(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии шаҳри Душанбе, ки аз шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар назди донишҷӯён баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Шумо – насли ояндасози кишвар баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид доштаанд: «Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандўстонаи онҳо боварии бузург дорем бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд».

Шаҳрдор зикр дошт, ки ҳадафи мулоқоти имрўзаи мо бо шумо-донишҷўёни азиз тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабаргирӣ ва аёдати Шумо, таҳлили корҳои то имрўз анҷомёфта дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва ошноӣ бо вазъи зисту зиндагӣ ва таҳсилатон мебошад. Шумо - ҷавонони сарбаланди кишвар дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоред.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки воқеан, сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд. Дилхоҳ давлати мутамаддин дар асоси рўҳияи баланди ватандўстии шаҳрвандонаш тараққӣ меёбад ва воқеист, ки дар ин раванд тавваҷҷўҳи бештар ба насли ҷавон дода мешавад. Дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик илму маърифат мақоми афзал дошт. Мутафаккирони тоҷик дар пешрафти илму фарҳанги ҷаҳон саҳми бузург гузошта, мероси гаронбаҳои онҳо имрўз қутбнамои ҳаёти мост. Ба шарофати Истиқлолият мардум ба мероси фарҳангии ниёгон руҷўъ намуда, симои азалии хешро дар оинаи маънавиёт кашф намуд ва бо азму талоши шоиста ба паҷўҳишу кушоиши ҷодаи ҷадиди улум пардохт. Бунёди ҷомеаи мутамаддин дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз маънавиёт сарчашма мегирад. Фарҳангу маънавиёт дар асару маърўзаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Пре-зиденти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳастии миллат эътироф гашта, бо ҳидояти эшон ин нуқта моҳияти амали созандагиву бунёдкории ҷомеаро ташкил медиҳад. Дар ташкил ва тарғиби арзишҳои маънавӣ муассисаҳои таълимӣ, хоса мактабҳои олӣ мақоми шоиста доранд. Мактабҳои олӣ ҳамчун махзани илму маърифат дар тарбияи насли созандаву бунёдкор саҳми назаррас мегузоранд. Хусусан, дар шароити имрўзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат нерўи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тақвияти соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Омўзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти асосии пешрафт ва рушди пайгиронаи ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар ин роҳ муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ нақши муҳим дорад.

Таъкид шуд, ки ислоҳот дар соҳаи маориф аз падидаҳои беҳтарини замони Истиқлолият дар оғози асри нав ба шумор меравад. Дар ин замина барқарор гардидани ҳамкории байнидавлатии донишгоҳҳо ба пешравии фаъолияти муассисаҳои олии касбӣ мусоидат мекунад. Туфайли ин тадбири нек имконияти мактабҳои олӣ дар тарбияи кадрҳои соҳибихтисос хеле васеъ гардид. Қабули барномаву лоиҳаҳои нав, беҳтар гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили мактабҳои типи нав, литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо, литсейҳои муштарак, мактабҳои хусусиро самараи ислоҳот метавон арзёбӣ кард. Таълимгоҳҳои зиёде, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъсис ёфта, аз рўи барномаҳои хоси худ фаъолият мекунанд, бар-тарияти назарраси худро дар пешрафти илму маориф ни-шон доданд. Соли шашум аст, ки қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус тавассути Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ мешавад. Ин иқдом талаби замон буда, омили асосии коҳишёбии шиддати кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳа гардид. Имтиҳоноти тестӣ инчунин то андозае сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар муайян намуд. Дар замони Истиқлолият илму маориф ва донишу фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузург дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшино-сиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд. Дар ин самт ҳукумат оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бодарназардошти авзои ҷаҳонӣ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд. Имрўзҳо дар ҷаҳони муосир терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар баробари ин, тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳамчун муборизи роҳи ҳақиқату адолат тадбирҳои муассир андешем.

Бахусус айёми пурталотуми имрўза ҳар як узви ҷомеа, махсусан Шумо - ҷавононро талқин мекунад, ки ба ҳар воқеаи сиёсӣ баҳои воқеӣ дода тавонед. Амалӣ сохтани ин тадбир ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ ва ҷустуҷўҳои ҳар яки шуморо хоҳон аст. Ҳамаи ин хислатҳо бояд хоси Шумо ҷавонон - ояндасозони кишвар бояд бошанд.

Дар анҷоми мулоқот Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зисту таҳсил, ғамхорӣ дар ҳаққи донишҷӯён корҳои зиёдеро роҳандозӣ мекунад. Туфайли ташкили чунин мулоқот роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки бо шароити зисту таҳсили донишҷӯёни хуҷандӣ аз наздик ошно шавад, ба ҳалли мушкилоти таҳсилу рӯзгори онҳо мусоидат намояд. Бояд гуфт, ки мулоқоти имрӯза аз зумраи силсилачорабиниҳои амалинамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб мешавад, ки солиёни охир рӯи кор омадаанд. Барои донишҷӯёни фаъолу аълохони муассисаҳои таҳси-лоти олии касбии шаҳр ҳар сол стипендияи Президентӣ, Раиси вилоят ва Раиси шаҳр супорида мешаванд. Аз ҷумла соли гузашта, 7-нафар донишҷӯён ба дарёфти стипендияи Президентӣ, 50- нафар соҳиби стипендияи Раиси вилоят ва 100 – нафар ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр мушарраф гардида, бисёре аз донишандӯзон бо ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шоистаи ифтихор аст, ки зиёда аз 600 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Федератсияи Россия, Хитой, Малайзия, Олмон, Англия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра таҳсили илм доранд. Бештар аз 400 нафар ҷавонони хуҷандӣ дар мактабҳои олии пойтахти кишварамон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Роҳбарияти шаҳр дар оянда ба кадрҳои соҳибихтисос умедҳои зиёд дорад. Зеро солҳои таҳсил бо тезӣ сипарӣ мешаванду онҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ба меҳнати пурмаҳсул ба нафъи ҷамъият машғул мешаванд. Бигзор, ҳар яки шумо ифтихори миллат ва ифтихори авлоди хеш бошед. Соҳибмаълумоту некирода ворисони арзандаи ин давлату миллат буданатонро ботинан эҳсос намоед ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш беш аз пеш саъйу талош варзед.

Сипас дар ҷараёни мулоқот Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Носирҷон Салимӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилрабо Мансурӣ ва Гулбаҳор Назирӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Донишҷӯён ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои ташкили чунин мулоқоти судманд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сипас аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба 224 нафар донишҷуёни фаъол маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...