(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ маросими кушодашавии фестивали оммавӣ-варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат бо иштироки беш аз 600 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як мулоқоту вохӯрӣ бо зиёиён ва аҳолии кишвар дар масъалаи ҷавонон ва бахусус рушди навъҳои гуногуни варзиш алоҳида сухан гуфта, аз муассисаҳои дахлдор даъват менамоянд, ки ба масъалаи илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва шуғл варзидани ҷавонон ба варзиш диққати ҷиддӣ диҳанд. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳамагуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Сипас, Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамасола дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби васеи омма ба намудҳои мухталифи варзиш тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дастовардҳои варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ назаррас мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 300 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. То ин давра зиёда аз 20 адад иншоотҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи эълон гардидани “1300 Рўзи ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бомаром идома дорад.

Зикр гардид, ки идома додани иқдомҳо дар самти бунёди иншоотҳои варзишию маърифатӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ низ аҳамияти бузург дорад, зеро ҷавононро бо шуғл таъмин намудан мутамарказии зеҳниро ба вуҷуд меорад ва онҳоро бештар амалгаро мекунад, онҳо ба кори барои худашон ва барои ҷамъият фоиданок ҷалб мешаванд. Дар ин самт, рушд ва оммавӣ гардонидани шоҳмот низ муҳим аст. Аз як тараф ин навъи дар ҷаҳон машҳури варзиш чун навъи қадимии бозиҳои миллии мо таблиғ ва ривоҷ мебинад, аз тарафи дигар зеҳнияти ҷавонону наврасон қавӣ мегардад, барои ташаккули қишри зиёии техникӣ низ мусоидат карда мешавад ва аз ҳама муҳим, ин кор барои ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъсири нек мерасонад. Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2017 зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш дар бораи зарурияти дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ намудани дарси шоҳмот ва ба ин хотир таҳия ва чоп кардани китобу дастурҳои таълимӣ таъкид намуда буданд. Баъди он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълимӣ ва китоби дарсии «Асосҳои шатранҷ»-ро ба чоп расонд ва дар мактабҳо дарси шоҳмат роҳандозӣ карда шуд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода дар анҷоми суханронии худ, изҳори умедворӣ намуд, ки чорабинии пуршукуҳи имрӯза барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар ташаккули неруйи зеҳнӣ ва малакаи варзишии ҷавонон мусоидат намуда, дар ояндаи наздик сафи дӯстдорони чунин намуди варзиш дар шаҳр зиёд хоҳад шуд.

Сипас, шоҳмотбозони синну соли гуногун байни худ барои шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” ба мусобиқа оғоз намуданд. Интизор меравад, ки даври шаҳрии озмун мазкур моҳи августи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...