(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд нахуст ба фаъолияти корхонаи инноватсионӣ - истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс” оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот дар ин корхонаи саноатӣ аз наздик шинос шуданд.

Сохтмони корхона соли 2017 дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноат ба роҳ монда шуда, он дар муддати камтар аз ду сол бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ босифати баланд сохта ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли 207 намуди халтаҳои полиэтиленӣ ба роҳ монда шуда, дар як моҳ 20 тонна ашёи хоми бепартов коркард мешавад. Ашёи хом барои истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар корхонаи инноватсионӣ - истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс” аз Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс” дар як шабонарӯз ба 100 ҳазор ва дар як моҳ ба 3 миллион дона халтаҳои полиэтиленӣ баробар аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон, ки аксариятро занон ташкил медиҳанд, ба иқдоми соҳибкорон Мирзоазиз Усмонов ва Шодимурод Саидов баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва аз байн бурдани воридоти халтаҳои полиэтиленӣ аз хориҷ таъкид доштанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс”, ки дар доираи ҳадафҳо дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 4 ҳазору 119 метри мураббаъ сохта шудааст, дар он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайван ворид карда шуда, дар сехҳои он асосан дастгоҳҳои экструдерӣ, буррандагӣ ва чопӣ насб гардида, раванди истеҳсолот тавассути компютер идора ва назорат карда мешавад. Истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар корхонаи инноватсионӣ - истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс”, ки бо нақшу нигори хоси миллӣ ва тарҳу намуди хос амалӣ мешавад, асосан барои бозори дохилӣ, аз ҷумла мағозаҳо, гирифтани туҳфаҳо ва дигар эҳтиёҷоти рӯзғор истифода мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ин корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати ба роҳ мондани содироти маҳсулоти полиэтиленӣ ба хориҷ аз кишвар низ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти корхона уҳдадор шуданд, ки дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат солҳои оянда дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилениро бо нақшу нигори миллӣ сохта ба истифода медиҳанд, ки тавлиди маҳсулот дар он асосан барои содирот ба кишварҳои Аврупо нигаронида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот дар корхонаи инноватсионӣ - истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс” бори дигар ҷиҳати роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти аълосифат ва рақобатпазиру ба содирот нигаронидашуда таъкид доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон феълан наздики 30 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 240 миллион сомонӣ расонида шудааст.

Сомонаи расмии
Президенти ҶТ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...