(0 овоз, миёна 0 аз 5)

МУРОҶИАТНОМАИ 
ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Мо – ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав изҳороти ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ-ро хонда, хеле мутаассир гардидем, зеро Шумо – мардуми шарифи Бадахшон як пораи ҷигари мо, як ними тани моед ва то ҳанўз дар ин минтақа ба таври ҳангуфт бо дасти ду – се ҷинояткор ҷамъоварӣ шудани муҳимоти ҷангӣ хеле таассуфовар аст.  Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷинояткор маҳал, дину мазҳаб ва Ватан надорад. Барои онҳо қадру қимати инсонӣ ба як пули пучак намеарзад, зеро эшон тамоми муқаддасоти инсониро бо пулу мол андоза мекунанд. Барои манфиат бардоштан онҳо омадаанд, ки ба мудҳиштарин ҷиноят даст зананд, ба қочоқи маводи мухаддир машғул шаванд, яроқу аслиҳа харидуфурўш намоянд. Барои ҳамин ба ин гурўҳ умед бастан ва эътимод намудан камоли нодонист. Ин афроди ҷиноятпеша Шуморо чун сипари худ қарор дода, дар пуштатон пинҳон шудаанд ва Шуморо чун бозичаи дасти худ бозӣ даронданианд, онҳо ба ин васила ба мақсадҳои нопоки худ дастёб шуданианд.
Бародарони бадахшӣ! Фирефтаи ваъдаҳои хоми ин ҷинояткорон нашавед ва онҳоро фош намуда, ба панҷаи қонун супоред. Дар ин кор мо ҳамеша ҳамдасту пуштибону мададгори шумоем ва агар лозим шавад, аз ҳамин рўз барои тинҷию амонии диёр ба Бадахшон, ба кўмакатон мешитобем. 
Мову Шумо бояд ба қадри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ҷоноҷонамон – Тоҷикистон расем. Шукр, ки 27 сол боз ба ин неъмати бебаҳо – Истиқлолият ба мо озодии комил эҳдо намудааст. Аммо ҳоло ҳам дар як гўшаи биҳиштосои Ватани мо – Бадахшон баъзе ашхоси ҷиноятпеша бедодгарӣ намуда, айши мардумро талх мекунанд.
Шумо аз таърихи гузаштаи Бадахшон хуб огоҳед ва мардуми ҷафодидаи ин сарзамин ҷабру зулми аҷнабиёнро хеле зиёд кашидааст. Бинобар ин ба хотири озодии мулк, ба хотири ояндаи хушбахтонаи фарзандон ва якпорчагии Тоҷикистон биёед дар атрофи Ҳукумати Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дасти ҳам дода, муттаҳид шавем, зиндагии шоистаро барои худ ва пасояндагон таъмин намоем.

Ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни ДДБ ба номи Н.Хусрав:
1. Ҳасани Муродиён- ноиби ректор,
2. Наимов Қудратулло- сармуҳарири рузномаи “Фуруғ”-и ДДБ
3. Саймуминов Аҳлиддин- декани факултаи таърихи ДДБ
4. Абдураҳимов Қудратулло- ноиби ректори ДДБ
5. Шамсов Тоҷиддин- мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДБ
6. Махкамова Дилором- мудири кафедраи рузноманигории ДДБ
7. Кодиров Илҳомҷон- декани факултаи филологияи тоҷики ДДБ
8. Маҳмадиева Мухаббат- саромузгори кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ
9. Казаков Рустам- мудири кафедраи таърихи ДДБ ва дигарон..

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...