(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБегоҳии дирӯз мардуми Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштагӣ аз Рӯзи шаҳр таҷлил намуданд. Тантанаҳои асосии идона, ки дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ гузашт, табъи меҳмонони дохилию хориҷӣ ва сокинони ин шаҳри бостониро болида намуд.

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади иштирок дар чорабинии Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба идгоҳ омада, нахуст аз хаймаи маҳаллаҳо, муасссиҳои таълимию тиббӣ, варзишӣ ва намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд. Растаҳои ҳунармандон шаҳр бозгӯйи он буданд, ки шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна буда, то имрӯз ҳунармандӣ дар маҳаллаҳои шаҳр рушд менамояд. alt Ҳар як маҳаллаҳои шаҳр бо номгуйи ҳунари худ, аз ҷумла: кафшергарон, гулдӯзон, қуроқдӯзон, шифокорон, рӯймолдӯзон, чармгарон, оҳангарон, гаҳворасозон, мисгарон, зардӯзон, пахтакшон, ҷиҳакбофон ва ғайраҳо ном бароварда, дар идгоҳ намунаҳои онро ба маърази тамошо гузошта буданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз хаймаҳои ҳунармандон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати рушд ҳунармандӣ ва барои ба бозор баровардани маҳсули эҷод тадбирҳо андешанд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотии хеш ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд таъкид дошт, ки Хуҷанди куҳан, вале ҳамешаҷавон, ки дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрўз аз марказҳои машҳури илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ва олами мутамаддин ба ҳисоб меравад, бо иқлими хуш, сокинони ҳунарманду меҳмоннавоз таваҷҷўҳи инсониятро ба худ ҷалб мекард ва имрўз низ он ҷаззобиятро нигоҳ медорад. Муаррихону ҷуғрофидонҳо ва сайёҳони асримиёнагӣ Хуҷандро ҳамчун шаҳри саховатмандон, аҳли илму ҳунар, киштзору боғоташ ҳосилхез ёд карда, онро ба иқлими панҷум, ки аз беҳтарини иқлимҳост, мансуб донистаанд. Мувофиқи ахбори донишмандон ва таърихнависон ҳанўз дар замонҳои қадим аз қаторкўҳҳои атрофи Хуршедшаҳр тилло, нуқра, мис, симоб ва навъҳои дигари фулузот истеҳсол карда мешудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, ки шаҳри Хуҷанд бештар бо фарзандони бузургаш - мунаҷҷиму риёзидони забардаст, пешвои донишмандон Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, муҳандиси номвар Умар ибни Ҳоруни Хуҷандӣ, шоиру адибони номвар Зиёуддин Порсии Хуҷандӣ, Собиту Садриддини Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдини Бадеъуддини Нурӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Хуҷандӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо аҳли илму адабаш ифтихор дорад. Дар ахбори сарчашмаҳои мўътамад омадааст, ки дар асри 10, яъне дар давраи шукуфоии давлати Сомониён Хуҷанд бо теъдоди зиёди ҳакимон ва донишварони худ ифтихор дошт. Нақшу нуфузи фозилони Хуҷанд дар ривоҷи илму маърифат ҳамеша вирди забони аҳли донишу фарҳанг буд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар таърихи бошукўҳи тоҷикон ва пешрафти тамаддуни миллии мо шаҳрҳову марказҳои бузург нақши намоён дошта, Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Воқеан, 25 сентябр рўзи шаҳрест, ки онро оламиён «Тирози ҷаҳон» мехонанду он чун шаҳри некўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».

Таърихи ҳар як шаҳр - ин қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърих ва сарнавишти мардумест, ки онро бунёд намудааст. Шаҳр як сайёраи хурдест, ки воқеаву ҳодисоти ҷаҳони атрофро дар худ таҷассум месозад ва ҳар як шаҳри хурду бузург симои хос, хусусият ва сифатҳои нодиру нотакрори худро дорад, ки дар маҷмўъ унсурҳо ва саҳифаҳои шарҳи ҳол ва таърихи онро ташкил менамояд. Хуҷандшаҳр низ бо хусусият ва сифатҳои хосу нотакрори худ аз ин истисно нест.

Вақте ба таърихи беш аз 2500 солаи шаҳри бостонии Хуҷанд назар менамоем дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Хуршедшаҳр», «Арўси дунё», «Беҳҷатмаол» ва «Мумтози шарқу ғарб» ном баровардааст ва дар асоси сарчашмаҳои бостонӣ набераи Каюмарси Одам – Ҳушанг онро асос гузоштааст. Дар замони шоҳи каёнӣ Кайқубод ва дар аҳди Дороб  бошад боз ҳам ободу зебо гардидааст.

