиҷу-л-афкор»-и Қудратуллоҳи Гупомавӣ, «Маноқиби Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ» ва чанд манбаи дигар аз мусоҳибати ҳар ду сухан рафтааст. Аз ҷумла, Абдурраҳмони Ҷомӣ навишта: «Мавлоно Муҳаммадширин, машҳур ба Мағрибӣ... бо Шайх Камоли Хуҷандӣ, раҳимаҳуллоҳу таоло, муосир буда ва суҳбат медошта аст. Гўянд, дар он вақт, ки Шайх ин матлаъ гуфта будааст, ки: Чашм агар ин асту абрў ину нозу ишва ин, Алвидоъ, эй зуҳду тақво, алфироқ, эй ақлу дин.

Чун ба Мавлоно расидааст, гуфта, ки: «Шайх бисёр бузург аст, чаро шеъре бояд гуфт, ки ҷуз маънии маҷозӣ маҳмиле дигар надошта бошад?» Шайх онро шунидааст, аз вай истидъои суҳбат карда ва худ ба табх қиём намуда ва Мавлоно низ дар он хидмат мувофиқат карда. Дар он асно Шайх он матлаъро хондааст ва фармудааст, ки: «Чашм айн аст. Пас, мешояд, ки ба лисони ишорат аз айни қадим, ки зот аст, ба он таъбир кунанд. Ва абрў ҳоҷиб аст. Пас метавонад буд, ки онро ишорат ба сифот, ки ҳиҷоби зот аст, доранд». Хидмат Мавлоно тавозуъ намудааст ва инсоф дода». Аз ин матлаб, илова бар суҳбати Муҳаммади Мағрибӣ бо Хоҷа Камол, иқрори Мағрибӣ бар ҷалолати қадр ва умқу вусъати андешаи ирфонии орифи Хуҷандӣ низ равшан мегардад. Зоҳиран, Муҳаммадширини Мағрибӣ қабл аз ин меҳмонӣ дар муориза бар ин байти Хоҷа Камол ашъоре низ гуфта будааст, ки поёнтар аз забони ориф ва шеършиноси маъруфи асри XV Шайх Озарии Тўсӣ оварда хоҳад шуд.

Шоистаи ёдоварист, ки Ҳашрии Табрезӣ низ ин воқеаро нақл фармудааст. Қисмати оғозии навиштаи ў тафсили бештар дорад ва аз он ҳузури чанд орифу донишманди дигар, ки он ҷо ташриф доштаанд, низ равшан мегардад. Чунонки оварда: «Рўзе Мавло- но Муҳаммади Мағрибӣ ва Мавлоно Муҳаммади Машриқӣ ва Мавлоно Муҳаммади Ассор ва Мавлоно Муҳаммади Халилӣ ба суҳбати касирулбеҳҷати Шайх рафтанд ва Шайх худ бинафсиҳи мутаваҷҷеҳи табх шуданд. Яке аз муридон гуфта, ки шумо бо ёрон ба суҳбат машғул бошед ва ин хидмат ба банда руҷўъ фармоед. Шайх фармуда, ки фалаки даввор ҳаргиз сонӣ аз ин чаҳор Мавлоно Муҳаммад ба арсаи рўзгор наёварда, ки имрўз меҳмони мананд. Худ мехоҳам, ки аз шарафи ин хидмат баҳравар шавам. Баъд аз тақдими маросими табх, машғули суҳбат мешавад. Вақте Шайх ин ду матлаъ фармуда буданд: Чашм агар ин асту…».

