(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз 26 ноябри соли 2018, №1553 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №594 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар нимсолаи аввали соли 2019 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 86296,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша амалан маблағи 91808,5 ҳазор сомонӣ ва ё 106,4 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша ба маблағи 5512,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 18078,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 124,5 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, ҳамаи манбаъи воридоти буҷет таъмин гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 192786,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши амалии он ба маблағи 198599,7 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 5813,8 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 103,0 фоизро ташкил медиҳад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ маблағи 14811,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 108,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аст ва аз ин ҳисоб ба буҷети умумӣ 1297,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ва миёна ба ҳолати 1 январи соли 2019 бо назардошти андози иҷтимоӣ маблағи 18908,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба ҳолати 1 июни соли 2019 маблағи 18749,4 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 159,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли 2019 бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 96959,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он маблағи 96883,4 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 99,9 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 72484,2 ҳазор сомонӣ ва ё 74,8 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 54633,8 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 56,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда аз ин ҳисоб қарздориҳо ҷой надорад.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 барои сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд нақша бо тағйиру иловаҳояш маблағи 15295,1 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда, иҷроиши амалии он маблағи 15293,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки 100,0 фоиз иҷроиши маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии шаҳр барои 34587 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр маблағи 36250,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ 22245,4 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 22217,5 ҳазор сомонӣ ва ё 99,9 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати омўзгорон якҷоя бо андози иҷтимоӣ 19453,9 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 87,5 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои таълимии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли хониши 2019-ум 32 адад мактабҳои таҳсилоти умумии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда фаъолият намуда, мувофиқи нақшаи соли ҷорӣ дар мактабҳои шаҳр 1158 синф бо миқдори 34578 хонандагон ва ё ба ҳисоби миёна дар як синф 30 талабагон таҳсил намуда истодаанд.

Хароҷоти миёна барои нигаҳдории як хонанда дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёна 932 сомонӣ ва барои як мактаб 172992 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиш мутаносибан 100 фоизро ташкил додааст.

Мувофиқи нақшаи мактабҳо миқдори ставкаи дарсгузарии омўзгорон 1825 ставкаи педагогӣ пешбини гардида, иҷроиши он 100 фоиз ё 1825 ставка таъмин карда шуд.

Дар соли 2019 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ шаҳр барои 8797 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр маблағи 16185,7 ҳазор сомонӣ пешбини карда шуда, аз ҷумла барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ 7771,3 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 7762,8 ҳазор сомонӣ ва ё 99,9 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати мураббиён якҷоя бо андози иҷтимоӣ 6661,4 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 85,8 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар 32 кўдакистонҳои шаҳр 318 гурўҳ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 318 гурўҳро ташкил дода, дар он 8797 кўдакон тарбият мегиранд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 аз буҷети шаҳр 17 муассисаи соҳаи тандурустӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он 3129,5 воҳиди корӣ ба нақша гирифта шуда дар асл 2946,25 воҳидӣ корӣ бо кормандон таъмин карда шудааст. Вазифаҳои холӣ аз ҳисоби духтурон 88 воҳиди корӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 47,75 воҳиди корӣ, кормандони хурдӣ тиббӣ 27,5 воҳиди корӣ ва ғайра 20 воҳиди кориро ташкил медиҳад.

Музди миёнаи маоши духтурон ба маблағи 1076 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 695 сомонӣ, кормандони хурди тиббӣ 485 сомонӣ ва ғайраҳо 655 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он мутанаосибан 1003 сомонӣ, 648 сомонӣ, 451 сомонӣ ва 609 сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 5512,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 20 фоиз аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшуда ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт» маблағи 1102,5 ҳазор сомонӣ ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷети тасдиқшуда ба истиснои 20 фоиз ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт», 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 220,5 ҳазор сомонӣ ҳисоб гардида, ба фондҳои дахлдор пурра пардохт карда шуданд.

Инчунин, мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар нимсолаи аввали соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 14,9 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардид.

