(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt21 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иштирокчиёни «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” бо самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.

Макони баргузории “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ оро ёфта буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, кулли иштирокчиён ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.

Пас аз суханронии табрикии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи идона оғоз гардид. “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ аз 13 бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Рамзи наврӯзӣ”, “Паёмоварони баҳор”, “Омадани баҳор”, “Маросими гулгардонӣ”, “Маросими суманакпазӣ”, “Маросими ҷуфтбаророн”, “Модар - рамзи абадият”, “Сайри об” ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумкунандаи рамзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.

Дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд. Бахши аввали “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” аз “Сароғоз” шурӯъ гардид, ки дар ин бахш иштирокчиён бо намоиши конструксияҳои бузурги “Дарвозаи зинда” ва рамзи ”Оташ” вориди майдон шуданд. Бахши дигари ин барномаи бошукӯҳи идона рамзи Наврӯзи “Тахти Ҷамшед”буд, ки аз таърихи бостонӣ доштани Наврўз шаҳодат медод.

Дигар расму суннатҳои хоси наврӯзӣ, аз қабили “Паёмоварони баҳор” турнаҳо, парастуҳо, шабпаракҳо аз омадани баҳор мужда мерасонанд, ки дар барномаи “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” ҷой дода шуданд, ҷолибу диданӣ буданд. “Омадани Баҳор” бахши дигари барномаи наврӯзӣ буда, дар он надимони “Баҳор” рақси фариштаро иҷро карда, ба ин чорабинӣ шаҳомати хосса зам намуданд.

Бахши “Маросими гулгардонӣ” ҳам инъикосгари суннатҳои неки наврӯзӣ мебошад, ки дар гузашта кӯдакону наврасон бо иҷрои гулгардонӣ ба ҳамагон аз омадани Наврӯз хабар мерасонданд.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, суманак яке аз таомҳое маҳсуб мешавад, ки ба ҷашни Наврӯз мансуб аст. Ҷой додани “Маросими суманакпазӣ” ва “Ҳафтхони наврӯзӣ” дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” худ шаҳодати дубора эҳё кардани хӯрокҳои миллӣ ва расму оинҳои халқӣ мебошад. “Маросими ҷуфтбаророн” ва ниҳолшинонӣ, ки анъанаҳои ниёгонро бозгӯ менамояд, дар шакли бадеӣ намоиш дода шуд. Иштирокчиёни бахшҳои “Ашагулон” дар атрофи ороишоти сохтаи таблаки бузург, “Сайри об” дар атрофи рамзи бузурги “Аноҳито”, “Варзиши шодиёна”, “Модар - рамзи абадият” бо намунаи сохтаи бузурги “Модар бо гаҳвора” ва антуражи рақсӣ ба майдон ворид шуданд. Бояд таъкид кард, ки ҳар як бахш тамошобинонро бо таърих ва расму суннатҳои Наврӯз шинос менамояд.

Қисмати муҳими “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ”-ро ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сару либос ва таомҳои болаззати тоҷикӣ ташкил медод.

Дар бахши ҳунарҳои мардумӣ чор ноҳияи шаҳри Душанбе бо 32 мошини ороишдодашуда ва иштирокчиён ба тан либосҳои гуногуни миллӣ иштирок карданд.

Ҳунармандон ва ҳаваскорон тавонистанд дар ин бахш бори дигар фарҳанги оламшумули миллати тоҷикро бо нишон додани намунаи сару либосҳои миллӣ ва таомҳои халқӣ ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Дар бахши “Шодии наврӯзӣ” 2500 нафар иштирокчӣ маросими тӯйи домоду арӯсии минтақаҳои кишварро бо суруду рақсҳои ҷолиб намоиш доданд, ки ин ҳам ҷузъе аз фарҳанги миллати фарҳандӯсти тоҷикро фаро мегирад.

Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд.

Бояд таъкид намуд, ки “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бори нахуст ташкил карда шуда, дар доираи он ширинкорон ва дорбозон бо пешниҳоди намоишҳои ҷолиб хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин давра як зумра расму оинҳои миллие, ки бо мурури замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, эҳё гардиданд.

Ташкили “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар кишвар идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Аз рафти баргузории чорабинӣ аён гардид, ки таҳиягарон бо назардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро дар сатҳи баланди диданӣ намоиш доданд.

Дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе меҳмонони хориҷӣ иштирок карда, ин чорабинии бошукӯҳро тамошо намуданд.

Дар шакли нав ва пурмуҳтаво баргузор кардани “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба мардум ва меҳмонони ҷамъомада шодиву нишоти беандоза бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти шаҳри Душанбе ва таҳиягарон, ҳунармандону ҳаваскорон барои дар сатҳи баланд ташкил кардани “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” арзи сипос намуданд.

Сомонаи расмии
Президенти ҶТ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...