(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар майдони назди Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва беш аз 50 ҳазор нафар мардум маросими ҷамъбастии чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерўи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобанд ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат муайян намудаанд. Маҳз чунин сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрўз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардидааст ва ҷавонони мо ҳоло дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузошта истодаанд. Дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерўгоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад,-иброз дошт Раиси вилоят.

Ба таъкиди Раҷаббой Аҳмадзода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдод, ватандӯсту соҳибмаърифат ва худогоҳу хештаншинос бо таъсис додани стипендия ва грантҳои Раиси вилоят, ҷоизаю мукофотҳои соҳавӣ барои ғолибону фаъолон тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Раиси вилоят ба тасвиб расида, дар асоси он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят силсилаи чорабиниҳо бо шумули мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд гузаронида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри иҷрои қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонон дар вилоят Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018 ва барои солҳои 2019-2021, Барномаи вилоятии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2019-2022, Барномаи маҳаллии маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021, Барномаи маҳаллии рушди футбол барои солҳои 2017-2021 қабул гардида, дар маҷмўъ барои амалишавии ин барномаҳо дар соли 2018-ум 1 миллиону 54 ҳазор сомонӣ ва барои соли ҷорӣ 1 миллиону 604 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардидани қарорҳои Раиси вилоят “Дар бораи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!”, «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ва «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои солҳои хониши 2018-2019», инчунин баргузории ҷаласаи Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят, конференсияи илмии “Ҷавонон муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ”, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, маросими тақдими стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷўёну магистрантон ва аспирантони макотиби олии вилоят, боварӣ дорам, ки бевосита баҳри баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тақвият бахшидани фаъолият дар самти тарбияи ватандўстӣ, маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, таҳкими истиқлолияту ободии Ватан мусоидат хоҳад намуд.

Барномаи рангини консертии фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...