5. Мавлоно Муҳаммад Ассори Табрезӣ. Аз сўфимашрабон ва шоирони боэътибори Табрез аст. Дар ҳудуди соли 720/1320 дар Табрез ба дунё омадааст. Тавассути Шайх Исмоили Сисӣ аз тасаввуф баҳраи тамом ёфтааст. Муҳаммад Ассор аз шеъру ирфон файзи бениҳоят бардошта буд. Ибни Карбалоӣ навишта: «Вай- ро девонест муштамил бар фунуни ашъор аз қасоиди ғарро ва ғазалҳои обдор ва муқаттаот ва рубоиёт ва ғайру золика». Маснавии «Меҳр ва Муштарӣ»-и ў аз шуҳрати хоса бархур- дор аст. Ў дар илми арўзу қофия ва фунуни балоғат низ осоре доштааст. Имрўз нусхаҳое аз рисолаи «ал-Вофӣ фӣ теъдоди-л- қавофӣ»-и ў маҳфуз мондааст. Муаллифи «Силсилату- л-авлиё» даргузашти ўро дар соли 792 ё 793/1390-1391 дониста, маҳалли дафни ўро дар Чарандоби Табрез навиштааст. Аз навиштаи Ҳашрии Табрезӣ, ки қаблан зимни мусоҳибати Муҳаммадширини Мағрибӣ бо Хоҷа Камол иқтибос гардид, суҳбати Мавлоно Муҳаммад Ассори Табрезӣ низ бо шоиру ори- фи Хуҷандӣ равшан аст. Афзун бар ин, Ибни Карбалоӣ низ ба сароҳат аз дўстии онҳо хабар дода, ҳатто ба борҳо суҳбат доштанашон ишора намудааст. Он гуна, ки навишта: «Он покизаашъори валишиор Мавлоно Ҳоҷӣ Муҳаммад Ассор… муосири ҳазрати Шайх Камоли Хуҷандӣ ва Мавлоно Муҳаммади Мағрибӣ, қуддиса сирруҳумо ва бо эшон суҳбат медошта».

6. Мавлоно Муҳаммади Машриқӣ. Зоҳиран, мурод ориф ва хаттоти камназири Табрез Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Қаттобии Машриқии Табрезист, ки ба Хоҷа Камоли Хуҷандӣ иродат дошт. Ў дар сулук шогирди Муҳаммадширини Мағрибӣ буд. Саъдуддини Табрезӣ дар хат устоди ў маҳсуб мегардад. Санади хати устодони хушнависи Озарбойҷону Хуросон тавассути писараш Абдурраҳими Хилватӣ ба ў мепайвандад. Ў дар ирфон машраби олӣ доштааст ва аз «куммали авлиё» хонда шудааст. Соли 812/1409 зимни сафари ҳаҷ дар Ҳалаб аз дунё даргузаштааст. Ҷаҳони фикрӣ ва машраби ирфонии Мавлоно Муҳаммади Машриқӣ улфату иродати ўро нисбат ба Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ба бор овардааст. Чунонки зимни табйини мусоҳибати Муҳаммадширини Мағрибӣ бо Камоли Хуҷандӣ аз «Равзаи атҳор»-и Ҳашрии Табрезӣ иқтибос гардид, Мавлоно Муҳаммади Машриқӣ низ дар он ҷамъ ҳозир будааст. Афзун бар ин, ду писари худ Хоҷа Абдурраҳими Хилватӣ ва Хоҷа Абдулҳайро дар хурдсолӣ ба маҳзари Шайх Камол фиристодани ў, ки поёнтар нақл меёбад, далели гўёи дўстӣ ва иродати ў ба ин орифи Хуҷандист.

7. Мавлоно Муҳаммади Халилӣ. Аз наводири рўзгори худ будааст. Агар гузориши Ҳашрӣ саҳеҳ бошад, ў низ суҳбати Хоҷа Камолро дарёфтааст. Шайх Камол ўро дар сафи меҳмонони худ аз нодирагон хондааст. Ҳашрии Табрезӣ, илова бар зикри мусоҳибати ў бо Хоҷа Камол, дар зикри азизоне, ки дар мазори «Бобо Мазид» мадфунанд, аз ў ёд намуда, аз ҷумлаи яго- нагони аср ва нодирагони даҳраш хондааст. Он ҷо, ки навишта: «Ҷамъи касир ва ҷамми ғафир аз авлиё ва машоих ва атқиё ва сулаҳову фузало дар ҳазираи Бобо Мазид мадфунанд. Аз он ҷумлаанд: Мавлоно Исҳоқи Воиз ва Мавлоно Муҳаммади Халилӣ ва Дарвеш Пирмуҳаммади Қории Шодиободӣ ва Мавлоно Шайх Муҳаммади Қорӣ… Ҷамоати мазур ҳар як ягонаи аср ва ноди- раи даҳр будаанд». Дар «Равзоту-л-ҷинон» низ ин матлаб зикр гардидааст. Ибни Карбалоӣ аз Мавлоно Муҳаммади Халилӣ ном шахс, ки дар хушнависӣ ягонаи рўзгори худ будааст, дар чанд маврид маълумот додааст. Тибқи гузориши Ибни Карбалоӣ, ин Мавлоно Муҳаммади Халилӣ фарзанди Мавлоно Ҳасани Халилӣ мебошад, ки ў яке аз ҳофизони Қуръон ва қориёни бебадили Табрез будааст ва аз аиззаи рўзгори худ ба шумор мерафтааст. Ин Мавлоно Муҳаммади Халилӣ шогирди Хоҷа Абдурраҳими Хилватӣ мебошад. Он гуна, ки дар идома нақл меёбад, Хилватии мазкур аз шогирдони Камоли Хуҷандист. Чун Хилватӣ дар хурдсолӣ, дар поёни асри XIV маҳзари Хоҷа Камолро дарёфтааст ва мусоҳибати Муҳаммади Халилӣ то соли 792/1390 сурат гирифтааст, бояд Муҳаммади Халилии мусоҳиб бо Хоҷа Камолро, ки муаррифӣ ёфт, шахсе дигар ҳисобид, ё ин ки Ҳашрӣ, чун иддае аз гузоришоти хеш, дар сабти номи ў дар силсилаи меҳмони Хоҷа Камол бетаваҷҷуҳӣ намудааст.

