(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 74 умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабиниро расман ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии 74 умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфт. Таъкид шуд, ки қаҳрамониву шуҷоати фарзандони матиниродаи мо дар ин муҳорибаҳо бемисл буда, дар радифи садҳо халқияту миллатҳо баҳри мубориза бо душманони ғаддор ҷоннисорӣ кардаанд. Ин нукта дар яке аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст: «Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини Fалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд». Шуҷоату диловарӣ ва истодагарии фарзандони ватандӯсту ватанхоҳи мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии муҳаббат ба Ватан ва дарси ибрати ҷавонмардӣ барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар аст. Аз вилояти Суғд дар ин набардҳои хунин 76 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои онҳо барои имрӯзиён ҳам дарси шуҷоату мардонагӣ аст. Ин фидоиёни роҳи озодии Ватан имрӯз ҷавонони моро ба ҳифзи сарзамин, хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят менамояд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки гиромидошти Рӯзи Fалаба, чун нишони эҳтиром ба далериву ҷоннисориҳои фарзандони кишварҳои мухталиф мебошад, ки оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯш ва озодии мардумони сайёраро таъмин карданд. Хотираи неки онҳо ҳамеша дар дилу дидаи мо абадӣ маскан гирифтааст. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд, зеро онҳо намунаи устуворӣ, мардонагӣ, ҷасорат ҳастанд.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва ҳайати ҳамроҳонашон бо мақсади арҷгузорӣ ба шаҳидони ҶБВ бар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании шаҳри Хуҷанд гулчанбар гузоштанд. Иштирокдорони чорабинии тантанавӣ низ бо гузоштани гулчанбарҳо хотираи шаҳидони ҶБВ шод намуданд.

Гузашти низомии аскарону афсарон ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...