(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоира Мутаваллиён ва Васлибек Назриён бо намояндагони бахшу шӯъбаҳо ва раёсатҳои мақомоти иҷроия, маорифу тандурустӣ, кумитаҳои маҳаллаҳо, ҷавонон, занон ва фаъолони шаҳр доир гардид.

Мулоқотро муовини Раиси шаҳр Ҷамшед Абдуқаюмзода ифтитоҳ бахшида, таъкид сохт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвар эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин зуҳуроти ҷомеа кори ҳамагон буда, пешгирии он вазифаи муҳим шумурда мешавад.

Сипас, намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоира Мутаваллиён ва Васлибек Назриён оид ба фаъолияти раёсати Агентӣ дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ маълумот дода, зикр карданд, ки дар ин фурсат баҳри паст кардани зуҳуроти коррупсионӣ дар кишвар 10 маротиба вохӯриву мулоқот дар литсейҳову донишгоҳҳо, марказҳои шуғли аҳоливу марказҳои саломатӣ ва муассисаҳои муорифу тиббӣ баргузор намуданд.

Ҳини маърӯзаи хеш оид ба қонуну барномаҳо оид ба пасти кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳарф зада, таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд. Бо иқдоми сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидшуда таъсис дода шуд. Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид. Баҳри амалӣ гаштани мақсаду мароми Барномаҳои мазкур Агентӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои онҳо дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳо чораҳои таъхирнопазир ва муассирро андешида истодааст.

Дар фарҷоми мулоқот аҳли нишаст ба саволҳои пайдошудаи худ аз намояндагони ваколатдор посух гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...