8. Хоҷа Абдурраҳими Хилватӣ. Ориф, донишманд ва хуш- нависи маъруфи Табрез аст. Писари Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Қаттобии Машриқии Табрезист. Дар охирҳои асри XIV ба дунё омадааст. Ў аз маҳзари Камоли Хуҷандӣ касби файз намудааст. Ҳамчунин, аз маҳзари Муҳаммадширини Мағрибӣ, Хоҷа Алии Сафавӣ, Шайх Зайниддини Хофӣ, Шоҳ Ҳусайни Сарипулӣ, Мавлоно Музаффари Баззозӣ, Мавлоно Шарафуддини Торумӣ ва чанд орифу донишманди рўзгори хеш баҳра бурдааст.

Ибни Карбалоӣ аз мақоми ў дар хаттотӣ ва мактаби хушнависии ў матолиби зиёдеро баён доштааст. Хилватӣ дар шеър, бахусус шеъри ирфонӣ, устод буд. Бо тахаллуси «Машриқӣ» шеър мегуфт. Имрўз нусхаи ягонаи девони ў дар Китобхонаи Британия – воқеъ дар Лондон, таҳти шумораи Or.3313 нигаҳдорӣ мешавад.

Хилватӣ таълифоти арзишманде аз худ ба мерос гузошта, ки ҳама аз мақоми илмӣ ва манзалати ирфонии ў дарак медиҳанд. Осоре, чун«Мафотеҳу-л-ғайб»,«Ҳошиябар«Шарҳиистилоҳот»-и Абдурраззоқи Кошӣ», «Миръоту-л-ибод фӣ маърифати-л-маод»,«Шарҳи рубоии ҳуроия», «Шарҳи абёти мушкили «Гулшани роз» аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд. Хоҷа Абдурраҳими Хилватӣ соли 859/1454 дар Табрез аз дунё даргузаштааст.

Ба тасреҳи Ибни Карбалоӣ Хоҷа Абдурраҳими Хилватӣ дар хурдӣ ба суҳбати Камоли Хуҷандӣ расида ва аз ў аҳодису ашъ- оре фаро гирифтааст. Нақли Ибни Карбалоӣ асноди ҷолиберо, илова бар маърифати мусоҳибати ҳар ду, дар заминаи шинохти ҷаҳонбинӣ, афкор, манзалат, ашъори тозии Камоли Хуҷандӣ дар худ дорад. Ба ин мўҷиб, онро пурра иқтибос меоварем: «Навбае дар туфулият ҳазрати Хоҷа (яъне, Хилватӣ – Ф.Н.) бо бародари худ Хоҷа Абдулҳай ба хидмати ҳазрати Шайх Камоли Хуҷандӣ расидаанд. Моҳи мубораки рамазон буда. Ҳазрати Шайх фармуданд, ки имрўз бо шумо суҳбат медорем, ки Шамсуддин (яъне, падари Хилватӣ – Ф.Н.) донист, ки мо бар сари сафарем, шуморо пеши мо фиристод. Ва баъд аз он фармудаанд, ки таом ҷиҳати эшон оваред. Эшон фармудаанд, ки мо барўзаем. Ҳазрати Шайх фармуданд, ки шумо ҳанўз мукаллаф ба таклифи рўза нашудаед, бихўред. Эшон аз камоли итоат ва инқиёд ҳасбуламри ҳазрати Шайх ифтор кардаанд. Баъд аз ифтор ҳазрати Шайх фармуд, ки шуморо зиёдати дигар низ мекунам. Ду ҳадис мехонем, шумо ёд гиред ва як байт аз ҷумлаи ашъори ман, ки дар девонам нест. Ва ҳадисҳо қудсӣ аст. Ва ин аст аввал: «ас-Савму лӣ ва ана аҷзӣ биҳи», дувум: «Таҷавваъ таронӣ таҷаррад тасил». Ва байт ин аст:

