(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои "Иди харбуза", "Иди кадуи хонапуркун", "Иди ангур", "Иди асал", Фестивали "Оши палав" ва даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам", ки рӯзи 24-уми август дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар макони тантанаҳои идонаи кишоварзони зарофар ва ҳунармандони асил, дар маҷмуъ шумораи зиёди сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо хушнудии беандоза ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар ин чорабинии бошукуҳ ва доманадор намояндагон аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок карда, дар фазои орому осудаи Ватан маҳфилу озмунҳои гуногун доир намуданд. Ҳар як Ид дар алоҳидагӣ ва бо пешниҳоди анвои гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ таҷлил карда шуд. Ба таври густурда ба маъраз гузошта шудани навъҳои гуногуни ҳосили зироати полезӣ, сабзавот, асали табиӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда дар ин чорабинӣ бозгӯкунандаи заҳмати пайвастаи кишоварзони меҳнатдӯстдори вилояти Суғд мебошад.

Дар "Иди асал" занбурпарварони 15 шаҳру ноҳия, намояндагони Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангал ва Ассотсиатсияи занбурпарварони вилоят бо шавқмандии зиёд иштирок намуданд. Дар баробари ба маъраз гузошта шудани номгӯи гуногуни асал, ҳамчунин дар намоишгоҳ дигар намуди маҳсулоти занбуриасалпарварӣ, аз ҷумла шири модазанбур, гарди гул, мум ва ғайра ба тамошо гузошта шуд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар вилояти Суғд 68 ҳазору 950 оилаи занбури асал мавҷуд мебошад ва соли гузашта аз ҷониби занбурпарварон ба миқдори 211 тонна асал истеҳсол карда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар нимсолаи аввали соли равон бошад дар вилоят 289 тоннаро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 78 тонна зиёд мебошад.

Дар гӯшаи чорабиниҳои "Иди харбуза", "Иди кадуи хонапуркун" ва "Иди ангур" хоҷагидорони 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар растаҳои алоҳида маҳсули меҳнати хешро ба намоиш гузоштанд. Пирамидаҳо ва хаймаҳо дар ин намошгоҳи доманадор, ки бо истифода аз харбузаю тарбуз, каду, ангур, ҳосили дигар навъи зироати кишоварзӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда, аз қабили мавиз, мурраббо, афшӯраҳои гуногун ва ғайра басо ҷолиб оро дода шудаанд, аз завқи баланди зебоипарастии дастандаркорон дарак медиҳад. Тибқи иттилои масъулон соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 5570,5 гектар зироати полезӣ, аз ҷумла 1613 гектар харбуза, 3899 гекта тарбуз ва 57,5 гектар каду кишт кардаанд. Дар соли 2018 аз ҷониби кишоварзони вилоят ба миқдори 108 ҳазору 68 тонна маҳсулоти полезӣ истеҳсол карда шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи фаъолияти пурсамари аҳли заҳмати вилоятро шоистаи таҳсин ҳисобида, ба дастовардҳои онҳо баҳои баланд доданд. Баргузории чунин як чорабинии бошукуҳро бо фарогирии чанд иди миллӣ дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим шуморида, таъкид доштанд, ки маҳз ин омил дар муаррифии маҳсулоти озуқавории аз лиҳози экологӣ тозаю баландсифати мамлакат боис мегардад.

Дар заминаи ташкил намудаи чунин чорабиниҳои муаррификунанда ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар сол то сол зиёд мегардад. Ба маълумоти масъулон дар шашмоҳаи аввали соли равон аз қаламрави вилояти Суғд ба миқдори 194 ҳазору 857 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа содирот шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳазору 850 тонна зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 - уми августи соли 2019 шанбеи сеюми моҳи август "Иди ангур" ва шанбеи сеюми моҳи сентябр "Иди себ" эълон гардидааст. Дар ин рӯзи хушу хотирмон ва бори нахуст дар қаламрави ҷумҳурӣ "Иди ангур" бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ токпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дастовардҳои меҳнатии хешро ба маъраз гузоштанд. Ток ва ҳосили он дар маъракаи сирф миллӣ - "Иди ангур" ба таври зинда ва бо тарҳи ҷолиби диққат гузошта шуд, ки ҳавасмандӣ ва маҳорати баланди токпарварони вилоятро таҷассум мекунад.

Имрӯз дар вилоят дар масоҳати 9723 гектар ангурбоғ мавҷуд аст ва соли гузашта токпарварон ба миқдори 44 ҳазору 741 тонна навъҳои гуногуни ангурро истеҳсол намудаанд. Дар намоишгоҳ ҳамчунин дигар навъи ҳосили зироати кишоварзӣ ва меваҳои шаҳдбори тару тоза ва инчунин коркардшуда ба маъраз гузоштанд. Тибқи иттилои масъулон майдони умумии кишоварзии вилоят дар мавсими имсола ба 223 ҳазору 197 гектар баробар гардидааст, ки нисбат ба як соли пеш 1036 гектар зиёд мебошад.

Фестивали "Оши палав", ки дар ин макони тантанаҳои идона ба таври хос баргузор гардид, шумораи зиёди ошпазҳои моҳирро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳам овард. Дар ин Фестивал Оши палавро дар 18 дег, аз ҷумла дар ду дег бо ғунҷоиши беш аз як тоннаӣ омода намуданд. Ин навъи хӯроки миллӣ бо истифода аз номгӯи гуногуни биринҷ ва хос ба минтақаҳои мамлакат пухта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти нонӣ, ки дар доираи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам" ташкил гардид, дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ нонпазҳои моҳир намунаи нонҳои хос ба минтақаҳои вилоятро омода карда, ба маъраз гузоштанд. Ҳамчунин аз ҷониби нонпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 8 танӯр номгӯи гуногуни нонҳои миллӣ омода намуда, пешниҳоди иштирокдорон карданд. Дар ҳамин ҷо занони ҳунарманди вилоят ба таври рамзӣ ҳавлии тоҷикона ташкил намуданд, ки басо диққатҷалбкунанда мебошад.

Сипас аз рӯи чор номинатсия - "Зуволатоби беҳтарин", "Ороиши беҳтарини нон", "Нони бомаззатарин" ва "Калонҳаҷмтарин нон" даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам" ҷамъбаст гардид.

Дар доираи баргузории идҳои миллӣ ҳамчунин маҳфилу озмунҳои "Ороиши хаймаи беҳтарин", "Оши палави беҳтарин", "Дастони моҳир", "Ошхури беҳтарин" ва "Харбузахури беҳтарин" доир карда шуд. Иштирокчиёни озмуну мусобиқаҳои зикргардида баҳогузорӣ шуданд ва ғолибон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...