(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамаҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар соли равон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раиси суди шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони кумитаи маҳаллаҳо, ходимони дин, нозирони минтақавӣ ва дигар шахсони масъул ҳузур доранд.

Сипас, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода роҷеъ ба вазъи иҷрои қонунгузории замин ва шаҳрсозию меъморӣ баромади муфассал намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир симои шаҳри бостонии Хуҷанд ба куллӣ дигар шудааст, ки дар он саҳми роҳбарияти шаҳр ва фаъолону сокинон назаррас аст. Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар самти иҷрои қонунгузории замин корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст.

Авазҷон Назарзода таъкид дошт, ки новобаста аз чораҳои андешида ҳангоми ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин, додани иҷозати сохтмон дар фаъолияти шуъбаҳои дахлдор бархе камбудиҳо ҷой дорад. Яке аз сабабҳои ҷой доштани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи заминистифодабарӣ паст будани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва шахсони масъули мақомотҳои дахлдор мебошад. Дар фаъолияти комиссияи давлатии қабул, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳо низ камбудиҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар анҷоми маърӯзаи худ прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода аз масъулини дахлдор даъват ба амал овард, ки дар самти риояи қонунгузории замин ва шаҳрсозию меъморӣ масъулияти ҷиддӣ пеша намоянд. Ҳангоми додани хулоса барои ҷудо карда қитъаи замин ё дигар намудани мақсади истифодаи қитъаи замин ва бино талаботи нақшаи генералии шаҳр ба назар гирифта шавад.

Сипас, дар музокираи масъалаи мазкур Аюб Рахматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Тоҳир Толибзода, раиси кумитаи идораи замини шаҳр ва Акмал Ғайбуллозода, иҷрокунандаи вазифаи сармеъмори шаҳр баромад намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр доир ба фаъолияти аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, нотариусҳо, сохтмончиён, соҳибкорони биносоз, хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон, нозирони минтақавии милитсия ва ғайраҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, масъулини дахлдор ҷиҳати иҷрои қонунгузории замин вазифагузорӣ гардиданд, ки бахусус назоратро аз вақти оғози сохтмон ба роҳ монанд ва пеши роҳи ҳолатҳои худсарона, ишғоли қитъаи замин ва сохтмони худсарона гирифта шавад.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳз ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сохтмон ва шаҳрсозӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд пеш рафта истодааст. Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар партави дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ҷиҳати пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин, пурзӯр намудани назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва такмил додани усулҳои идоракунии захираҳои замин тадбирҳои зарурӣ меандешад. Риояи талаботи қонунгузории шаҳрсозӣ ва замин яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад. Бинобар он масъулини кумитаи идораи замин вазифадор карда шуданд, ки мунтазам санҷишҳо гузаронида, доир ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ ишғол намудани қитъаҳои замин, хариду фурўши замин ва сохтмони худсарона ба унвони Раиси шаҳр ва прокурори шаҳр ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.

Маъруф Муҳаммадзода бо истифода аз ҳузури аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр аз тамоми сохторони марбут ба назорат ва истифодабарии замин, бахусус кумитаи идораи замини шаҳр, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ даъват ба амал овард, ки фаъолиятро ҷиҳати пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин ва назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин пурзӯр намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...