(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ба таври амиқ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъвати ташриф ва анҷом додани сафари давлатӣ, инчунин пазироии самимӣ изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Сипас муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб муҳокима карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамеша яке аз ҷойҳои махсуси афзалиятнокро касб менамояд.

Таъкид гардид, ки “Равобити мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз муносибатҳои ҳамҷаворию қаробати халқҳои мо, дӯстии бисёрасра ва эҳтироми мутақобила сарчашма мегиранд. Имрӯз бастаи калони санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд, ки бахшҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро фаро мегиранд”.

“Бешубҳа, дар байни ин ҳуҷҷатҳо аз ҳама муҳим имзои Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ аст, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад. Ин тадбир ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгуйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад” - таъкид доштанд зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус қайд карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо динамикаи мусбии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат аз ду баробар боло рафтани ҳаҷми гардиши мол давоми солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки барои дастгирии минбаъдаи ин тамоюл бояд соҳаҳои тиҷорати ду кишвар диверсификатсия карда шавад. Барои беҳтар намудани шароити фаъолияти сармоягузорони тоҷику ӯзбек бошад, ҳамгироии амиқ лозим аст.

“Иштироки фаъолонаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои миллӣ ва анҷуманҳои соҳибкорон дар ҳудуди ду давлат мусбат ва саривақтӣ аст”, - таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин замина, изҳори эътимод карда шуд, ки намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Форуми муштараки тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ сурат мегиранд, ба густаришу тавсеаи робитаҳои тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои воқеии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа, инчунин равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд.

“Умумияти таъриху анъанаҳо ва ҳамсоягии мардумони мо муносибатҳои зичи фарҳангию гуманитариро аз қабл муқаррар кардаанд. Диаспораҳое, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба муносибатҳои мо хусусияти махсус медиҳанд. Дар робита ба ин, ҷанбаи муҳими ҳамгироӣ дар соҳаи гуманитарӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои аъзои иттиҳодияҳои диаспораи кишварҳоямон мебошад” - таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо мавзӯи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро, ки ба амнияти минтақавию байналмилалӣ халал ворид месозанд, муҳокима карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба вазъияти Афғонистони барои ҳар ду давлат ҳамсоя зоҳир карда шуд.

Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти вусъати минбаъдаи кӯшишҳои ҳамаҷонибаи рушди комили ҳамкории минтақавӣ, таҳкими фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақаро таъкид намуданд.

Рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо, муҳим арзёбӣ карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...