(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

1. РИЁЗИДОН ВА СИТОРАШИНОСИ НОМВАРИ ТОҶИК Абумаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ дар замоне рўзгор ба сар бурд, ки ба шарофати тадбирҳои хирадмандонаи ами- рони Сомонӣ заминаҳои аслии ривоҷу равнақи илму маърифат муҳайё гардид ва ҳамаи шохаҳои дониш сарсабз ва боровар гардиданд. Дар радифи илмҳои гуманитарӣ рушду тараққиёти беназири илҳои риёзиёт, ситорашиносӣ, ҳандаса, маъданшиносӣ, ҷуғрофия, тиб ба амал омад.

Дар ин давра риёзидонҳо ва ситорашиносони маъруф ҳамчун Абулвафои Бузҷонӣ, Абўсаҳли Кўҳӣ, Абўсаиди Сиҷзӣ, Абулҳасан Кўшёри Гелонӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Абўалии Сино рўзгор ба сар бурдаанд, ки ҷумлаи онҳо ҳамзамон ва баъзе шогирдони Абўмаҳмуди Хуҷандӣ мебошанд. Дар радифи ин нобиғагони илм ҷойгоҳи хос пайдо кардан ва эътироф гардидани кашфиётҳои илмии донишманди хуҷандӣ аз мақому манзалати баланди ў гувоҳӣ медиҳад.

Абўмаҳмуди Хуҷандӣ баъди омўзиши ибтидоии дониш дар Хуҷанд ва азхуд кардани илмҳои асосии он аҳд дар марказҳои маъмули илмии замони худ – Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Нишопур, Бағдод, Рай маҷлисҳои илмӣ доир кард, бо донишмандон ба мубоҳиса ва кашфи муаммоҳои илмӣ машғул шуд.

Кашфиёти илмии Абўмаҳмуди Хуҷандӣ аз чӣ иборат аст ва кадом фазилатҳои ў боис гардида, ки донишмандони таърихи илм бо эҳтирому иродати бисёр номи ин алломаро ба забон меоранд ва дар китобу рисолаҳо менависанд: 1. Абўмаҳмуди Хуҷандӣ дар фанни расадбандӣ ва сохта- ни расадхона (обсерватория) кашфиёти нав ба майдон овард. Ў монанди ситорашиносони дигар ба дастовардҳои мунаҷҷимони гузашта қаноат ҳосил накард. Ҷустуҷўҳои пайвастааш ўро ба он натиҷа овард, ки дар шаҳри Рай дар болои кўҳи Таборак, ки наздикии ин шаҳри қадима (имрўз қисмати ҷанубии Теҳрон) расадхонае бунёд намояд ва дар он ҷо олату василаи таҳқиқи ҷирмҳои осмониро ба номи «Судси Фахрӣ» насб намояд.

«Судси Фахрӣ» дертар дар илми ситорашиносии Аврупо бо номи «секстант» маъруф гардид. Азбаски расадхона бо сарпара- стии амир Фахруддавла (солҳои ҳукмрониаш 976-997-уми мелодӣ) бунёд ёфта буд, олати асосии астрономии он «Судси Фахрӣ» ном гирифт. «Судси Фахрӣ» дар шакли доираи камонӣ сохта шуд, ки қутри он баробари 80 зироъ (тақрибан 40 метр) буд. Дар ин бора Абўмаҳмуди Хуҷандӣ чунин навиштааст: «Баландии нисфирўзии офтобро дар Рай ба соли сесаду ҳаштоду чаҳори ҳиҷрӣ ё сесаду шасту сеи яздигурдӣ бо олате, ки ихтирои ман аст, мушоҳида на- мудем. Он камонӣ доираест, ки қутри он ба 80 зироъ баробар аст ва ман онро «Судси Фахрӣ» номидам, чун он ба шашяки доираи нисфун-наҳор мувофиқ аст. Мушоҳида дар шоҳидии гуруҳи ула- мо гузашт, ки номи онҳо ба феҳристе гирифта шуд ва ҳар яке имзо гузоштанд» (Абдуллозода Х.Ф., Негматов Н.Н., Абўмаҳмуди Хуҷандӣ.-Душанбе, 1986, саҳ.85).

