(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чанд рӯз аст, ки дар расонаҳои иғвоангезу дурӯғпарокану мубаллиғи Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ хабари баргузор намудани гирдиҳамоӣ, ки гӯё барои озод намудани зиндониёни сиёсӣ баргузор карда мешавад, ба таври густарда таблиғ мешавад. Агар жарфтар ба номи созмондиҳандагони ин гирдиҳамоӣ назар намоем, маълум мегардад, ки аслан инҳо нафаронеанд, ки барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ гоҳу ногоҳ чунин намоишҳои ба қавли худашон, «эътирозӣ»-ро баргузор мекунанд. Таври маълум, «Анљумани озодандешони Тољикистон» лоиҳаи навбатии ТЭТ ҲНИ мебошад, ки ба хотири рӯйпӯш намудани гузаштаи худ, роҳбарони ТТЭ ҲНИ онро ташкил намудаанд. Ду-се «хӯсаи сиёсӣ»-е, ки аз номи ин ташкилот суханпароканӣ мекунанд, на фаъоли љомеа ҳастанду на  љонибдори пешравии љомеаи Тољикистон. Темур Варқӣ, Равшани Темуриён, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Ҳакими Раббимпур нафароне ҳастанд, ки ба хотири манофеи шахсӣ аз дину мазҳабу маҳаллу миҳан беибо сӯйистифода мекунанду дар охир камбудиву норасоиҳои инфиродишонро риёкорона ба намоиш гузошта, дар сатҳи созмонҳои сиёсии аврупоӣ пуштибонҳои қавӣ пайдо кардан мехоҳанд. Бахусус, котиби масъули ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон М.Садриддин бо ҳарзаву ҳазёноти худ саҳифаҳои расонаашро пур мекунад, чандест, ки ба истилоҳ, флешмобро ҳангомасозӣ менамояд.

Аз рӯйи навиштаи сомонаҳои наҳзатӣ, санаи 10 декабри соли 2018, соати 10 ба вақти Олмон, бо ибтикори Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунад, гирдиҳамоии бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор мешавад. Эълону рекламаи ба ном тазоҳуроти наҳзатӣ, ки бар пояи зиндониёни сиёсӣ роҳандозӣ мешавад,  фазои маљозиро фаро гирифтааст. Барои љалби муҳољирон ба ин флешмоб ва ё тазоҳурот наҳзат ва қувваҳоли наҳзатӣ аз ҳар навъ механизми иттилоотию мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода мебаранд. Вале нуқтаи муҳим дар ин масъала ин аст, ки дар Љумҳурии Тољикистон зиндониёни сиёсӣ нестанд ва нафаронеро, ки наҳзат ва неруҳои ба наҳзат вафодор ба сифати зиндониёни сиёсӣ муаррифӣ менамоянд, як мушт хурофотианд, ки дар асоси љурмҳои кардаи худ пушти панљара қарор гирифтаанд.

Қаблан эъломияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар пойгоҳи созмони «Анљумани озодандешони Тољикистон» нашр гардид. Чуноне ки медонем, неруҳои наҳзатӣ, ғолибан аз ҳувияти миллӣ орианд ва бар асоси мафкураи танги сиёсӣ ва мазҳабӣ меандешанд, ба истиснои чанд нафари онҳо, ки тавассути найранги сиёсӣ ва политтехнологияи муосир истилоҳоти маъмулии «миллат», «озодӣ», «демокросӣ», «инсонмеҳварӣ», «арзишшиносӣ» ва амсоли инҳоро корбаст намуда, ба чашми мардум хок мепошанд. Онҳо Ҳукумати Тољикистонро бар он гунаҳкор медонанд, ки наҳзатиёнро пушти панљараи зиндон нишондааст. Аммо, тавре ки арз кардем, дар зиндонҳои Тољикистон зиндониёни сиёсӣ нест ва чанд исмеро, ки наҳзатиён ва ҳамандешони онҳо тазаккур медиҳанд, ҳаргиз зиндонии сиёсӣ ба ҳисоб намераванд. Аз ин рӯ, пофишориҳои наҳзатӣ дар заминаи озод кардани зиндониёни сиёсӣ бепоя мебошанд.