Гирифтам остини дўст, он ҷо дасти худ дидам, Чунонаш даст бўсидам, ки дасти хеш бўсидам. Ҳазрати Хоҷа гирифтани аҳодисро аз Шайх ба назм оварда дар қитъае ва он ин аст:

Шунидам ман аз шайхи комил Камол,

Ду қудсӣ ҳадису гирифтам ба дил.

Нахустин-ш «ас-Савму лӣ»-ву дигар

«Таҷавваъ таронӣ таҷаррад тасил».

Ва он байтро низ ба тариқи назм дароварда. Ва он ин аст:

Шунидам ҳам аз ў байте, ки дар девони худ гуфт: Ман ин як байт нанвиштам, ман ин асрор пўшидам:

«Гирифтам остини дўст, он ҷо дасти худ дидам,

Чунонаш даст бўсидам, ки дасти хеш бўсидам».

Иродати Хилватӣ ба Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз қитъаи зерин, ки дар таърихи вафоти Хоҷа гуфтааст, низ пайдост: «Ҳазрати Хоҷа Абдурраҳими Хилватӣ, раҳимаҳуллоҳу, таърихи фавти эшонро дар сурати қитъа ба назм дароварда: Орифи ҳақшинос, Шайх Камол, Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигруфт. То суханро сухан бурун афтод, Кас сухан ҳамчу он бузург нагуфт. Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед, Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб нуҳуфт».

9. Хоҷа Абдулҳай. Бародари Хоҷа Абдурраҳими Хилватист. Аз иқтибосе, ки боло дар мавриди мусоҳибати Хилватӣ оварда шуд, равшан гашт, ки Хоҷа Абдулҳай бо бародари худ ҳамроҳ ба суҳбати Хоҷа Камоли Хуҷандӣ расидааст. Хоҷа Абдулҳай дар хонадони комилан ирфонӣ тарбият ёфт ва дар хушнависӣ камна- зир буд. Дар хат татаббуи Ёқути Мустаъсамӣ менамудааст ва дар он бар пояе расида буда, ки тафовути хати ҳар ду мушкил будааст. Ў соли 825/1422 дар ҷавонӣ аз дунё даргузаштааст ва дар ҳазираи Бобо Мазид канори Муҳаммадширини Мағрибӣ ба хок супоридаанд.

Шоистаи ёдоварист, ки Ҳашрии Табрезӣ аз мусоҳибати Шайх Озарӣ бо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ низ ёдовар шудааст. Он ҷо, ки навишта: «Ва низ вақте ҳазрати Шайх Камол дар шеъре фармуда: «Коф»-и куфри мо зи «То Ҳо» бартар аст», чун ба Мав- лоно Муҳаммади Мағрибӣ хондаанд, бар Шайх эрод гирифта ва дар маънии куфри маҳмуду мазмум ин абёт гуфта:

Аз саводулваҷҳи фи-д-дорайн агар дорӣ хабар,

Чашм бигшову саводи фақру куфри мо нигар...