Расадхонаи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ тақрибан дар як вақт бо расадхонаи машҳури Бағдод сохта шудааст (расадхонаи Бағдод соли 987-ум ба кор шуруъ кардааст). Дар Бағдод таҳти роҳбарии Абўсаҳли Кўҳӣ ба наззораву таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ машғул буданд. Он расадхонаро Шарафуддавла ибни Азудуддавла, ки низ аз амирони Оли Бўя буд, сарпарастӣ мекард. Аммо расадхо- наи Рай бино бар олати нодири астрономии худ «Судси Фахрӣ» шуҳрат ва эътибори бештар пайдо кард. Донишмандони замони мо муайян кардаанд, «Зичи Фахрӣ», ки мураттиби он Абўмаҳмуди Хуҷандист, аз лиҳози андозагирӣ ва таҳқиқоти илмӣ хеле саҳеҳ мебошад. Аз ҳамин сабаб «Судси Фахрӣ» дар байни донишмандон нуфузу эътибори зиёд пайдо кард.

Эҳтимол, шуҳрати ин олати нодир дар кишварҳои машриқзамин бошад, ки охирҳои асри Х тақдир Абўрайҳони Бе- рунии ҷавонро ба шаҳри Рай овард ва ў бо Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ва ихтирои ў «Судси Фахрӣ» аз наздик шинос шуда, баъдан дар асари хеш «Таҳдиду ниҳоёт ал-амокин литасҳеҳи масофот ал- масокин» Абўмаҳмудро «ягонаи асри хеш дар санъати устурлоб ва олоти нуҷумӣ» номидааст. Берунӣ яке аз рисолаҳои кўчаки хеш «Ҳикояту ал-олат-ул-мусаммо ас-судс-ул-фахрӣ»-ро маҳз ба сохти «Судси Фахрӣ» бахшида, аз Абўмаҳмуди Хуҷандӣ чун аз устодаш ёдовар шудааст.

Андозаи «Судси Фахрӣ» ва кайфияти андозагирӣ бо он дар муддати кўтоҳ диққати кулли мунаҷҷимон ва ҳатто риёзидонони маъруфи машриқзаминро дар ҳайрат гузошта, ба худ ҷалб кард. Зеро олати сохтаи олим аз тоифаи олоти маъмулӣ набуд. Чӣ сабаб шуд, ки Абўмаҳмуди Хуҷандӣ чунин олати азимро ихтироъ кард? Бояд зикр кард, ки то ихтирои «Судси Фахрӣ» олоти дигар ба монанди квадрант (рубъи деворӣ), устурлоб, сфераи армиллярӣ (зот-ул-ҳилақ - айнан «дорандаи ҳалқаҳо»), миқёс (гномон) ва ғайра мавҷуд буданд. Тарзи кори аксари онҳо ба мушоҳидаи аёнии (визуалӣ) ҷирмҳои осмонӣ асос ёфтаанд. Маълум аст, ки саҳеҳии ченкуниҳо аз андозаи олот вобаста аст, яъне чӣ қадаре ки қутри канора (зеҳи зовиясанҷ) калон бошад, ҳамон қадар аломатҳои дараҷот дақиқтар дараҷабандӣ мешаванд. Саҳеҳии тақсимоти канораи рубъи девории қутраш то 5 метр аз 1‘ ва сфераи армиллярӣ аз 15‘-30‘ боло набуд.

Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар мушоҳидаи хеш усули наверо мавриди истифода қарор дод: Офтоб бо чашм мушоҳида нашуда, балки нури он аз сақфи қисми болои олат гузашта ба камони азими зеризаминии дараҷабандишуда мерасид ва мушоҳидакунанда ҳолати онро сабт мекард. Агар то ихтирои «Судси Фахрӣ» саҳеҳии зовиясанҷӣ дараҷаю дақиқаҳо буданд, Абўмаҳмуди Хуҷандӣ онро то ба сонияҳо расонид. «Судси Фахрӣ» олоти манқул (ба монанди устурлоб, зот-ул- ҳилақ ва ғайра) набуда, балки сурати бинои азимеро дошт. Сох- тани вай аз муайян кардани хатти нисф-ун-наҳор оғоз мешавад.

