(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Санаи 19-уми ноябри соли ҷорӣ дар сомонаи «payom.net», бо қалами гўиё яке аз рӯзноманигори гумноми ширкаткунанда дар ҷаласаи пеш аз интихоботии ба ном Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) мақолае ба чоп расидааст.

Дар ин мақолаи сар то по дуруғин ин рўзноманигори гумном чунин қайд кардааст « ба ёдам ҳаст, ки соли 2013 вақте Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар он Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, инчунин чеҳраҳои шинохта ва рӯзноманигорону нависандагонро ба ҳам оварда буд. ИНИТ бояд масъалаи номзад ва барномаи ӯро ба интихоботи президентии соли 2013 омода карда аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат номзади ягонаи худро пешниҳод мекард. Яке аз бахшҳои ин барнома таъмини истиқлоли энергетикии кишвар буд. Онҷо онҳое, ки ин барномаро омода карда буданд, дар мавриди НБО Роғун ба ин назар буданд, ки баъди пирӯз шудани номзадашон, дар зарфи шаш моҳ ду чархаи ин нерӯгоҳро ба истифода медиҳанд. Ин банд дар ҷаласаи васеъи ИНИТ, ки дар он мардуми зиёде ҳузур дошт, баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Танҳо шахсе, ки дар он аз ҳама зиёд пойфишорӣ мекард, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ буд».

Бо навиштани ин мақола ин наҳзатиҳои ифротӣ, аз рўҳсиёии худ шарм надошта, боз мехоҳанд назди мардуми кишвар худро «мусичаи бегуноҳ» нишон диҳанд. Боз ҳамон дуруғу буҳтонҳо ва сафсатанависии наҳзатиҳои ифротӣ ба мардум маълум шуд. Ҳамагон медонад, ки Кабирию думравони ин хоин ягон барнома ҳам надоштанд, дар иқтисодиёти кишвар саҳм ҳам надоранд, ин ашхос ҳамеша манфиатҳои шасии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло медонанд ва то имрўз ба ғайр аз зарари иқтисодию сиёсӣ аз ин гурўҳи ифротӣ дигар халқи тоҷик ягон манфиат надидааст.

Бояд қайд намуд, ки  аҳолии сарбаланду бономуси Тоҷикистони азиз фаромўш накарданд, ин наҳзатиҳот ифротӣ дар якҷоягӣ бо ба ном «демократҳои навбаромад» солҳои 90-уми муқобили сохтмони НОБ-и Роғун буданд. Онҳо бо дастури хоҷагони хориҷияшон дар васоити ахбори омма бе тадқиқоти дахлдори мутахассисони соҳа ҷоғ мезаданд, ки лоиҳаи НОБ-и Роғун барои мардуми кишвар ва минтақа зараровар аст ва он бояд сохта нашавад.

Гузашта аз ин, ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву ташаббуси қавӣ барои сохтмони НОБ-и Роғун камари ҳиммат бастанд, Ҳукумати кишвар ба чи қадар  мушкилиҳою нофаҳмиҳо, таҳримҳо ва ба бозиҳои сиёсӣ аз ҷониби баъзе аз давлатҳо дучор шуданд. Аммо Пешвои муаъзами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён нишон доданд, ки лоиҳаи НОБ-и Роғун аз ҷиҳати иқтисодӣ яке аз лоиҳаҳои беҳтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат аз ҷониби тамоми қишрҳои аҳолӣ дастгирии ҳаматарафа ёфтанд.

Бо ин мақсад аз ҷониби мутахассисони Бонки Умумиҷаҳони молиявӣ лоиҳаи мазкур дар муддати ду сол таҳти омўзиш қарор дода шуда ва барои оғози сохтмони НОБ Роғун аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ иҷозат дода шуд. Новобаста аз коҳиш ёфтани вазъи молиявии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мардуми ҳимматбаланди кишвар  тавонистанд ба ин сохтмони азими аср оғоз бахшанд ва инак чархи аввали нерўгоҳ ба кор дароварда шуд ва мардуми кишвар ба орзўи деринаашон расиданд.

Ҳангоми баҳсу талошҳои Пешвои маҳбуби мамлакат барои ба ҷаҳониён нишон додани ҳолатҳои аз ҷиҳати бехатарӣ  дар дунё камназир будани ин лоиҳа, дастгирии ба ном «мухолифин» ягон маротиба дар расонаҳои интернетӣ ба назар нарасид. Баракси ҳол онҳо мегуфтанд, ки Ҳукумати ҶТ қудрати сохтмони ин лоиҳаро надорад акнун дидан ин афсона ба ҳақиқат табдил ёфт, шарм надошта боз лоф мезананд.

Ба ҳама маълум аст, ки ба кор оғоз бахшидани  чархаи аввали нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ин пеш аз ҳама аз ҷонбозиву талошҳои шабонарўзӣ ва пойфишориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва ин дастоварди бесобиқа дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистони азиз буда барои рушди иқтисодиёти кишвар ва некуаҳволии мардум саҳми муҳимро мебозад.

Як бори дигар мардуми сарбаланди кишварамонро бо ин санаи таърихӣ, кушодавии НОБ-и Роғун табрик мегуям ва чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд «Ба пеш мардуми азизи Тоҷикистон барои фатҳи қуллаҳои нав».

Фаррухи Фаридун, таҳлилгар



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...