Пас нагўяд: «Коф»-и куфри мо зи «То Ҳо» бартар аст», Ҳар кӣ бошад аз маониву ҳақоиқ баҳравар. Дар он вило (асно, ҳангом – Ф.Н.) Шайх Озарӣ ба Табрез меояд ва мобайни ин ду бузург муҳокима менамояд ва мегўяд, ки …». Ин низ бояд аз бетаваҷҷуҳии Ҳашрӣ дониста ша- вад. Зеро Озарӣ соли 784/1382 дар Исфароин ба дунё омадааст ва дар меҳани худ ба камолоти илмӣ расидааст. Хоҷа Камол соли 803/1401 аз дунё даргузаштааст. Дар ин таърих Озарӣ куҷову ба Табрез омада байни ду бузургвор доварӣ намудан куҷо?! Асли ин матлаб дар «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Озарӣ (соли таълифаш пас аз 830/1427) чунин омадааст: «Вақте Шайх Камоли Хуҷандӣ, раҳимаҳуллоҳу, шеъре гуфта буд, матлаи он ин буд: «Коф»-и куфри мо зи «То Ҳо» бартар аст, – Мавлоно Муҳаммади Мағрибӣ, ки аз муваҳҳидони он рўзгор буд, дар муориза бар ў эрод гирифта буд ва қитъа дар маънии луғази маҳмуд ё мазмум гуфта ва табйини ҳар як карда. Ин аст: Аз саводулваҷҳи фи-д-дорайн агар дорӣ хабар... Эроди Мавлавӣ аз рўи истилоҳи қавм агарчи ворид аст, фа- аммо аз сухани Шайх, ки «Коф»-и куфри мо зи «То Ҳо» бартар аст», ин маънӣ маълум намешавад, ки бар ў эрод расад. Мурод ба «То Ҳо» хитоб ба Аҳмад аст ва он ки Шайх гуфтааст, ки «Коф»-и куфри мо зи «То Ҳо» бартар аст, баёни лисони ҳадис аст ва шак нест, ки «коф»-и калимаи Аҳадӣ, ки куфри ғайрест, бартар аст аз «То Ҳо»-и Аҳмадӣ, ки он ишорат ба чаҳордаҳ ҳуруфи муҳкамот, касрати ғайрат аст. Ва-с-салому ъала-л-лазина йастамиъуна-л- қавла файаттабиъуна аҳсанаҳу. Валлоҳу аълам» . Чунонки равшан аст, қазовати илмии Озарӣ аз ҷониби Ҳашрӣ ба муҳокимаи ҳузуриву шуҳудӣ маънӣ ёфта ё таҳриф пазируфтааст. Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки дар «Маноқиби Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ» иродат ва дўстии Саййид-ато низ зикр ёфтааст. Саййид-ато, ки ба Ҳаким-ато низ маъруф аст, яке аз машоихи тариқати ясавия мебошад ва муриди Зангӣ-ато хонда шудааст. Ба он мўҷиб, ки Саййид-ато тахмин як аср муқаддам аз Хоҷа Камол аз дунё гузаштааст, гузориши манобеъ аз ғалати таърихӣ холӣ намебошад.

II. Орифоне, ки дар манобеъ аз дўстиву иродати онон бо Хоҷа Камол сухан рафтааст, аммо муҷолисати эшон сареҳ зикр наёфтааст.

1. Мавлоно Наҷмуддини Торумӣ. Азорифонвадонишмандони Табрез дар охири асри XIV ва ибтидои асри XV аст. Наҷмуддини Торумӣ нахуст дар маҳзари падари худ Шайх Шарафуддини Нурӣ, ки аз урафои номии Табрез буд, илм омўхт. Сипас дақоиқи ирфонро аз Шайх Сафиуддин Исҳоқи Ардабилӣ фаро гирифт ва аз ў иҷозати иршодро ба даст овард. Пас аз даргузашти падараш дар зовияи ў “аз ҷиҳати иршоди ибод ақди маҷолиси насоеҳу ма- воиз” боз намуд ва саҷҷодаи иршод бигустурд. Санади иршоди Наҷмуддини Торумӣ тавассути устодони Шайх Сафиуддин то Алӣ ибни Абўтолиб мепайвандад. Абдурраҳими Хилватӣ дар зикри каромот ва ҳолоти ў мато- либеро ба қалам овардааст . Наҷмуддини Торумӣ, илова бар табаҳҳур дар илми сўфия, дар фанни иншо низ нубуғи хоса дошт. Тарҷумаи тазкираи Шайх Муҳаммади Куҷаҷӣ ба форсӣ, ки Мавлоно Ҳасани Паласӣ онро ба арабӣ нигошта буд ва тарҷумаи “Комилу-т-таворих”-и Ибни Асир, ки ба тасреҳи манобеъ дар камоли фасоҳат будаанд , шавоҳиди адли ин иддао мебошанд. Соли даргузашти Наҷмуддини Торумӣ дақиқ нест. Такя бар санаде, ки аз тафаҳҳус ба даст меояд, ҳамин қадар метавон ёд кард, ки то соли 811/1408 дар қайди ҳаёт будааст. Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва Мавлоно Наҷмуддини Торумӣ ба ҳам дўстиву иродат доштаанд. Бешак, борҳо бо ҳам ҳамнишин буда, ки Камоли Хуҷандӣ дар шаъни ў қитъаи зеринро сурудааст: “Муншии чархрову туро, эй фариди аср, Бо он ки ҳар ду наҷм гирифтанд торумӣ. Бошад тафовуте зи замин то ба осмон, З-он наҷм то ба рутбати ин Наҷми Торумӣ».

