(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altФароҳам овардани ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ба он ҷалб намудани шумораи ҳар чи зиёдтари бекорон аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон зикр медоранд, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бояд мутахассисони сатҳи касбияташон баланд омода карда шаванд.

Таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат ба сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи муҳандисӣ, техникаву технология бештар аст. Зеро иқтидори истеҳсолии кишвар дар сурате пеш меравад, ки ин соҳаҳо рушд ёбанд.

Ҳамасола бо мақсади амалӣ намудани ин дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холии «Интихоби мутахассиси арзанда» доир мегардад. Ин чорабинии муҳим ин дафъа низ дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор гардид.

Дар саҳни донишкада намоиши дастоварду ихтирооти устодону донишҷӯёни донишкада, ҳамчунин имкониятҳо ва афзалиятҳои 60 коргоҳҳои вилоят тавасстути видеролик, варақаҳо ба маъраз гузошта шуданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов баён дошт, ки роҳбарияти донишкада дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар менамояд. Ҳамчунин дар омода сохтани мутахассисони воқеан ҳам арзандаи соҳаҳо ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат саъю талош меварзад. Дар ин ҷода таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ барои тақвияти дониши устодону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намояд.

Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, маҳсулоти хӯрока, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо гуфта шуд. Таъкид гардид, ки ҷараёни таҷрибаомӯзиҳо тақвият мехоҳад. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки донишкада дар назди ташкилоту муассисаҳои корхонаи муштараки “Ҷавонӣ”, коргоҳҳои “САТН”, “Тиниал”, “Суғдшаҳрофар-М” бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии “АРЗ -4” ва “Асотсиатсияи АББАТ” кафедраҳои сайёри худ таъсис дод. Ва чорабинии имрӯза имконият медиҳад, ки хатмкунандагон тавассути интихоби коргоҳ роҳи худро дар зиндагӣ ҷӯё шаванд.

Дар баромадҳои Тӯра Атамов, директори шабакаҳои барқии Суғд, Нарзулло Дадобоев, муовини раиси раёсати Ассотсиатсияи сохтмончиён ва коркардчиёни “Кедр”, Зафар Охунов, директори генералии ширкати сохтмонии “Тиниал” зикр шуд, ки маҳз ҳамасола баргузории чунин чорабинӣ имконият медиҳад, ки ташкилоту коргоҳҳо мутахассисони ояндаро интихоб намоянд.

Дар қисмати дуввум намояндагони корхонаҳо дар алоҳидагӣ аз рӯи самти ихтисосҳо бо хатмкунандагон вохӯрӣ намуда, оид ба ташкилоти худ, талаботҳо ба кор маълумот дода, ба саволҳои пайдогардида посухҳои мушаххас доданд.

Маврид ба зикр аст, ки аксари коргоҳу ширкатҳое, ки дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ муваффақанд.

Боварии комил дорем, ки ярмаркаи “Интихоби мутахассиси арзанда” барои вусъати робитаи донишкада бо ташкилотҳо мусоидат намуда, ба хатмкунандагон қадами устуворе барои ояндаи дурахшон мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...