Барои ҳамагон маълум аст, ки исломи сиёсӣ аз гузашта дида, имрӯз ба сифати хатар ва таҳдиди глобалӣ на танҳо Тољикистон, Осиёи Марказӣ, балки љаҳонро мавриди таҳдид қарор медиҳад. Эътилоф ва тавофуқу ҳамкориҳое, ки дар заминаи бурузу ҳузури исломи сиёсӣ ва терроризми динӣ-мазҳабӣ миёни давлату кишварҳои минтақавӣ ва љаҳонӣ бунёд ёфтаанд, ҳаққонияти таҳдиду хатари исломи сиёсиро таъйид мекунанд. Љиддияти масъала дар он аст, ки бархе созмонҳои байналмилалӣ ва қудратҳои минтақавию љаҳонӣ дар бозиҳои сиёсию геосиёсӣ аз исломи сиёсӣ ва ҳаракатҳои тундраву террористии динӣ-мазҳабӣ истифода мекунанд ва дар сармоягузории ташкилотҳои террористию экстремистӣ саҳми муносиб мегиранд. Ин нуктаро дар пуштибонии молиявию мафкуравӣ ва сиёсии созмонҳои тундраву террористӣ(аз љумла ТТЭ ҲНИ), ки ғолибан дар шакли сиррӣ-пинҳонӣ амалӣ мегарданд, метавон ба хубӣ мушоҳида кард. Аз ин љост, ки сиёсатҳои дустандарта ноамнию бесуботиро дар нуқоти даргири сайёра тадовум мебахшанд.

Бояд қайд кард, ки тазоҳуроте, ки санаи 10 декабр қарор аст дар назди Сафорати Тољикистон дар Олмон баргузор гардад, таъсиргузор нахоҳад буд ва ноком хоҳад шуд. Чаро?

Аввал, барои он ки пуштувонаи мардумӣ надорад ва љомеаи тољик, чи дар дохил ва чи дар хориљ аз он пазироӣ намекунад.

Дувум, на наҳзат ва на дигар гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тољикистон дар хориљ ба манфиати миллӣ ва давлатӣ кору фаъолият намекунанд ва танҳо вонамуд менамоянд, ки дар хидмати миллат қарор доранд.

Севум, саркардагони тазоҳурот нафаронеанд, ки хурдтарин хидмате ба мардум ва љомеаи тољик накардаанд, ба љуз суханпароканӣ, сиёҳкунӣ, бадномсозӣ, шиорзанӣ ва фазлфурӯшӣ.

Чаҳорум, тазоҳуроти навбатӣ (албатта, агар баргузор гардад) спектакли навбатии наҳзатист ва дар он аллакай нақшҳо ва бозигарон аз ҳисоби артистони аъзои ТТЭ ҲНИ ва думравони онҳо баргузида шудаанд ва нақшҳояшонро тибқи сенарияи қаблӣ иљро хоҳанд кард.

Панљум, намояндагони љомеаи маданӣ ва созмонҳои сиёсии аврупоӣ ҳам ин ба ном флешмобро ба сифати тамошобин наззора мекунанду халос. Ин ҳам ба хотири риояти демократия ва озодандешӣ, ки мароми давлатҳои ғарбиро ташкил медиҳад. Дар акси ҳол, ба он эътиное намекунанд ва эътиборе намедиҳанд. Муҳол аст, ки ин навъ тазоҳуроти наҳзатӣ тамошобоб бошад! Ҳоло мебинем, ки қазия чӣ ранге мегирад ва агар тазоҳурот сурат бигирад, танҳо мазмуни тамошоеро мегираду бас.

 

Фарҳоди Султон , коршинос

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...