2. Мавлоно Тоҷуддин Алии Миншорӣ. Аз орифон ва муқриёни машҳури Табрез аст. Дар илми қироат санади ў хеле олӣ афтода- аст ва тавассути устодаш Мавлоно Ҷамолуддин Амираи Қаввос то имом Шотибӣ ва аз ў то Пайғамбар (с) мерасад. Мавлоно Тоҷиддин дар маҳаллаи Виҷевияи Табрез мези- стааст ва он ҷо масҷиде бино намуда будааст. Дар вақфномаи ҳамин масҷид мусалсал алқоби марбут ба Мавлоно Тоҷиддин зикр гардида, ки ҳама аз ҷалолати қадри ў дарак медиҳанд . Бешубҳа, ў бо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мулоқот доштааст, ва- гарна ниқори андаке, ки байни ҳар ду вуҷуд доштааст, дар мано- беъ зикр намеёфт. Зоҳиран, ин сустмеҳрӣ ба номувофиқии шеваи сулуки эшон пайванд мегирад. Зеро Ибни Карбалоӣ навишта: “Миёни вай (Мавлоно Тоҷиддин – Ф.Н.) ва ҳазрати Шайх Ка- моли Хуҷандӣ андак ниқоре буда. Ба воситаи он ки Мавлонои мушорун илайҳ дар камоли тақашшуфу заҳодат буд ва ҳазрати Шайх дар ғояти ирфону машраби тасаввуф. Ва масали маъруф аст. Мисраъ: “Ки буъдалмашриқайн омад миёни Шайху Мавлоно” .

