(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муроҷиатномаи гурӯҳи ҷавонони вилояти Хатлон ба тамоми мардуми шариф Бадахшон

Мо ҷавонони хатлонӣ аз Изҳороти Ситоди байниидоравиии ВМКБ ҶТ”, ки таърихи 12-уми октябр садо дод, пурра пуштибонӣ мекунем. Натиҷаи кори якмоҳаи Ситод нишон медиҳад, ки мусодираи миқдори силоҳи зиёд аз дасти гурӯҳҳои ҷинояткор, гузоришҳои ниҳодҳои ҳукуматиро дар бораи вазъи ҷиноии шаҳри Хоруғ собит месозад.

Хоҳарон ва бародарони азиз!

Истиқлолият ва озодӣ бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмати худододист, ки барои ҳар як миллат ва шаҳрванди ватандўсту ватанпарвар азизу муқаддас аст. Мардуми тоҷик аз дер боз орзуи ба истиқлол расиданро мекард. Ба хотири соҳибватану мустақил шудан ва расидан ба истиқлол фарзандони фарзонаи миллат саҳми шоиста гузоштаанд, ки таърих ҳаргиз номи неки онҳоро фаромўш нахоҳад кард.
Мо бояд ҳар нафас шукри ин неъмати Худовандро кунем, ки ба ин ганҷи бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар шарафёб гаштаем. Ватани тозаистиқлоли мо дар ин муддати на он қадар тўлонӣ ба пешравию дастовардҳои бузург ноил гашт, ки бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Имрўз беш аз 160 давлати дунё Тоҷикистони тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохтааст, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии мо бояд бошад. 
Тавре ҳамагон медонем бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саннаи 15 сентябри соли 2018 дар вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ѓайриқонунӣ, пешгирии маводи мухадир ситоди байниидоравӣ фаъолият дорад. Тибқи итиллои ВАО баъд аз таъсиси ситод то имрўз 11 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, миқдори зиёди силоҳи оташфишон аз сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварӣ ва мусодира карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол дар миёни мардум шахсоне мавҷуд будаанд, ки ба қадри осудагии миллат ва ободии кишвар нарасида, ба умеди ваъдаҳои дурўѓи хоҷагони хориҷӣ мебошанд. Мардуми шарафманди вилояти Бадахшон бояд таъсисёбии ситодро интизор нашуда, пеши роҳи вайронсозии қонунҳоро аз ҷониби ҷинояткорон мегирифтанд. Бузурге дуруст фармудааст, ки “Агар хоҳӣ озод зиндагӣ кунӣ, ѓуломи қонун бош”. Тавре мебинем, риоя нагардидани қонунҳо дар вилоят бештар аз ҷониби ҷавонон сар мезананд, дар ҳоле, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ мехоҳад ояндаи давлатро ба ихтиёри ҷавонон вогузор намояд. Ба амал омадани ин қонуншиканиҳо аз ҷониби ҷавонони вилоят боси нигаронӣ ва таассуф аст, ва мо ҷавонони вилояти Хатлон чунин амали ѓайриқонунии онҳоро маҳкум мекунем. Ин амалҳои ҷавонони вилоят, ки миқдорашон ангуштшуморанд мақоли халқии “Бо арбоб бози карданро дорад”. Онҳо бояд андеша кунанд, ки чунин амалҳои бехирадона боиси марги чандин каси бегуноҳ метавонад гардад.
Тибқи маълумоти ситод айни замон гурўҳҳои муташаккили ҷинояткори ноҳияи Шуѓнон ва шаҳри Хоруѓ аз Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон кўшиши ворид намудани силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд, ки ба манфиати мардуми ин вилоят нест. Чунин амалҳои барқасдона метавонад вазъиятро ноором ва боз ҳам мураккаб гардонад. Мардуми шарафманди Бадахшон ва гузаштагони ин сарзамин хуб дар хотир доранд, ки дар Афғонистон баъд аз он ки ҳокимият ба дасти афғонҳо гузашт ва онҳо сарзамини чапи дарёи Амуи тоҷиконро ба зери тасарруфи худ дароварданд, аз он замон то солҳои наздик ҳамеша аз ҷониби зархаридони махсус кӯшиш карда мешуд, ки як сиёсати истисморӣ ва поймол кардани ҳуқуқу манофеи соҳибони аслии ин сарзамин, яъне тоҷиконро пеш гиранд ва имрўз ин ба таври дигар сурат мегирад. Ин гурўҳи ҷавонон, ки чашми онҳоро имрўз маводи мухаддир кўр кардааст, даст ба ҷиноят бар зидди ҳукумати конститутсинӣ мезананд ва дер нест он рўз, ки аз кардаи хеш пушаймон гашта, ангушти пушаймонӣ мегазанд. Аз ин рў, мардуми шарафманди Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ва алалхусус ҷавонони онро зарур аст, ки бояд ба иѓвою дасисаҳои беасосу бемаънӣ, дурўѓу буҳтони саркардагони гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бовар накунанд, то рўзи 15 октябр рўзҳои башумор монда ва ҳар дақиқаро онҳое, ки то имрўз силоҳҳои оташфишонро ѓайриқонунӣ дар хонаҳои худ нигоҳ медоранд ѓанимат шуморанд ва беҳтарин фурсати озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятиро аз даст надиҳанд. Боварӣ дорем, ки адолату инсоф ва ақлу хирад бар ҷаҳлу нодонӣ ѓолиб омада, мардум аз пайи зиндагии озоду осуда мегардад, мо медонем, ки мардуми оддӣ то имрўз ҳеҷ гоҳ ба нигоҳдории силоҳи ѓайриқонунӣ ниёз надошт ва надорад. Он силоҳҳо гандум намекоранд, танҳо оташ мефишонанд, ки ба сари мардуми маҳалӣ мусибат ва ѓаму андуҳ меоранд.
Чунин вазъ мардуми кишвар, аз ҷумла моро водор созад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории суботу оромии ҷомеа аҳамияти хосса зоҳир намоем. Мардуми мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро бо айби як гурўҳ шахсони зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ҷумҳурии мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуда буд.
Ҳар кадоми мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, неъмати бузург маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад. Пойдевори давлат бояд мустаҳкам бунёд карда шавад ва он таҳкурсӣ пеш аз ҳама талқини ҳамаҷонибаи ифтихори ватандорӣ аст. Он бояд дар муқобили маҳалгароӣ қарор бигирад, зеро ватандўстӣ ҷавҳари ниҳоист, ки инсонро ба гузаштаву имрўзаи кишвараш ошно месозад ва мепайвандад, ба ояндааш мутмаину дилгарм месозад.
Бо камоли эҳтиром, аз номи 
гурўҳи ҷавонони 
вилояти Хатлон
Азимов Г.
Машарипов Ф.
Собитов С.
Раҳимов М.
Фарҳодов К.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...