«Судси Фахрӣ» тўли ҳафт аср яке аз олоти асосии расадхонаҳои кишварҳои машриқзамин ба шумор мерафт. Дар расадхонаи Самарқанд (замони Мирзо Улуғбек), ки андозаи олати судси он аз «Судси Фахрӣ»-и расадхонаи Таборак тақрибан ду баробар бузург буд, ба ҷои лавҳаҳои мисии дараҷабандишуда, тахтасангҳои мармарии дараҷабандишуда васл шуда, барои роҳгардӣ аз ду тарафи он зинаҳо сохта буданд. Бино ба маълумоти Ҷамшеди Кошонӣ, яке аз олоти асосии ра- садхонаи Мароға (асри ХIII) низ «Судси Фахрӣ» будааст. Дар ҳамон аср дар Пекин (маркази Чин) расадхонае бино шуда, ки дар он шогирди Насируддини Тўсӣ – Ҷамолиддини Бухороӣ низ фаъолият дошт. Дар қатори олоти расадии он секстант («Судси Фахрӣ») низ буд. Охири асри ХVII – ибтидои асри ХVIII асосгузори шаҳри Ҷайпур Савои Ҷайасимхи (1686-1743) суннатҳои ил- мии Самарқандро идома дода, дар Ҷайпур, Деҳлӣ, Банорас, Мут- тра ва Уҷҷайн панҷ расадхона бино кардааст. Дар қатори оло- ти мушоҳидавии расадхонаи Ҷайпур на танҳо «Судси Фахрӣ», балки олати шомила (аз ихтирооти Абўмаҳмуди Хуҷандӣ) низ мавҷуд буд.

Олими забардаст аз ҷумлаи аввалин мунаҷҷимони Шарқи исломӣ аст, ки дар асоси муқоисаи расади хеш бо натиҷаҳои расади донишмандони гузашта муқаррар намудааст, ки қимати та- моили фалак-ул-буруҷ бар муаддил-ун-наҳор доимӣ набуда, бал ки бо гузашти айём тағйир хоҳад ёфт. Ба таъбири В.А.Шишкин «Судси Фахрӣ» то ихтирои телескоп аз ҷониби Г.Галилей (соли 1610) беҳтарин олати ситорашиносӣ ба ҳисоб мерафт.

2. Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ғайр аз ихтирои «Судси Фахрӣ» дар такмил ва азнавсозии василаву олатҳои дигари астрономӣ низ хидматҳои муҳим анҷом додааст. Аз ҷумлаи онҳо олати шо- мила ва зот-ул-ҳилақ мебошад, ки татбиқ ва истифодаи васеъ доштанд. Бисёре аз ситорашиносони асрҳои баъдина мисли до- нишманди испаниягӣ Иброҳим аз-Зарқолӣ, Хоҷа Насируддини Тўсӣ, Fиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ, Мирзо Улуғбеки Кўрагонӣ аз онҳо истифода кардаанд. Чунон ки зикраш гузашт, Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ихтироъ- кунандаи на танҳо секстант, балки чандин олоти дигари нуҷумӣ буд. Яке аз онҳо ба ном устурлоби «зарқола» буд. Фарқи ин олат аз устурлобҳои маъмули асрҳои миёна дар он аст, ки он дорои «сафиҳаи зарқола» буда, барои ҳама уфуқҳо, яъне дар ҳамаи арзҳои маҳал истифодашаванда буд, ҳол он ки дар устурлобҳои маъмулӣ, барои ҳар як арзи ҷуғрофии маҳал сафиҳаи алоҳида ло- зим буд, яъне ҳамон як устурлоб дорои якчанд сафиҳа буд.

