(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти соҳаи мариф дар семоҳаи аввали соли равон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, прокурори шаҳри Хуҷанд Аваз Назарзода ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр натиҷагирӣ карда шуд.

Дар оғози ҷаласа прокурори шаҳри Хуҷанд Аваз Назарзода вобаста ба масоили мубрами рӯзмарра, амсоли пешгирии ҷиноятсодиркунии хонандагон, гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», фарҳангу либосҳои бегона ва ғайра андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки омӯзгорону роҳбарони муассисаиҳои таълимӣ дар ҷомеаи имрӯза соҳиби эҳтирому иззати хоса буда, бо раҳнамоии дурусти наврасон ба боло бурдани донишу фарҳанги мардум саҳми назаррас доранд.

Аваз Назарзода изҳор дошт, ки бояд ҳамагон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри садоқатмандии шаҳрвандон ба арзишҳои миллию давлатӣ ва фарҳангӣ, ҳифзу тақвиятбахшии дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон корбариро ҷоннок менамояд.

Сипас Муқим Болтуев, сармутахасиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд доир ба фаъолияти соҳаи моарифи шахр дар 3 моҳи соли 2019 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020», муҷаҳҳазгардонии 10 кабинети фаннӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки ба пуррагӣ иҷро гардид.Тибқи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи муассисаи наву замонавии гимназияи №1 директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадор гардиданд, ки бо дастгирии соҳибкорон, шахсони саховатманд ва собиқ хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фанҳои химия, физика ва биологияро то моҳи марти соли 2019 таъмир ва муҷаҳҳаз намоянд. Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд, №113 аз санаи 13.02.2019 сол барои муҷаҳҳазгардонии кабинет ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таълимии №2, 3, 5,6, 8, 9, 10, 11, 12, 15, 17, 21, 23, 25, 30 601 000 (шашсаду як ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд. Ҳамин тавр, кабинети химия-9 адад- МТМУ №2,3,6,8,10,12,15,17,20; физика – 11 адад – МТМУ №2,5,6,8,9,10,11,17,21,25,30; биология -1 адад- МТМУ №23; география -1 адад МТМУ №16, технологияи иттилоотӣ -1 адад, МТМУ №22, суруд ва мусиқӣ – 4 адад- МТМУ № 3,10,14,31) таҷҳизонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташкил ва муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ дар шаҳри Хуҷанд пурра иҷро гардида, 89 адад кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фанҳои химия, биология ва физика пурра муҷаҳҳаз гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр 40728 нафар хонандагон (19043 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва 2509 нафар омўзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2211 нафарашон занҳо мебошанд.

Инчунин, дар кўдакистонҳо 9398 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар 16 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 20 гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдакон бо теъдоди 417 нафар кӯдакон фаъолият мебаранд, ки дар маҷмӯъ 9815 нафар тарбиятгирандагон фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 427 нафар мураббиён таълиму тарбия дода истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки 54 нафар хонандагони синфҳои 9-10 дар Олимпиадаи фаннии вилоятӣ барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ, ҷойи 1- 16 нафар, ҷойи 2- 19 нафар, ҷойи 3-19 нафар сазовор шуданд. 15 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 2 нафар-ҷойи 1, 3 нафар- ҷойи 2, 3 нафар – ҷойи 3 ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Дар Олимпиадаи номӣ аз 8 нафар хонандагон: ҷойи 1- 1 нафар, ҷойи 2- 2 нафар, ҷойи 3- 2 нафар, дар Олимпиадаи даставӣ аз 13 нафар: ҷойи 1- 1 нафар, ҷойи 2- 5 нафар, ҷойи 3- 1 нафар ноил гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ муассисаҳои таълимии литсейи физикӣ- математикии №1-7 ҷой, муассисаҳои таълимии “Гулчини маърифат”-2 ҷой, “Ганҷ”-2 ҷой, “Гимназияи Гёте”, “Файз”, гимназияи №24, “Рустамов”, “Пӯлотов”, литсейи донишкадаи политехникӣ, МТМУ №5, 9, 28, литсей барои хонандагони болаёқат мебошанд. Дар умум, бо 21 ҷойи ифтихорӣ дар миқёси вилоят беҳтарин мебошад.

Сипас, доир ба фаъолияти соҳаи маориф якчанд нафар ба музокира баромад андешаҳои хешро баён доштанд. Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд аз нақшаҳои минбаъдаи кори шуъбаи маориф иттилоъ дода, барои афзун намудани дастовардҳо, бахусус иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ роҳбарони муассисаҳои таълимиро даъват намуд, ки фаъол шаванд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд бо натиҷагирӣ аз фаъолияти маорифчиён дар семоҳаи аввал, оид ба вусъатбахшии корҳои таълиму тарбия, бахусус баланд бардоштани саводнокии хонандагон дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...