3. Шайх Муҳаммади Сонии Куҷаҷӣ. Аз орифону бузургмар- дони Табрез аст. Марҷаи хавосу авоми аҳди хеш буд. Ўро барои тафовут бо ҷадди аълои табориаш – Мавлоно Шайх Муҳаммади Куҷаҷонӣ ибни Хоҷа Сиддиқ “Шайх Муҳаммади Сонии Куҷаҷӣ” мехонанд. Бештар ба “Хоҷа Шайх” маъруф аст. Силсилаи на- саби ў ба тариқи зайл бо ў ба як асл мепайвандад: “Хоҷа Шайх Муҳаммад ибни Хоҷа Иброҳими сонӣ ибни Хоҷа Аҳмадшоҳ ибни Хоҷа Иброҳими аввал ибни Хоҷа Сиддиқ” . Шайх Муҳаммади Сонии Куҷаҷӣ афзун бар сармояи маънавӣ, аз сармояи моддӣ низ бархурдории хоса доштааст. Дар Табрез, Бағдод, Шом ва дигар шаҳрҳо мадорис, масоҷид, хонақоҳу зовияҳо бино намуда будааст. Тўмори вақфномаи “Абвобу-л-бирр”-и ў дар ин замина ма- толиби зиёдеро то имрўз маҳфуз доштааст . Эътибори камназири ў салотини элхониро ба ҳарос андохта буд. Тибқи навиштаи муаллифи “Равзоту-л-ҷинон” ҳамин ангеза мўҷиб гардид, то аз ҷониби Султон Аҳмади Ҷалоир (ҳукм. 784- 813) дар Бағдод пинҳонона ба шаҳодат расонида шавад. Шайх Муҳаммади Сонии Куҷаҷӣ ва Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо ҳам мулоқот доштаанд. Вақте ки Хоҷа Камол аз Сарой боз ба Табрез меояд. Шайхи мавсуф барои Хоҷа Камол хонақоҳу мадрасаи олие бино менамояд. Ибни Карбалоӣ ин воқеаро чунин ба қалам оварда: “Дар сари хиёбони Табрез мавзеъест машҳуру маъруф ба «Абдуллоҳи Ҷаббачӣ». Муддати мадид он ҷо мебо- шанд, то он ки Тўқтамишхон мутаваҷҷеҳи Табрез мешавад ва Табрезро гирифта, наҳбу ғорат мекунад, дар шуҳури санаи сабъа ва самонина ва сабъумиата (яъне, 787 – Ф.Н.), чунонки дар му- туни таворих мазкур аст. Ва ҳазрати Шайхро ҳамроҳ мебаранд, то муддати санаи самона ва тисъина ва сабъумиата (яъне, 798 – Ф.Н.) он ҷо мебошанд, чунончи ёздаҳ сол он ҷо буда бошанд. Дар ин муддат ёди Табрез мекарда ва орзуи он балдаи таййиба мена- мудаанд. То охир Амир Темур бар сари Тўқтамишхон мераваду Саройро ғорат мекунад ва ҳазрати Шайхро ба Табрез меоваранд. Ин навба, ки ташриф меоваранд, дар Валиёнкўй қарор мегиранд. Табрезиён аз вазеъву шариф ва аҳоливу адонӣ ва бузургу кўчак дар камоли итоат ва инқиёду эътиқод нисбат ба мушорун илайҳи будаанд. Чунонки султону аозими-л-машоихи ва-с-судур Хоҷа Шайх Муҳаммади Сонии Куҷаҷӣ, ал-машҳур ба «Хоҷа Шайх», раҳимаҳуллоҳу, ҷиҳати ҳазрати Шайх хонақоҳе ва мадрасае дар ҳаволии иморати Хоҷа Алишоҳ сохтаанд, чунонки гунбаду баъзе аз он иморат ҳанўз боқӣ аст. Ва таклифи бисёр намудаанд ба истиқрори эшон дар он ҷо. Қабул нанамудаанд ва фармудаанд, ки «сари Камол ба гунбади фалак фуруд намеояд, мехоҳед, ки фи- реб хўрда ба ин гунбад cap фуруд оварад?”. Чунинки равшан гардид, ин воқеа соли 798/1036 сурат ги- рифтааст. Агарчи дар матн лафзи сареҳ аз мусоҳибати ҳарду зикр наёфтааст, аммо фаҳвои куллии матолиб дўстии ҳардуро ба тав- ри комил баён медорад.

III. Орифоне, ки ба эҳтимоли қавӣ бо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мулоқот доштаанд.

1. Шайх Исмоили Сисӣ (ваф. 785/1384). Аз бузургтарин орифони Табрезу ҳаволии он аст. Муршиди аксари машоихи Озарбойҷони Шарқӣ ба ҳисоб меравад. Ҳузури ўро дар маҷолису ҳалқаҳои аҳли тасаввуфи Табрез ва атрофи он мояи футўҳ ҳисобида мешуд. Бештари мусоҳибони Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дар суҳбати ў низ будаанд.

2. Шайх Абдуллоҳи Хуҷандӣ. Аз нахустин орифони нақшбандии Хуҷанд ва шогирди хосаи Баҳоуддини Нақшбанд (ваф. 791/1388) мебошад. Дар Хуҷанди аҳди Камоли Хуҷандӣ аз мақоми хоса бархурдор буд. Ба «Абдуллоҳи Сабзпўш» низ маъруф аст.

3. Султон Хоҷа Алии Сафавӣ. Аз урафои бузургест, ки шо- гирди Камоли Хуҷандӣ – Абдурраҳими Хилватӣ аз маҳзари ў му- стафид гардидааст.

4-5. Мавлоно Фахриддини Аррагар ва Мавлоно Ғиёсиддин Муҳаммади Наққош, ки ҳар ду ориф, муқрӣ ва муфассир будаанд. Ҳар ду аз шогирдони Мавлоно Тоҷиддин Алии Миншорӣ мебо- шанд, ки алоқаи ў бо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дар бахши қаблӣ зикр ёфт.

6. Мавлоно Низомиддин Абдуссамад, ки муфассир, муқрӣ, муфтӣ ва орифи номвари Табрез муаррифӣ гардидааст. Мусоҳиби Хоҷа Камол – Муҳаммади Ассори Табрезӣ дар марсияи ў ашъоре сурудааст.