3. Кашфиёти Абўмаҳмуди Хуҷандӣ дар илмҳои риёзиёт ва ҳандаса (математика ва геометрия) низ шуҳрат доранд. Дониш- мандони риёзиёт муайян кардаанд, ки дар ҳалли яке аз теоремаҳои математикӣ, ки дертар бо номи «Теоремаи бузурги Ферма» шинохта шуд, мушоҳидаву натиҷаҳои бадастовардаи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ бағоят ҷолиб аст. Моҳияти ин теоремаро донишманди франсавӣ Пйэр Фер- ма (1601-1665) таҳқиқ ва муайян кард. Бино бар ин, ҳам бо номи «Теоремаи Ферма» шуҳрат ёфт. Аслу моҳияти ин теоремаро 600 сол пештар аз ў Абўмаҳмуди Хуҷандӣ дар рисолаи махсуси риё- зии худ дарк карда, ҳаллу фасл намуда буд. Дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд М.Мирзоаҳмадов бар он ақида аст, ки бояд ин теорема «Ҳомид-Ферма» номида шавад (Великие мыслители. Абўмахмуд Худжанди, Умар Хайям, Худжанд, 2004, стр.15). Теоремаи Фермаро бо истилоҳи «қазияи синусҳо дар му- салласоти куравӣ» низ ифода мекунанд. Исботи қазияаи синусҳо дар мусалласоти куравӣ дар охири асри Х яке аз комёбиҳои муҳими донишмандони машриқзамин ба ҳисоб меравад. Таъри- фи ин қазияа чунин аст: «Дар мусалласи куравии дилхоҳ нисба- ти тарафи дилхоҳ ва кунҷи муқобил доимӣ аст» ё худ, ба гуфтаи Ибни Ироқ, «ҳар гоҳ дар сатҳи кура мусалласе бошад, ки азлои (қавсҳои) он мутааллиқ ба доираҳои азима бошад, ҷайбҳои ин аз- лоъ бо ҷайбҳои завоёи рў ба рўи онҳо мутаносибанд».

Барои донистани моҳияти кашфиётҳои Абўмаҳмуди Хуҷандӣ дар илми риёзиёт ба ёд овардан кифоя аст, ки дар асри ХVII барои исбот кардани теоремаи Ферма ба миқдори сад ҳазор маркаи олмонӣ мукофот таъин карда буданд. Ин миқдор муко- фоти пулӣ барои асри ХVII, ки қурби маркаи олмонӣ хеле ба- ланд буд, беназир аст. Соли 1994 профессори Донишгоҳи Прин- стони Амрико Эндрю Уайлз моҳияти илмии ин теоремаро исбот кард ва соли 1998 дар Конгресси ҷаҳонии математикҳо (Берлин) дар ҳузури бузургтарин математикҳо таҳлил ва баён намуд. Дар анҷоми ин кашфиёти ҷаҳонӣ Абўмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ низ саҳми муайяни худро ҳазор сол пеш аз рўзгори мо гузоштааст. Барои донишмандон ва миқдоре аз алоқамандони таърихи илм пўшида нест, ки бисёре аз осори илмию адабии асрҳои IХ-ХII дар натиҷаи тохтутози хонумонсўзи Чингизхон ва ҷангҳои дига- ри дохилӣ аз байн рафтанд. Осори илмии Абўмаҳмуди Хуҷандӣ низ аз ин офат барканор набуд.

Қисме аз рисолаҳои илмӣ ва расадхонаи ў бар асари ҳодисоти таърихӣ талаф шудаанд. Хушбахтона, баъзе рисолаҳои ў дар китобхонаҳо ва ганҷинаи дастхатҳои нодири шаҳрҳои Ис- тамбул (ганҷинаи Тўпқописарой), Оксфорд (Китобхонаи Бод- леан), Бейрут (ганҷинаи дастхатҳо), Париж (Китобхонаи миллӣ), Қоҳира (Китобхонаи Хидевийя) ва Теҳрон (Китобхонаи Маҷлис) нигаҳдорӣ мешаванд. Эҳтимол дорад, дар ганҷинаи китобҳои хат- тии мамлакатҳои дигар низ асарҳои Абўмаҳмуди Хуҷандӣ маҳфуз бошанд. Умедворем, ҷустуҷўҳои ояндаи илмӣ саҳифаҳои нави кор- номаи эҷодии ин донишманди бузургро равшан хоҳад кард.

