(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt 29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистуҳаштсолагии истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рӯйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодаанд.

Соли 2019 барои Тоҷикистони азизамон соли пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди маҳал ва ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ босуръат идома доранд.

Хусусан дигаргуниҳои куллие, ки дар пойтахти кишвари азизамон — шаҳри Душанбе ва дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошанд.

Сафарҳои кории Президенти мамлакат ба минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла маҳалҳои дурдаст нишон доданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай хеле корҳои назаррасро анҷом додаанд.

Ифтитоҳи иншооти гуногуне, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар гӯшаву канори ҷумҳурӣ идома дорад, гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, соҳибкорон ва мардони бонангу номус барои фардои ободу осуда ва дастовези ҷашнии онҳо мебошад.

Ҳамаи ин корҳои ободониву созандагӣ самараи сулҳу ваҳдат, ватандӯстиву худогоҳии халқамон ва заҳмати шабонарӯзии пешсафони арсаи меҳнат, хизматчиёни содиқи Ватан ва сарбозону низомиёни фидокор мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба тамоми сокинони мамлакат маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон дар байни сарфарозшудагон таъкид доштанд.

Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 160 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, медали “Хизмати шоиста”, медали “Шафқат”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои навбатӣ ва Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд.

Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, адибон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, соҳибкорон, роҳсозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ буданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 1 нафар бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, 6 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 11 нафар бо медали “Ҷасорат”, 78 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат”, 3 нафар бо медали “Марзбони Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 20 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 5 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар бо рутбаҳои навбатӣ ва 11 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид карданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгиранда дар соли таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон, бахусус занон дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовар бо рутбаҳои ҳарбии махсуси мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои I ва III, “генерал майори адлия”, “генерал майори хизмати назорати маводи нашъаовар”, “генерал-майори милитсия”, “генерал майор”, “генерал лейтенанти милитсия”сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин як гурӯҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2017 гардидаанд.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои табиӣ, риёзӣ, тиббӣ, бунёдӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ супорида шуд.

Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи  онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии мамлакат, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...