(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сайидюнуси наҳзатӣ, ки дар зери домани охундҳои шиамазҳаб панаҳ бурдааст, аз ҳар имконияту фурсате истифода мекунад, то амали душманонае бар зидди Тоҷикистон анҷом диҳад, аз ҷумла вақтҳои охир мавзўи Бадахшонро бештар мавриди ҳадафи нопоки худ қарор медиҳад. Ин дафъа ҳам фурсатро аз даст надода,  дар сомонаи ифротиаш мақолае зери унвони «Волоияти қонун, ҳарфи ҳаққест, аммо…»-ро ба нашр расондааст, ки ба масъалаи ВМКБ дахл дорад.

Тибқи иттилои  расонаҳои хабарӣ, 4 ноябри соли ҷорӣ дар Хоруѓ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пешгирии ҷиноят ва ҳимояи худ аз афроди мусаллаҳи ҳамлакунанда аз силоҳи пневматикӣ истифода кардааст. Дар натиҷа ду нафар ҷароҳати сабук бардоштаанд. Вобаста ба ин ҳолат гурўҳи шаҳрвандон, ки ѓолибан аз асли воқеа дуруст огоҳ набуданд, дар назди бинои маъмурии Ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҷамъ омадаанд, аммо баъди  дуруст фаҳмидани он пароканда шудаанд.

Вале Сайидюнус аз ҳамин як нофаҳмии ба миён омада суиистифода карда, иѓвоангезӣ мекунад ва мехоҳад мардуми Бадахшонро бар зидди Ҳукумат шуронад. Дар ин маврид қасдан аз ҳазрати Алӣ мисол меорад, сокинони минтақаҳои дигари кишварро таҳқир мекунад ва ба Роҳбарияти давлат туҳмат мезанад, ки амали ноҷавонмардона ва беинсофист.

Сайидюнус дидаю дониста масъалаи “Волоияти қонун”-ро бо каҷфаҳмию тарзи ѓалат шарҳ медиҳад ва мехоҳад мардумро ба гумроҳию қонуншиканӣ водор намояд, то дар кишвар боз нооромию бесомонӣ ба миён ояд. Шояд хоҷагонаш супориш додаанд, ки мисли солҳои навадум ҳамроҳи ҳаммаслакони наҳзатиаш дар Тоҷикистон оташи ҷангро аланга диҳад?

Агар чунин набошад, чаро дар навиштаҳояш иѓвангезӣ мекунад ва мардумро ба қонуншиканӣ даъват менамояд? Ҳол он ки «волоияти қонун» риояи тамоми қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад. Фаромуш набояд кард, ки тибқи қонун ҳар як шаҳрванд дар баробари ҳуқуқу озодиҳо уҳдадориҳо низ дорад. ВМКБ ҳам як ҷузъи Тоҷикистон аст ва сокинони ин минтақа низ бояд қонунҳоро бе чуну чаро риоя кунанд. Ҷинояткорию қонуншиканӣ новобаста аз маҳали зист ҷавобгарӣ дорад.

Сайидюунус то дараҷае бахтбаргашта аст, ки аз воқеаҳои манфӣ ва зарар дидани одамон ҳамеша хурсанд аст ва ба манфиати худ истифода карданӣ мешавад. Агар чунин намебуд аз як ҳодисаи дар Хоруѓ рухдода воҳима намесохт ва гурўҳи шаҳрвандонеро ки барои муроҷиат ба Раиси вилоят омадаанд, «тазоҳурот» наменомид.

Ҳолати ба амал омадаро албатта сохторҳои марбута мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд ва тибқи қонун арзёбӣ мекунанд. Лекин тавре аз хабари расонаҳо бармеояд, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи қоидаю қонуни муайян гардида амал кардааст. Яъне дар муқобили гурўҳи мусаллаҳ муқовимат нишон додааст. Вай дар ин маврид аз силоҳи ҳақиқии ҷангӣ ҳам истифода  карда метавонист ва албатта аз худ ҷавонмардӣ зоҳир карда, танҳо силоҳи пневматикиро ба кор бурдааст.

Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ВМКБ албатта мефаҳманд, ки навиштаҳои иѓвоангезонаи Сайидюнус ва ҳаммаслакони наҳзатии вай  бар зидди ватану миллат равона гардидаанд ва супориши душманони хориҷӣ мебошанд.

Ҷорӣ гардидани тартиботи ҷамъияти таъмини волоияти қонун дар кишвар ва хусусан дар ВМКБ кафолати болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин рў, бояд тамоми сокинони Бадахшон аз иқдомҳои Ҳукумат дар ин самт дастгирӣ кунанд.


Парвизи Мирзо, таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...