Дар масъалаи омўзиш ва интишори осори Абўмаҳмуди Хуҷандӣ хидмати олимони шинохтаи ҷаҳони имрўза ба монан- ди Ҳ.Сутер, Ҷ.Самсо, А.Браунмул, К.Броккелман, О.Шумер, Ф.Вёпке, А.Кеннеди, Г.П.Матвиевская, Б.А.Розенфелд, М.М.Рожанская ва дигарон зиёд аст. Аз донишмандони эронӣ Абулқосими Қурбонӣдаркитоби«Риёзидонониэронӣ аз Хоразмӣ то Ибни Сино» (Теҳрон,1972) ва Муҳаммад Боқирӣ дар кито- би «Аз Самарқанд ба Кошон» (Теҳрон,1997) аз олимони тоҷик Н.Неъматов ва Х.Абдуллозода дар китоби «Абумахмуд Худ- жанди» (ба забони русӣ.-Душанбе, 1986), Мавлон Мирзоаҳмадов дар рисолаи «Великие мыслители. Абў Махмуд Худжанди, Умар Хайям» (ба забони русӣ, Хуҷанд, 2004) дар бораи аҳволу осори ин риёзидон ва мунаҷҷими барҷаста маълумот додаанд.

Нуктаи бисёр ҷолиб ва арзишманди дигар он аст, ки муал- лифони энсиклопедияҳои муътабари илмӣ дар ҷаҳони муосир ба шахсият ва мероси илмии Абўмаҳмуди Хуҷандӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд. Дар китоби «Thе еncyclopaеdia of islam» (Энси- клопедияи ислом), ки зери таҳрири К.Босфорт, Е ван Донзен, Б.Левис ва Ч.Пеллат дар Лейден нашр шудааст (ҷилди 7,саҳ.46- 47), расадхонаи Абўмаҳмуди Хуҷандиро ҳамчун марҳилаи нави бунёди обсерватория дар тамаддуни инсонӣ муаррифӣ карда, дар бораи моҳияти рисолаҳои илмии ин донишманд маълу- моти дақиқи илмӣ додаанд. Муаллифи мақолаи «Абумаҳмуди Хуҷандӣ» дар ин энсиклопедия олими испанӣ Ҷ.Самсо мебошад. Ин донишманд дар поёни мақолааш бо ҳифзи амонати илмӣ аз китобу мақолаҳои Ҷ.Сутер, И.Сезгин, П.Кунтич, Ҷ.Сартон, С.Текели, А.Седиллот, О.Шумер, Е.Вейдеман, Ҷ.Франк, А.Сайили ва олимони дигар ёд кардааст, ки эшон доир ба фаъо- лияти илмии донишманди хуҷандӣ корҳои илмӣ анҷом додаанд. Осори бисёре аз номбаршудагон дар китобҳои таълифшуда дар Тоҷикистону Россия ба назар намерасад. Ин санад далели он аст, ки дар кишварҳои ғарбӣ таваҷҷуҳ ба осори Абўмаҳмуди Хуҷандӣ рўзафзун аст. Бояд тазаккур дод, ки китоби муътабари «Энсикло- педияи ислом» аз тариқи интишороти Е.Ҷ.Брилл ба табъ раси- дааст. Ин интишорот обрўмандтарин муассисаи илмӣ дар ховар- шиносии ҷаҳонӣ мебошад.

Донишманди мумтози эронӣ Алиакбари Деҳхудо дар «Луғатнома» дар васфи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ чунин навиштааст: «Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ, муканнно ба «Абўмаҳмуд» аз бу- зургони уламои риёзӣ ва расад, муосири Фахруддавлаи Дайламӣ вай дар мусалласоти мустақима ва куравия татаббуот дошта…» (Луғатнома, ҷилди 5, саҳ.7532).

Мо ин ҷо танҳо иттилооти фароҳамовардаи ду китоби муъ- тамад ва маъруфро дар бораи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ зикр кардем. Дар донишнома ва китобҳои ҷомеи дигар низ бо диққати илмӣ аз хусуси мақомоту неруи ақлии ин донишманди нобиға сухан рондаанд. Хулосаву далелҳои болоӣ имконият медиҳанд, ба натиҷа бирасем, ки дар ҷаҳони муосир омўзиши ҳамаҷонибаи мероси илмии Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ба марҳилаи нав ворид шудааст.

Абдулманнони Насриддин

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...