(0 овоз, миёна 0 аз 5)

ДУШАНБЕ, 10.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тайи чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомабозиҳои аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ перомуни ташкили кадом пикет дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Германия давом дорад. Дар робита ба он ба АМИТ «Ховар» аз номи аъзои Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия изҳорот расидааст, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«…Ин тӯда бо як бетамизии ба худашон хос аз номи «тоҷикони муқими Аврупо» баромад намуда истодаанд. Дар ҳоле, ки онҳо ҳудуди ду-се сол боз асосан барои гирифтани мақоми паноҳандагӣ ва қабули садақоти давлат ба Германия омада, муоширати одиро ба забони немисӣ наметавонанд (тасаввур кунед, ки дар ҳаёти рӯзмарра фурӯшгоҳҳову нақлиёт ва ғ. чӣ тавр миллатро муаррифӣ мекунанд?). Ҳамчун паноҳанда дар баробари якуним миллион нафари дигар қабул шудаанду ҳаққи кору таҳсил надоранд.

Тоифаи мазкур аз роҳбарашон сар карда, то аъзои қаториашон ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар ин қитъаи пешрафтаи олам надоранд. Ҷаҳоннигарии танги динӣ, ҷаҳолату хурофотпарастии онҳо ба миллати шарафманди тоҷик ягон иртибот надорад. Мо, донишҷӯёни донишгоҳҳои Германия ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳем, ки дар кишвари иқомат миллатамонро ба василаи ин паноҳандаҳои ифротӣ шиносанд.

Аммо бетамизӣ дар ниҳоди роҳбар, аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ ҷо гирифта будааст. Агар чунин набуд, онҳо пикетҳои майда-чуйдаашонро (маъмулан дар шаҳрҳои Германия қариб ҳар рӯзҳои истироҳатӣ роҳпаймоиҳои чандинҳазорнафара барпо мешаванд ва касе дар пайи онҳо нест) аз номи ташкилоти худашон анҷом медоданд.

То ҷое, ки мо — аъзои Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия медонем, ягон донишҷӯй дар ин гуна чорабиниҳо иштирок накардааст ва нахоҳад кард. Тоҷикони муқими Аврупо, бахусус Германия, аз қабили оҳангсозону табибон ва олимону муҳандисон ҳамеша аз робита бо  аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ дӯрӣ меҷӯянд. Тоҷикони ватандӯст аз ин тоифа безор ҳастанд!

Мо, ҳамчун намояндагони аслии тоҷикони муқими Германия ва аъзои Маҳфили донишҷӯёни Тоҷикистон дар Германия ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Германия, ки миллати хешро ба таври арзанда муаррифӣ намуда, дар муассисаҳои таълимӣ сарбаландона дарс мехонем ва дар ташкилоту идораҳои гуногун кору фаъолият мекунем,    қотеъона ҳама гуна баромадҳои зиддимиллии роҳбар, аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломиро комилан маҳкум мекунем.

Дар ин мулки ғарибӣ дар фосилаи чандин ҳазор километр дур аз Тоҷикистон ба як гӯшаи он – бино ва ҳудуди дохилии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик омада, дар ҳаққи давлат ва миллати азизамон суханони носазо гуфтан, бешубҳа, исботи ниҳоди пасту палидонаи ҳамин гуна инсонҳост.

Мо — аъзои Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия бори дигар таъкид мекунем, ки муқобили аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароён ҳастем ва зиёдтар аз ҳама, ташкили пикетҳоро алайҳи миллати тоҷик маҳкум менамоем!».

Маҳфили ҷавонони
тоҷикистони Германия



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...