(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ғолиби озмуни “Мураббияи соли Тоҷикистон” Ҳанифа Валиеваро ба ҳузур пазируфт ва бо ин дастовард номбурдаро таҳният намуд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ин пайки нишотовар дар оғози соли 2019 хеле рамзӣ буда, барои тамоми маорифчиёни шаҳри Хуҷанд қувваю илҳоми тозаю нав мебахшад. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки Ҳанифа Валиева донишу таҷрибаи хешро барои тарбияи кӯдакон фаровон истифода менамояд ва чун мураббияи соҳибтаҷриба ва баррандаи озмуни ҷумҳуриявии “Мураббияи соли Тоҷикистон” барои дигар мураббияҳо мояи ифтихор ва пайравӣ мешавад.

Ғолиби озмуни “Мураббияи соли Тоҷикистон” Ҳанифа Валиева аз ин таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки баҳри тарбияи худшиносию худогоҳии кӯдакон аз дониш ва таҷрибааш истифода хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ду рӯз қабл дар МТТ№18-шаҳри Душанбе марҳилаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббияи соли Тоҷикистон» баргузор гардид ва аз миёни 5 нафар довталабони асосӣ мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард.

Мураббияҳо аз рӯйи шартҳои “Ҳисоботи эҷодии фаъолият”, “Тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости доварон”, “Машғулияти таьлимӣ”, “Муаррифии фаъолияти педагогӣ”, “Дониш ва маҳорати касбии мураббиён” ва “Таҳлили ҳолатҳои равонии педагогӣ” маҳорати хешро нишон доданд.

Ҳамин тавр бо гирифтани мақоми аввал мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева аз ҷониби Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷом, 2000 сомонӣ маблағи пулӣ ва нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бори охир соли 2014 мураббияи кӯдакистони шаҳри Хуҷанд Малика Исобоева, ки алҳол мудири МТТ №6-и шаҳр мебошад, сазовори унвони «Мураббияи соли Тоҷикистон» гардида буд, бо гузашти 5 сол боз намояндаи шаҳри Хуҷанд ин ҷоизаи баландро соҳиб шуд.

Дар муаррифӣ ва ғолибияти Ҳанифа Валиева, Малика Исобоева ва Муяссар Солиева саҳми мудири кӯдакистони №27 Мукаррам Зоҳидова муассир буда, ҳарсе мураббияҳо бо роҳнамоӣ ва машварати номбурда унвони “Мураббияи соли Тоҷикистон”-ро ба даст овардаанд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...