Ҷиҳати таъмини қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 , қарори Раиси шаҳр аз 3 майи соли 2019, №320 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” ба тавсиб расонида шуда, эҳтиёҷот ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 барои муассисаҳои соҳаи тиб ба миқдори 600 тонна ва муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр ба миқдори 801,9 тонна, ҳамагӣ ба андозаи 1401,9 тонна муайян карда шуда, то ба ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маорифи шаҳр 309,2 ҳазор сомонӣ барои харидории 469,9 тонна ангишт ба харҷ дода шуда, дархостҳои муассисаҳои соҳаи тиби шаҳр барои харидории ангишт ба озмуни хариди тендерӣ пешниҳод карда шуданд ва дар рӯзҳои наздик маблағгузорӣ ва захиракунии ангишт бо пуррагӣ таъмин карда мешаванд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 барои рушду нумўъ ва тараққиёти соҳаҳои мухталифи шаҳр аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр 5238,4 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр маблағи 99,5 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби захираҳои иловагии буҷети маҳаллӣ 735,6 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Ҳамзамон, дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, кўдакони синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо ва бо мақсади таъмини хуни бехатарии донорӣ аз ҳисоби маблағҳои барои ҳифзи саломатии оммаи шаҳр пешбинишуда дар нимсолаи аввали соли 2019 ба Муассисаҳои давлатии «Маркази саломатӣ»-и шаҳрӣ ва беморхонаҳои шаҳрӣ 42,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, сари вақт маблағгузори карда шуданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 ба 54 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар, ҳамсарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 10020 сомонӣ, ба 24 нафар шахсоне, ки барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 3600 сомонӣ, ба 26 нафар маъюбони бартарафкунии оқибати садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 3900 сомонӣ ва ба 14 нафар маъюбони Артиши Шўравӣ ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 2520 сомонӣ иловапулиҳо ба нафақа пардохта шуданд.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд иловапулӣ ба 61 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди вилоят маблағи 40755 сомонӣ пардохт карда шуд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2019 ҷиҳати барқарорсозии саломатии иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 206603 сомонӣ пешбинӣ карда шуда, иҷроиши он 206500 сомониро ташкил дод.

Бояд кайд кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барои дастгирии табақаҳои алоҳидаи ниёзманди шаҳр, аз ҷумла дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр барои расонидани кўмаки яквақтаинаи моддӣ ба муносибати 74-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 4500 сомонӣ ва шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд маблағи 26400 сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 30900 сомонӣ кӯмкпулиҳои яквақтина пардохт карда шуд ва барои расонидани кӯмаки моддии яквақта ба 45 нафар шаҳрвандони камбизоат маблағи 62100 сомонӣ, аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ барои гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии баровардани Қўшунҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз хоки Афғонистон 10500 сомонӣ, бахшида ба таҷлили “Наврӯзи байналмилалӣ” ба 64 нафар ятимони кулл кӯмаки моддии яквақта 43440 пардохт карда шуданд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои иҷрои қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳр ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети маҳаллӣ пешбинишуда 6000 сомонӣ равона карда шудааст.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12 ноябри соли 2018 “Дар бораи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар шаҳри Хуҷанд ба тавсиб расонида шуда, бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ, ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таҳияи маҳзани маълумот оид ба ҳунармандон озмуни шаҳрӣ эълон карда шуда, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр дар ин давра барои ин мақсад аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ 6,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо карда шуданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, дар ин давра дар асоси қарори Раиси шаҳр “Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва бахшида ба “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни шаҳрӣ эълон гардида, барои ин мақсад аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ 15000 сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Барои татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидан ва бо мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии оила, қарори дахлдори Раиси шаҳр ба тавсиб расонида шуда, барои ин мақсад аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ 14920 сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Дар ин давра аз тарафи мутахассисони Раёсати молияи шаҳр тибқи нақшаи корӣ дар як қатор ташкилоту муассисаҳои аз тарафи буҷети маҳаллии шаҳр маблағгузоришаванда (муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои тандурустӣ, мактабҳои варзишӣ, шўъбаи фарҳанг ва ғайра) оиди риояи интизоми штатию молиявӣ ва дурустии пардохти музди меҳнат мувофиқи ҷадвали басти вазифаҳо ва тарификатсияи кормандони соҳаҳои буҷетӣ таҳлилҳо гузаронида шуданд.

Таҳлили мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар 15 муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ маблағи 62618 сомонӣ камбудиҳои молиявӣ, аз ҷумла хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 25000 сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 36474 сомони, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 570 сомонӣ ошкор ва маблағҳои мазкур пурра ба даромади буҷети давлатӣ барқарор карда шуданд.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.

Абдусалом  Бобоҷонзода, сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...