7. Мавлоно Зиёуддини Баззози Табрезӣ, ки аз урафои кибори Табрез аст. Аксар «Мавлоно Зиёуддин Баззозии бузурги Табрезӣ» ёд мешавад. Аз маҳзари Шайх Исмоили Сисӣ баҳра бардоштааст.

8. Мавлоно Абўмуҳаммад Нуриддин Абдурраҳими Баззозӣ. Аз орифони Табрез, ки дар маҳзари дўст ва мусоҳиби Камоли Хуҷандӣ – Муҳамадширини Мағрибӣ ба камолоти ирфонӣ расидааст ва шогирди хосаи ў будааст.

9. Пир Шайхӣ, ки «бисёр азизулвуҷуд буда, муриди ҳазрати Шайх Исмоили Сисӣ»-ст . Дар аҳде, ки Камол дар Та- брез қарор дошт, аз манзалати волии ирфонӣ бархурдор будааст. 10. Хоҷа Иброҳим ибни Хоҷа Аҳмадшоҳи Куҷаҷӣ, ки гўё дар Макка ба воситаи Шайх Исмоили Сисӣ суҳбати қутбро дарёфтааст. Аз урафои бузурги нимаи дувуми асри XIV Табрез аст. Он чи дар ин бахш оварда шуд, ба масобаи муште аз хир- вор аст. Бешак, бо таваҷҷуҳ ба манобеъ ва тааммуқ дар ҷустуҷўи орифоне, ки дар Мовароуннаҳру Табрези аҳди Камоли Хуҷандӣ зистаанд ва бо муҷолисону иродатмандони Хоҷаи Хуҷандӣ пайванд доштаанд, метавон боз садҳо нафарро ёд намуд, ки Пир Муҳаммади Гелонӣ, Мавлоно Маҳмуди Хатиб, Хоҷахонди Хоҷакасӣ, Шайх Абўбакр ибни Пир Ҳоҷӣ, Хоҷа Машоихи Ҳамидӣ, Мавлоно Каримуддини Миёвонӣ, Пирмуҳаммади Галлабон, Пир Тоҷи Тўламӣ, Мавлоно Муҳйиддини Маёвонӣ ҷумлаи онҳоянд. Аз таҳқиқи мавзўъ, афзун бар маърифати муҷолисони Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, асноди фаровон дар мавриди шинохти аҳволу афкори ин орифу шоири Хуҷандӣ ба даст меояд, ки метавон чан- де аз муҳимтарини онҳоро ба тариқи зайл баршуморид:

а) Шеваи шарҳ ва маърифати ашъор;

б) мақоми ирфонӣ ва ҷамъиятӣ;

в) мактаби ирфонии шоир ва хусусиятҳои он;

г) шогирдон ва муридон;

ғ) пайванди шоир бо илми ҳадис;

д) маърифати мактаби фиқҳӣ;

е) шинохти абёти тоза;

ё) машраби ирфонӣ;

ж) вазъи адабу ирфон дар аҳди шоир.

Бояд таъкид намуд, ки таҳқиқи густардаи мавзўъ, ки шомили маърифати тамоми шахсиятҳои мусоҳиб ва ҳамнишин бо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бошанд, метавонад уқдаҳои номакшуфи ҷаҳонбиниву рўзгори ин фарзанди ифтихорофари тоҷикро бозкушоӣ намояд ва дар камолшиносӣ санадҳои тозаеро пешорўи аҳли таҳқиқ қарор бидиҳад.

Зеро дар ашъори худи шоир ва манобеъ гоҳе ишора ва гоҳе зикри сареҳ аз иродат ва муҷолисату мулоқоти Хоҷа Камол бо салотин, шуаро, ҳакимон, ҳунармандон, ходимону пайвандон, ба мисли Султон Ҳусайни Ҷалоир, Султон Аҳмади Ҷалоир, Тўхтамишхон, Мирзо Мироншоҳи Гўраконӣ, Фарҳод-оғо, Мирвалӣ, Хусрави Фаххор, Рафеи Довудӣ, Шайх Муҳаммад, Ҳофизи Барбатнавоз, Хурдаки Самарқандӣ, Маъҷарии Самарқандӣ, Маозии Табрезӣ, Муҳаммади ходим ва дигарон ба назар мерасад.

Итминон дорем, ки минбаъд ба таҳқиқи ин мавзўъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад ва пажўҳишҳои амиқтар сурат мепазирад.

Фахриддини Насриддин

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...