07 Январ 2014
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ, соҳибкорон, меъморону лоиҳакашон ва ҳамчунин масъулини шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд маҷлиси машваратӣ доир намуд.
Дар он асосан масалаи истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки заминҳои барои бунёди иншоотҳои манзилию маишӣ пешбинӣ шуда, сифати сохтмони ин биноҳо ва лоиҳаҳои минбаъдаи сохтмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ зикр намуд, ки тибқи қонунҳои мавҷуда дар сурати ба муҳлати зиёд истифода нашудани заминҳои барои сохтмон пешбинишуда, қарорҳои мавҷуда бекор карда шуда, истифодаи он бозбинӣ хоҳад шуд.
Вобаста ба ин Раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки комиссияи корӣ иборат аз кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр ва идораҳои дахлдори назорати иҷроиши қонунҳо Қарорҳои ба тасвиб расидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро аз соли 2008 дар мавриди истифодаи мақсадноки заминҳои ҷудошударо баррасӣ намуда, дар доираи қонунҳои амалкунанда доири чораҳои андешидашуда маълумот дода бобати ислоҳи вазъ хулосаи худро пешниҳод намоянд.
Аз ҷониби шуъбаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ чанд лоиҳаҳои қобили таваҷҷӯҳ, ки аз нигоҳи бозёфти шаҳрсозию меъморӣ ҷавобгӯи меъёрҳои муосир мебошанд, пешниҳод гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов нисбати сифати сохтмонҳои имруза эроди ҷиддӣ гирифта таъкид намуд, ки фармоишгарон сохтмончиён ва лоиҳакашон бояд тамоми талаботу меъёрҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва меъмориро риоя намоянд.
Мансур Эшонов роҳбари ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСТ» дар шаҳри Хуҷанд ва Директории ҶДММ «Суғдшаҳрофар» Муъминҷон Бобоев доири беҳтар намудани сатҳу сифати сохтмонҳо, риояи талаботҳои сохтмонию меъморӣ изҳори андеша намуданд.