(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир ба ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳоронаи соли 2018 бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раисони кумитаи маҳаллаҳо, кормандони комиссариати ҳарбӣ, аъзои комиссияи даъвати ҳарбӣ ҷаласа баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро оғоз бахшида, гуфт, ки ҳадафи баргузории ин нишаст таҳлили ҳамаҷонибаи кори Комиссияи шаҳрӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, мушкилот ва тарҳрезии нақшаи дурнамо мебошад.

Сипас, раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода аз фаъолияти комиссия маълумот дода аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷиҳати таъмини Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 12 марти соли 2018, №1036 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000» altва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 20 марти соли 2018, №160 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1991 – 2000 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел – майи соли 2018» аз 2 апрели соли 2018 то 31 майи соли 2018 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» силсилаи чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баҳри иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар давраи омодагӣ ба даъвати баҳоронаи соли 2018 22 нафар ҷавонони синну соли даъватӣ ба мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд ҷалб карда шуда, 21 нафари онҳо ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд. Дар рафти маъракаи даъвати баҳоронаи соли 2018 раисони кумитаи маҳаллаҳои Чорчароғ, Тиллокон, Сайҳун, Мевағул, 1-Май, Сирдарё, Суғдиён, Бофанда фаъолона иштирок намуда, пеш аз мўҳлати муқарраргардида нақшаи даъватро иҷро намуданд.

Хайрулло Ғайбуллозода гуфт, ки мутаасифона дар маъракаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баъзе аз раисони кумитаи маҳаллаҳо, ба монанди кумитаи маҳаллаҳои Содирхон Ҳофиз, Сари Баландӣ, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Қорираҳмат Қурбонов, Темурмалик, Ваҳдат, Чашмаи Арзана нақшаи даъватро нисбатан дертар иҷро намуданд. Инчунин кумитаи махаллаҳои Навбаҳор ва Тути Калон аз ўҳдаи иҷрои нақшаи даъват баромади натавонистанд. Барои дар мўҳлати муайянгардида иҷро накардани нақшаи даъват раисони кумитаи маҳаллаҳои номбаршуда огоҳонида шуданд. Ҳамаи ин боис гардид, ки дар маҷмўъ шаҳри Хуҷанд нақшаи даъвати баҳоронаро пеш аз мўҳлат иҷро намуда бошад ҳам, нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят он дертар амалӣ гардид.

Сипас, комиссари ҳарбии шаҳр полковник Абдушаҳид Ниёззода баромад намуда, аз муаммову мушкилоти сафарбарномаии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва бетарафии бархе шаҳрвандону шахсони мансабдор изҳори нигаронӣ намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти сусти комиссияи даъвати ҳарбӣ интиқод намуда, ба масъулин ҷиҳати ҳалли он дастуру супоришҳо дод. Таъкид шуд, ки рӯйихати ягонаи мукаммали ҷавонони синни даъват мураттаб ва аз рӯйи он корбарӣ карда шавад. Фаъолияти комиссияи даъватии тиббӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти камранги кумитаи маҳаллаҳо изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки раисони кумитаи маҳаллаҳо бо ҳамроҳии раисони шўроҳои кор бо ҷавонон, занон, аъзоёни кумитаи маҳаллаҳо, кормандони масъули комиссариати ҳарбӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, шахсони мутасаддии омўзишгоҳҳои касбӣ, коллеҷҳо, донишгоҳҳои олӣ ва умуман роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ҷиҳати посдории Ватан, худшиносиву худогоҳӣ, хештаншиносӣ бояд ҷоннок намоянд. Зеро, агар ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ташкилоту муассисаҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва комиссариати ҳарбӣ ба роҳ монда шавад, имконият ба даст меояд, ки дар оянда иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таъмин гардад.

Шаҳрдор таъкид намуд, ки барои ҷалби таҳсили ройгони ҷавонони синни даъват ба мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд корбариро вусъат бахшид. Мутаасифона то имрӯз ҳамагӣ 25 нафар шунавандагони ин мактаб ҷалб гардидаасту халос. Ин дар ҳолест, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои таҳсили ройгони ҷавонон беш аз 100 адад ҷой ихтисос дода шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласа аз комиссияи шаҳрӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул даъват ба амал овард, ки минбаъд барои бо омодагии баланд гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳонаи соли 2018 тадбирҳо андешанд.

Сипас, аз тарафи Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ба як қатор фаъолон сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...