Дар асри 4–3-и пеш аз милод юнонию мақдуниён баъди ишғоли Осиёи Марказӣ Хуҷандро бозсозӣ намуда, ба он Александрия Эсхата, яъне Искандарияи Ақсо (Канорӣ) ном ниҳодаанд.

Ба таъкиди Раиси шаҳр Хуҷанд дар баробари фозилону донишмандонаш бо мардони шуҷоъ ва муҳофизони хеш фахр мекунад. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик - намунаи рўҳи шикастнопазир ва садоқати бепоён нисбати халқу Ватан буда, номи ин сарлашкари ҷовидон низ ҳамеша вирди забонҳо мебошад. Шуҷоат ва ҷоннисории Темурмаликро дар баробари абарқудратони ҷодаи ҳаёт чун Спитамен, Маздак, Абўмуслим, Муқаннаъ ва ғайраҳо метавон ном бурд. Зеро Темурмалики Хуҷандӣ аз зумраи ҳамин муборизони зидди истилогарон буд, ки муқобили ҳамлаи ҷаҳонгири хунхор Чингизхон ва сиёсати геносиди ў, ки барои қатли оммаи тоҷикон равона карда шуда буд, ҷангид ва то тавонист онро шикаст дод. Зиндагиномаи Темурмалик барои имрўзиён дарси ҷасорат ва мактаби мардонагист.

Дар маркази шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор гирифтани Хуҷанд сабабгори иртиботи доимӣ ба тамаддуни ҷаҳонӣ ва пешравию рушди маънавию иқтисодии шаҳр гардид.

Тоҷирони маҳаллию хориҷӣ намунаҳои беҳтарини ҳунари мардумиро ба кишварҳои дигар бурда, аз он ҷо низ осори илму тамаддун меоварданд. Имрўз низ ин анъана идома дорад.

Дар даврони шўравӣ низ шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои пешқадами Осиёи марказӣ ба ҳисоб мерафт ва таваҷҷуҳи олимону фозилони оламро бо таърихи бою рангини худ ҷалб менамуд. Ҷашни 2500 солагии Хуҷанди бостон дар соли 1986 яке аз воқеаҳои дурахшони таърихи шаҳр дар китоби сарнавишти он дониста мешавад. Имрўз Хуҷанд фарзандони сарбаланди он замон, чун барқароркунандагони сохти сотсиалистӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, роҳбарону сарварони давр, олимону адибон ва умуман корнамоиҳои мардумро дар ёд дорад ва аҷргузорӣ менамояд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки имрўз Тоҷикистон бо сиёсати созандаю бунёдкорона ва оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари озоду обод ва шукуфою дилрабо табдил ёфт. Дар ин радиф дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд низ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти сарварии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуд.

Фаъолияти самарабахши корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва ҷавобгў ба стандартҳои ҷаҳонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некўаҳволии сокинони шаҳр умед ба ояндаи дурахшон аст.

Имрўз шаҳри Хуҷанд аз лиҳози мақому нуфуз, иқтидори иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ дуюмин шаҳри Тоҷикистон пас аз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе мебошад. Нуфузи сокинони шаҳр сол то сол афзуда, ҳоло ба беш аз 180 ҳазор нафар расидааст.

Дар шаҳри Хуҷанд 4 донишгоҳи олӣ, 5 коллеҷ, 48 муассисаи таълимӣ, 33 кўдакистони давлатӣ, 11 кўдакистони хусусӣ ва 16 муассисаи тиббӣ амал мекунанд.

Имрўз Хуршедшаҳр бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон умуман мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад. Мардуми шарафманди Хуҷанд ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарўзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои дастоварди мо дар чанд соли охир аз он шаҳодат медиҳанд. Махсусан имсол бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 1300 Рўзи ободонию созандагӣ ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр корҳои зиёде рўи кор омаданд, ки мову Шумо шоҳиди ин дастовардҳои бузург мебошем.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба ду нафар фаъоли шаҳр: муаррих Абдуллоҷон Мирбобоев ва рӯзноманигор Мавлуда Шарифзода унвони “Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд” тақдим карда шуд. Дар озмуни “Хаймаи беҳтарин” ҷойи аввал насиби шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд гардида, мақоми дуюмро ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва зинаи сеюмро маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ба даст оварданд.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ табъи ҳозиринро болида сохт. Ҳамзамон ҳунарманди шинохта Далер Назаров бо сурудҳои хеш сокинони шаҳри Хуҷандро бо идашон табрик намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...