(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ягона фарде ки аз сар задани ошӯби зиндониёни маҳбаси №3/3-и шаҳри Хоруғ табли шодӣ мезанад ва хурсандӣ мекунад, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддини салафӣ аст.

Таҳлили фаъолияти се соли охир ин оппозитсионери бахтбаргашта, дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд. 
Зиндониёни маҳбаси Хуҷанд, барои ҷиноятҳои мушаххаси террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва Муҳаммадиқболи Садриддин, ки марбути доираҳои салафимадори кишварҳои нимҷазираи араб мебошад, чунон забонзада сухан мегӯяд, ки гумон мекунӣ, ин банда дар гарави бозиҳои арабу ачам афтидааст (араб-Муҳаммадиқболи Садриддин ва аҷам-Саидюнуси Истаравшанӣ). 
Аз оне ки мақомот ба истилоҳи ин хунсои фирории бериё, «амалиёти нофарҷом» анчом додаанд, таблиғоте беш нест. 
Шоҳидони ҳол аз Хуҷанд хабар медиҳанд, ки гурӯҳҳои террористии ДОИШ ва «Ҳизби таҳрир» ба ҷазои амалашон расиданд. Худро қурбонии роҳи бадбахташон карданд.Ва табиист ҳар куниш ё амал муқобили амал ва ё вокуниш дорад. 
Саркардаи салафиҳои хориҷӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, зимни ироаи гузориш аз вазъи зиндони Хуҷанд ба озиоджди террористон ишора кардааст.
Дар мадди аввал, М.Садриддин, ки ҳамаро мисли худаш мепиндорад, фазои иттилоотиро ба таҳлука оварда, мағшуш кардааст. Маҳбусон ба меъёрҳои «қаҳрамонсозӣ»-и Кумитаи зиддимиллӣ рост намеоянд. Бо назардошти гуноҳҳое ки дар сари ин афрод омадааст, дер ё зуд ба сазои амалшон мерасанд. Вале Садриддини М. каҷрав дар пайрави муштарикобии боз нафаронеро мешавад, ки «қаҳрамон»-и ҳикояҳои ӯ бошад. Шояд касе зиндонӣ барои дуздӣ шуда бошад, вале дар назди расонаҳои оппозитсион, ки Садриддини М. лаққии онҳост, он чунон азизи дилҳо нишон дода мешавад, ки хориҷиҳо фикр мекунанд «муборизи роҳи озодианд».
Муҳаммадиқболи Садриддин ёвасаро, козиб ва лаин аст. Чун ӯ гуноҳкор аст,тасаввур мекунад, нисбат ба ӯ баринҳо адолатро риоя намекунанд. Муборизони аслӣ Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлол Нерӯ ва дигарон буданд, ки бо чашми сар диданд, ки зиндон чист? Ин қишрҳо агар даъво мекарданд, дар бораи адолат, шояд рост мебаромад, вале на Муҳамадиқболе ки мазҳаби бобоии худро падруд гуфта, даъвогарӣ мекунад, ба ҳеч сурат раво нест. Ӯ гуноҳҳои худро бояд бо хун шӯянд баъд иддао кунанд дар бораи дигарон.
Дар Тоҷикистон адолат ҳукмфармост чӣ нисбат ба зиндониён бошад ва чӣ ба дигарон! Қонунгузор ҷавобгарии фардӣ пешбинӣ кардааст ва ҳар кас ба ҷурму ҷинояти худ шахсан ҷавоб медиҳад. Касе дар ин дунё сари ҷиноякорони мусаллаҳро ба ибораи мо мардуми Ғарм сила накардааст. Ҷавоб бояд муносиб бошад ва дандоншикан, то террористон ба кӯчаҳои шаҳр сарозер нашаванд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд. 
Ал-қисса, умри ҳарфҳои ботил кӯтоҳ аст. Эҷоди камарбанди дурӯғ бар зидди миллат, ҳеч гоҳ оянда надорад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пойи хоҷагонашон сиёҳ бояд дарк кунанд, роҳе ки онҳо интихоб кардаанд, ба Туркистон аст. Яъне бероҳагӣ тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад.

Ба орзуи амнияти комил ва решакан шудани чунин оппозитсия- террористи фирорӣ.

Комилов Ф. сокини н.Рашт

 

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...